ХАБАРИ ДОҒ

Кор дар мақомот-пас аз хизмат!

  • Чоршанбе, Фев 03 2021

 

Баъд аз 13 соли ҳарби тан ба тан бо бюрократияи низомӣ мо пирӯз омадем: Хизмат дар Армия авлавият ва имтиёз ёфт. Мо Метавонем!

Намояндагони Парлумони кишвар рӯзи 20.01.2021 тарҳи қонуни нави ҶТ «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ»-ро қабул карданд. Дар асоси тағийротҳои нав ҳамакнун ҷавонон метавонанд бо пардохти маблағ, ки ҳанӯз миқдораш муайян нашудааст ва дар салоҳияти Ҳукумати ҶТ мебошад, пас аз тамрини 1 моҳа соҳиби билети ҳарбӣ гарданд. 

Воқеан ҳам СССР пешниҳод дорад, маблағи бозхарии сарбоз аз Артиш хеле гарон шавад. Зеро нафаре метарсаду Армия намеравад, мемураду маблағ мебояду ҷонашро халос мекунад.

Прокурору милиса шуданиӣ, марҳамат ба Армия!!!

Бар асоси муҳимтарин тағйироти воридшуда ба қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ, минбаъд ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хизмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ шуда, ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро қабул карда мешаванд. Яъне, он чизе, ки газетаи мардумии СССР тӯли 13 соли дароз мегуфт, ахиран, имрӯз баррасӣ, пазируфта ва қабул гашт. Мо Метавонем!

Вале дар зимн, бояд коре кард, ки прокурору милисаву коррупсия… роғе ёфтаву гулбаччаҳои худро бе адои хизмат ба мақомот шомил накунанд. Зимнан, бояд мушаххас кард, ки «негодный»-ҳо ва онҳое, ки маблағ пардохтаву ҷонашонро аз Армия халос кардаанд, ҳаргиз ба ин ниҳодҳо надароянд!

Мӯҳлати хизмат бе тағйир

Бар хилофи пешгӯӣ ва интизориҳо, дар тарҳи қонун мӯҳлати хизмати ҳарбӣ кам карда нашуд. Коршиносон тавассути саҳифаҳои интернетӣ ва фейсбук пешниҳод карда буданд, ки мӯҳлати хизмати ҳарбӣ аз 2 то ба 1-1,5 сол кам карда шуда, хизмати алтернативӣ ҷорӣ кунанд, аммо дар тарҳи қонуни нав ин пешниҳодҳо матраҳ нагардиданд. СССР низ ба ин тарҳ мувофиқ аст. Зеро дар 1 сол солдат чизеро намеомӯзад! Аз хизмати 1-сола дида, хидмат накардан беҳтар аст. 

 Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи ҶТ зимни баррасии ин қонун гуфтааст, ки тартиби нави хизмати ҳарбӣ метавонад, сафи ҷавононро дар нерӯҳои захиравӣ бештар кунад. Ҳар шахсе, ки бо пардохти маблағ аз хизмат озод шуд, сарбози захиравӣ ба шумор меравад. 

Инҷо суоле пеш меояд, ки оё ин кор коррупсияро дар артиш афзун намекунад? Зимнан, СССР пешниҳод дорад, ки маблағи ҷамъшудаи «хидматгурезӣ» бояд шафоф бошаду аз ин пул танҳову танҳо тиру тӯпу муҳимоти ҷангӣ харидорӣ шавад!

 Облава нест мешавад???

 Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси тоҷик дар робита ба ин тағийротҳо мегӯяд, ки мақсади асосӣ дар он нест, ки хизмат пулакӣ шаваду ҳар касе қудрати пардохти онро дорад, бо додани пул худро аз хизмат озод кунад. Мақсад он аст, ки ин маблағ барои беҳтар намудани шароити сарбозон равона гардад. Дигар ин, ки минбаъд ҷавонон дар мавсими даъват ба артиш пинҳон шуда намегарданду озодона аз пайи таҳсилу кор мешаванд. Бо ин роҳ «облава» аз байн рафта, вазъи иқтисодии қисмҳои ҳарбӣ рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард. Умедворем ҳамин тавр ҳам шавад!

СССР

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter