ХАБАРИ ДОҒ

Масҷидҳо боз шуданд, аммо...

  • Чоршанбе, Фев 10 2021

 

 

1.02.2021 дари масҷидҳои ҷомеъ барои намозгузорон кушода шуданд. Албатта дар қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ барои фаъолияти масҷидҳо 1 зумра шартҳо низ тавсия шуда буд,ки дар сурати риоя нашудани онҳо масҷидҳоро метавонанд дубора банданд. Тибқи қарори Ситод, ҳар масҷид бояд қоидаҳои беҳдоштӣ (пӯшидани ниқоб, риояи фосила миёни намозгузорон ва ғай.)-ро риоя кунад ва назорати иҷрои ин қарорро Кумитаи дин дар якҷоягӣ кормандони масоҷид ба ӯҳда гирифтааст. Дар рӯзи аввали ифтитоҳи масҷидҳо пас аз 10 моҳи таваққуф мо тасмим гирифтем ба масҷид рафта, ҳам намоз гузорем ва ҳам бубинем, ки тавсияҳои Ситод дар асл чӣ гуна риоя мешаванд. Ррррафтеммм!

Бомдоди “Мехкалона”

1.02.2021. Соат бо вақти Душанбе 5:30 дақиқа. Барои адои намози бомдод ба масҷиди Мехкалонаи маҳаллаи 112-и пойтахт рафтем. Мардуми намозгузор ифтитоҳи масоҷидро бо хурсандӣ истиқбол карда, ба ҳамдигар шодбош мегуфтанд. Рӯҳияи аҷибе ҳамаро фаро гирифта буд. Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ низ дар ин масҷид хуб ба роҳ монда шудааст. Дар дари даромадгоҳ, кормандони масҷид бо маҳлули антисептик дастони ҳамаро безарар мекарданд ва пӯшидани ниқоб низ ба пуррагӣ риоят мешуд. Албатта, дар риояи масофа, каму костҳо вуҷуд доштанд, аммо имомхатиб ба амри маъруфи кӯтоҳе аз мардум хост, масофаро риоя кунанд ва ин мушкил низ ҳаллу фасл гардид. Дар умум, намоз дар масҷиди Мехкалона бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид.

Пешин дар “Қаламишкор”

1.02.2021. Соат бо вақти Душанбе 12:50 дақиқа. Барои адои намози пешин ба масҷиди Қаламишкор омадем. Ин масҷид дар наздикиҳои Текстил воқеъ гардидааст ва аксари намозгузоронаш ӯзбекзабонҳо мебошанд. Дар ин масҷид низ намозгузорон аз ифтитоҳи масҷид табли шодӣ мезаданд. Қоидаҳои беҳдоштӣ низ то ҷое риоят мешуд, вале нопурра! Дар дари масҷид антисептик ва табсанҷ мавҷуд буд ва ниқоб ҳам ҷиддӣ назорат мешуд. Аммо фосила каме мушкил дошт. Инҷо низ имомхатиб ҳангоми амри маъруф аз қоъидаҳои беҳдоштӣ сухан гуфт ва мардумро ба риояи онҳо даъват кард. Аммо мардум фосиларо риоя надошт, ки надошт. Чунин бетартибӣ дақиқан ба ривоҷи пандемия меорад! 

Амри маъруфи муфтӣ ва намоз дар таҳхона

1.02.2021. Соат ба вақти Душанбе 12:48 дақиқа. Хабарнигори дигари мо дар Масҷиди марказии ш.Душанбе буд. Тавре мушоҳида намудем аксарияти мардум бо чеҳраи кушоду хандон даруни масҷид даромада истодаанд. Аз сабаби он, ки ҳама қисматҳои масҷид танҳо дар рӯзҳои намози ҷумъа пур мешаванд, намози пешинро дар ин масҷид дар таҳхона адо карданд. Дар даромадгоҳи асосӣ чанде аз масъулини масҷид истода буданд, ки мардумро бе ниқоб иҷозати дохил шудан намедоданд ва ҳарорати намозхонҳоро санҷида, пасон бо маҳлули антисептикӣ дастонашонро шуста, вориди масҷид мекарданд. Ҳатто аз мардум талаб мекарданд, ки аз ин ба баъд ҳар нафар бояд ҳамроҳаш ҷойнамоз дошта бошад. Дар дохили масҷид барои нигоҳ доштани фосилаи байни ҳамдигар ҳангоми адои намоз баъди ҳар 30 см нишонаи сабз гузошта шудааст. То он вақте, ки намози фарзи пешин оғоз гардид, муфтии ҶТ Саидмукарам Абдулқодирзода каме “амри маъруф” намуданд, ки он танҳо аз фаҳмондадиҳии қонунҳои нави масҷид иборат буд. 

Яъне ӯ бори дигар таъкид намуд, ки намозгузорони муҳтарам бояд барои пешгирии вируси КОВИД ва эмин нигоҳ доштани дигарон ҳамаи қонунҳои муайяншударо риоя кунанд. Зеро дар ҳолати риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ эҳтимол аст, ки масҷидҳоро дубора банданд. 

Мардум ҳам гӯиё ин ҳамаро мефаҳмид, вале то баргузории намози ... фарзӣ. Бовар кун, хонанда, ҳамун доду фиғони эмом-хатибони ҷаВс-ҷаВскуни ҷамъият чунон асар кардааст, ки одамон бе ягон сухан чунон фосиларо танг мекарданд, ки шайтон 1 сӯ КОВИД байнашон намедаромад...

 Мушкили асосӣ-фосила!

Ба мушоҳидаи мо, риояти фосила яке аз мушкилоти асосии масоҷид хоҳад шуд ва масъулини Кумитаи дин ва масҷидҳо бояд ба ин нуқта таваҷҷӯҳи хосса намоянд. Албатта, дар ин рӯз мардуми зиёде барои адои намоз наомада буд, аммо дар рӯзҳои ҷумъа, ки теъдоди намозгузорон зиёд мегардад, ин мушкил метавонад дардисарсоз бошад. 

Шералӣ Давлат, Адҳам Сабурӣ, СССР

 

Дар ҳамин маврид

 Алӣ Беспредел, 1 ҷавонмарди шуҷоъ, барои нахустин бор ба масҷиде воқеъ дар ш. Кӯлоб меравад. Муаззин новобаста ба пандемия пайваста садо медод, сафҳоро ҷаВс-ҷаВс кунед ва мардум якдигарро тела дода, ҶАВС мешуданд. Алӣ мепурсад, чаро чунин мавқеи ҳамдигариро танг доред, ки мулло мегӯяд, зеро ба байнатон шайтон надарояд! 

Алӣ ҷойнамозашро таҳ кардаву таки каш гузошта, аз сафи танги ҷамият  мебарояду роҳравон мегӯяд:

-Агар ин ҷо макони шайтон бошад, ман дигар наомадам!!! 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter