ХАБАРИ ДОҒ

Манъи вуруди нақлиёти музофотӣ ба Душанбе!

  • Чоршанбе, Фев 10 2021

 

Ҳамарӯза ба пойтахт аз 8 дарвозаи он 141 ҳазор мошин ворид мешавад. Дар ҷамъ 86 931 адад воситаи нақлиёт дар ш.Душанбе фаъолият дорад. Теъдоди аз ҳад зиёди воситаҳои нақлиёт боиси сар задани тамбашавӣ гашта, барои ҳаракати бемонеаи нақлиёти ҷамъиятӣ халал ворид месозанд. Хабарнигори СССР мавзуъи фавқро пайгир шуд. Мо Метавонем!

  Бо Қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14.12.2020 таҳти № 642 аз 1 январи соли 2021 вуруди нақлиёти мусофирбар ба ҳудуди ш.Душанбе аз самти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакиву Файзобод, водии Рашт, шаҳрҳои Ваҳдату Роғун ва минтақаи Кӯлоб манъ карда шуд. Вале бо чашми сар мебинем, ки пойтахт то ҳоло пур аз нақлиёти музофотист. 

Воқеан ҳам агар моҳе қабл аз назди бозори «Корвон»-у Маркази ташхиси автомобилӣ ба самти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рафтан осон буд, имрӯз дар ин таваққуфгоҳҳо, ки аслан ғайриқонунианд, мошин пайдо кардан мушкил шудааст. Ронандаву корафтодаҳо мегӯянд, ки агар ба Кӯлоб рафтанӣ шудед, ба терминали «Шарқ-транс»-назди дарвозаи самти ш.Ваҳдат равед, ҳоло мошинҳо аз онҷо равуо доранд. Нишона Рустамова, сокини ш.Кӯлоб ва хонандаи доимии мо бар ақидааст, ки нақлиёти ҷамъиятии байнишаҳрӣ бояд танзим шуда, тартиби муайян дошта бошад.

   - Шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат аст ва ҳамарӯза нақлиёти зиёди мусофирбар аз 4 самти он ворид мешаванд. Вале дар Душанбе ҳам мисли шаҳрҳои калон бояд одоби шаҳрдориву шаҳрнишинӣ риоя шавад-мошинҳои бегона дар терминалҳои наздишаҳрӣ ист карда, ба шаҳр дохил нашаванд. Ба назари ман дар пойтахт фақат бояд мошинҳои тозаву зебо ва ронандаҳои олуфта кор кунанду сари чамбараки воситаи нақлиёт бишинанд. Пойтахт бояд аз дигар минтақаҳои кишвар фарқ кунад, - қайд мекунад Нишона Рустамова.

Аҳмади Рӯзибек, хонандаи дигари мо бошад мегӯяд, ки тағйиротҳои нав баръакс бар зарари ронандаҳои мусофиркаш аст, ки аллакай мизоҷони ҳамешагии худро пайдо намуда, мардумро аз Ховалингу Балҷувону Панҷу Темурмалик то ба дари хонаҳояшон меоварданд.

   - 1 сол шуд роҳу марзҳо баста буда, мардуми аз Россия омада худро ба кирокашӣ задаанд ва бо ин роҳ нони худро меёбанд. Теминалҳои байнишаҳрӣ аз марказ дур буда, мизоҷон ба онҷо намераванд, мардум одат кардааст, ки мошин аз дари хона омада бараду то дари хона оварда расонад. Гушна ба шер мезанад ва ронанда ҳатман боз роҳи дигарро барои ба даст овардани мизоҷ меёбад, - иброз медорад мавсуф.

Мақсад-коҳиш додани шиддатнокӣ ва танзим!

    Юсуф Эмомзода, сардори Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар ш.Душанбе дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР таъкид намуд, ки қарори мазкур бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба ҳудуди ш.Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба низом даровардани фаъолияти нақлиёти мусофирбарӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар ҳудуди пойтахт буда, дар тӯли 1 моҳи гузашта дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.

   - Воситаҳои нақлиёти истифодаи умуме, ки аз самтҳои Ваҳдату Роғун, н.Файзобод, водии Рашт ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон тавассути дарвозаи шарқӣ ворид мешаванд, ҷои ҷойгиршавиашон дар терминали мусофирбарии «Шарқ-Транс» муайян шудааст. Мусофирбароне, ки аз тарафи н.Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон тавассути дарвозаи ҷанубӣ дохил мешаванд, бояд дар терминали мусофирбарии ҶСП «Тоҷиквнештранс» таваққуф намоянд-афзуд Юсуф Эмомзода.

 141 000 нақлиёти бегона дар 1 рӯз!

   - Бубинед, аз рӯи омори мо ҳамарӯза ба ҳудуди пойтахт аз 8 дарвозаи он 141 ҳазор воситаи нақлиёт ворид мешавад. Ба ғайр аз ин шумораи воситаи нақлиёти воқеӣ 74 319 адад, воситаи нақлиёти ҳуқуқӣ- 12 612 ададро ташкил медиҳад, дар умум бошад 86 931 адад воситаи нақлиёт дар ш.Душанбе фаъолият мекунад. Теъдоди аз ҳад зиёди воситаҳои нақлиёт боиси сар задани тамбашавӣ гашта, барои ҳаракати бемонеаи нақлиёти ҷамъиятӣ халал ворид месозанд. Дар ҳар шаҳр нақлиёти №1 ин нақлиёти ҷамъиятӣ-автобусу троллейбус буда, мардум бояд аз он истифода кунанд, на таксиву мусофиркашҳои ғайриқонунӣ, - таъкид медорад сардори Шуъбаи БДА дар ш.Душанбе.

Ҳаёти мусофир дар дасти мусофир!

   Масъалаи муҳиме, ки имрӯз кормандони БДА-и пойтахтро нигарон кардааст ин шумораи зиёди таксиҳои ғайриқонунист. Юсуф Эмомзода бар он ақидааст, ки мусофир бояд худ интихоб кунад, ки дар кадом воситаи нақлиёт сафар карданаш бехатар аст.

-Имрӯз дар ш.Душанбе 11 ширкати таксӣ фаъолият дошта, ҳамарӯза 2736 адад таксиҳои давлатӣ ба кор мебароянд. Дар баробари ин 16 корхонаи хусусии нақлиётӣ ҳамарӯза ба 41 хатсайр 1654 адад микроавтобус мебароранд. Шумораи автобусу троллейбусҳо дар умум аз 200 адад меафзояд ва ин теъдод талаботи рӯзонаи сокинони шаҳрро метавонад пурра қонеъ намояд. Мусофир худ бояд интихоб кунад, ки дар кадом воситаи нақлиёт сафар мекунад-мошину ронанда бояд тозаву озода бошанд, воситаи нақлиёт аз муоинаи техникиву ронанда аз муоинаи тиббӣ гузашта ва аз ҳама муҳим воситаи нақлиёт бояд рақами зарди «ТТ», ки барои мусофиркашонӣ пешбинӣ шудааст, дошта бошад. Дар воситаҳои нақлиёти кирокаши ғайриқонунӣ фаъолият менамуда кӣ кафолат дода метавонад, ки он мошин хубу ронандааш сархушу масту ҷинояткор нест? Алалхусус, дар воситаҳои нақлиёти мусофиркаши байнишаҳрӣ! - таъкид медорад Юсуф Эмомзода.

Таваққуфгоҳ-мушкили №1

  Агар аз 1 тараф вуруди бешумори воситаҳои нақлиёти мусофиркаш аз 4 самти пойтахт тамбашавӣ эҷод кунад, аз тарафи дигар таваққуф ё исти ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт барои кормандони БДА проблема шудааст.

   - Назди вазорату корхонаву идораҳо, марказҳои савдою бозорҳо ба таваққуфгоҳ мубаддал шудааст. Кормандоне, ки бо мошин ба кор меоянд, воситаи нақлиёти хешро аз субҳ то шом дар назди идора мегузоранду парвои ронандаҳои дигар надоранд. Маълум аст, ки онҳо бо гузоштани мошинҳои худ хатти якуми ҳаракатро банд мекунанд ва нафари дигар маҷбур аст мошини худро дар хатти дуюм гузорад. 2 хатти банди роҳ аллакай боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт мегардад. Чаро идораҳо барои кормандони худ таваққуфгоҳ намесозанд? - иброз медорад мавсуф.

Ба гуфтаи кормандони БДА-и пойтахт тамбашавии воситаи нақлиёт ҳамарӯза аз соати 7:20 то 9-и субҳ ва аз соати 17:00 то 19:00 бештар аз ҳама дар кӯчаҳои Айнӣ, Ҷ.Расулов, Н.Махсум, Н.Қаробоев, Борбад, хиёбонҳои С.Шерозӣ, Ҳ.Шерозӣ, И.Сомонӣ пеш меоянд ва сабабаш ҳамон анбӯҳи бузурги воситаҳои нақлиёти воридшаванда мебошанд, ки субҳ ба пойтахт омада, шом бармегарданд.

Фарҳанги ронандагӣ мелангад!

   Боиси таассуф аст, ки фарҳанги ронандагӣ имрӯз ба маротиб коҳиш ёфтааст. Зеро агар ронандаҳо ҳангоми ҳаракат ҳамдигарро эҳтиром кунанду якдигариро пеш гузаронанд, «буқкачагариро» бас кунанд, дар пробка ба самти муқобил давида набароянд, ба дигар авто имкони манёвр диҳанд, он гоҳ дар кӯчаҳои пойтахт на тамбашавӣ пеш меояду на шиддатнокӣ. Пойтахти мамлакат бояд аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо одобу фарҳанги воло фарқ кунаду сокинону меҳмононаш мафҳуми шаҳру шаҳрнишиниро дарк намоянд. 

Фарзи мисол, боре бо мошини редаксия аз пайи гузорише мерафтем, ки наздики Пайкар, шафати Раёсати милисаи пойтахт, ронандаи 1 таксии байнишаҳрии Опел, бо рақамҳои музофотӣ, дар маркази роҳ ист фармуда, сарашро то миён берун бароварда, 30 сония бештар…нос туф карду сипас даҳонашро бо бақлашка «чайқа» намуд. Ҳамин фосила бас буд, ки тамбашавӣ шуруъ шавад. Зимнан, чун дар хориҷи кишвар БДА бояд носу сигоркаширо низ дар нақлиёти ҷамъиятӣ манъ кунад! Чунин ронандаҳо ҳатман ҷарима шаванд. Ва агар таксистанд, аз кор хориҷ. Мегӯед кори ношуданист?  Кӯшиш кунем-мешавад!

  Мо Метавонем!!!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

   

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter