ХАБАРИ ДОҒ

Овозаҳо кай ба охир мерасанд?

  • Чоршанбе, Фев 03 2021

Хайрандеши Абубакр, хонанда ва мухлиси газетаи мардумии СССР аз ш.Кӯлоб занг зада (тел: 915 44 34 12) гуфт, ки мақомот бояд пеши овозаҳоро гиранд:

   - Дар 1 рӯз агар бо 20 нафар ҳамсояву дӯст рӯ ба рӯ гардам, ҳама аз қимативу баста будани парвозҳо, бахусус роҳи муҳоҷират ба Россия шикоят мекунанд. Зан ва мардҳои лаби об бошанд, овозаҳои гуногун паҳн мекунанд. Гӯё кадом 1 тағояшон аз мақомот хабар дода бошад, ки “ҷиян баъди 2 рӯз роҳҳо миёни Тоҷикистон ва Россия кушода мешавад”. Медонам ин ҳама овозаҳо ба гӯши мақомот кайҳост, ки расидааст, аммо аз касе ишора нест. Чаро мардум бо роҳи ғайриқонунӣ ба Россия мераванду ҳама тамошо доранд? Зиёда аз 20 маротиба ваъдаҳои холиро оиди кушодашавии роҳҳо аз сомонаҳо мутолиа намудем, лекин ҳеҷ натиҷаашро надидем. Мутасадиён, хоҳиш, дарди маро дарк кунед, зеро ин дарди ҳамаи ҷомеъа аст. Ман ҳеҷ ҷизи зиёдатӣ талаб надорам, танҳо мардумро дар ин рӯзҳои сахт дастгирӣ кунеду ба овозаҳо расидагӣ...

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter