ХАБАРИ ДОҒ

Сипоси Авазхон Кабиров аз Рамазон Раҳимзода

  • Панҷшанбе, Янв 28 2021

 

25.01.2021. Субҳ бозори «Султони Кабир» оташ гирифт. Тавре дар сӯҳбат бо СССР, Авазхон Кабиров-муассиси бозори мазкур изҳор дошт, «бар асари ин оташрезӣ, ки дар яке аз дӯконҳои фурӯши маводи барқӣ (электротовары) сар зад, 29 мағоза сӯхта, 31 соҳибкор зарар дид. 

Сӯхтор, саҳар, ҳини ба кор даровардани барқафзо-рубилник рух додааст. Дӯконҳои мазкур дар 2 қатори таги навес ҷо доштаанд, ки он ҷо усулан ноқилҳои барқ ва ашёи электрикӣ мефурӯхтаанд. Резини гофра, ки барои печонидани ноқилҳо ва нагузаронидани қувваи барқ аст, мисли резин сӯхтаву аз 1 дӯкон ба дигараш асар кардааст. Сӯхтор 1,5 соат давом карда, бо кӯмаки хадамоти сӯхторнишонии пойтахт, фурӯ нишаст».

Шоҳидон мегӯянд, баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро шахсан ба ин мавзеъ ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.

Дар зимн, Авазхон Кабиров аз номи тамомии соҳибкорони бозори «Султони Кабир» ба раҳбарияти ВКД ва хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ изҳори сипос намуда, афзуд «агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВКД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори «Султони Кабир» вуҷуд дошт. Сипос ва раҳмати калон ба ҳама сӯхторхомӯшкунон ва кормандони милиса, ки ҷонашонро дар хатар гузошта, моликияти соҳибкоронро наҷот доданд».

 

Ҷ. Мақсуд, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter