ХАБАРИ ДОҒ

Ширкатҳои ҳоҷибар ё бозори бе рақобат?

  • Панҷшанбе, Фев 25 2021

 

Садҳо ҳазор нафар ҳаҷҷи умра ва фарзиро поин овардаанд, вале муаммобарангез аст, ки танҳо 2 ширкат онҳоро мебаранд. «Ин ҷо сирре нест!», мегӯянд масъулини Кумитаи дин. Вале мо шубҳа дорем. Ва мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

3273 ҳоҷӣ дар соли пандемия

Анҷоми фарзи Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал 1 бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ барои анҷоми он, фарз шудааст. Дар қатори ҳаҷи фарзӣ, ҳаҷҷи умра низ вуҷуд дорад ва бисёре аз мусалмонони кишвари мо ба ин ҳаҷ, ки дастрастар ва бидуни “через”-у навбатпоист, мераванд. Албатта, Умра, ҳаҷҷи фарзиро аз гардани зоирон соқит намекунад, вале бисёриҳо ба далели гаронтар будани нарх ва ҳам хеле тӯлонӣ будани навбати хоҳишмандони ҳаҷҷи фарзӣ, ки дар рӯзҳои иди Қурбон анҷом мешавад, ҳаҷҷи умраро интихоб мекунанд. Тибқи иттилои Кумитаи дин ва танзими расму ойини назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта, то басташавии дарҳои Каъба, 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷҷи умраро анҷом додаанд. 

Вале бо ин ҳама ниёз ба ин зиёрат, дар Тоҷикистон танҳо 2 ширкати ватанӣ – “Расул сохтмон” ва “Ормон” ба бурдани зоирон ба Маккаву Мадина машғуланд. Ширкати “Расул сохтмон” соли 2008 таъсис ёфта, дар баробари фаъолият дар бозори сохтмон, дар риштаи саёҳат ба хориҷ аз Тоҷикистон низ кор мекунад. Ин ширкат аз соли 2009 аз сӯи Кумитаи дин, ба унвони ширкати масъули таъмини сафари зоирони тоҷик ба ҳаҷ интихоб шудааст. Соли 2018 ширкати дигари ватанӣ бо номи “Ормон” ба ин бозор ворид шуд ва Кумитаи дин ба он ҳам иҷозаи фаъолият дар ин самтро дод.                          

Монополистони ҳаҷ

Ин ки чаро танҳо ин 2 ширкат ба ин кор муваззаф гардидаанд, саволҳои зиёдеро дар зеҳни мардум эҷод кардааст. Дар ҳоле, ки умури ҳаҷҷи фарзӣ дар Тоҷикистон ба ӯҳдаи Кумитаи дин вогузор шудааст, дар бештари кишварҳо ташкил ва хизматрасонии ҳаҷи фарзӣ ва умраро ширкатҳои хусусӣ ба ӯҳда доранд. Барои мисол дар Қазоқистон 18 ширкати хусусии сайёҳӣ ба зоирони қазоқ дар зиёрати Маккаву Мадина хизмат мерасонанд. Ва ин дар ҳолест, ки сафи қазоқони ҳаҷрав садҳо карат аз мо камтар аст!

Фарзи мисол, соли 2019, ҳудуди 5000 сокини Тоҷикистон ҳаҷҷи фарзӣ анҷом доданд. Нархи ҳаҷҷӣ фарзӣ  35 ҳазору 128 сомонӣ (зиёда 3,5 ҳазор $) ва нархи ҳаҷҷи умра бошад, дар ширкати “Расул сохтмон” 2100 долларро ташкил дода буд. Ба маблағи сафари ҳаҷ, аз ҷумла, роҳкиро, будубош дар меҳмонхона, 3 вақт хӯрок, қурбонӣ, авоид (як навъ пардохти боҷӣ), нақлиёт, хизматрасониҳои Мино, Арафот, Муздалифа, 5% андози аз ҷониби Арабистони Саудӣ муайянгардида ва хизматрасониҳои дигар дохил мешаванд. 

Ҳақиқат ин аст, ки ширкати “Расул сохтмон” воқеан ҳам сафари зойиринро комилу роҳат роҳандозӣ мекунад. Дар бораи “Ормон” мо иттилоъе надорем. Вале сухан сари монополия меравад!

 6000 квота ва 22 миллион доллар

Имсол ба гуфтаи Кумитаи дин, тарафи Арабистони Саъудӣ барои Тоҷикистон 6000 квота ҷудо кардааст. Ногуфта намонад, ки маблағи умумие, ки зоирони тоқик ҳар сол, барои сафари ҳаҷ харҷ мекунанд, ҳудуди 22,2 миллион долларро ташкил медиҳад.

Вале Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳанӯз на баргузории худи ҳаҷ ва на нархи расмии сафари имсола ба Ҳаҷҷи фарзӣ ва умраро эълон накардааст. Ба гуфти раиси ин ниҳод,  Сулаймон Давлатзода, нархи ҳаҷро Арабистони Саъудӣ муайян мекунад ва ин кишвар ҳанӯз тасмими ниҳоиро бобати баргузории ҳаҷҷи имсола нагирифтааст. Бобати умра бошад, Тоҷикистон дар листи кишварҳои сабз қарор дорад ва тарафи Арабистон ба омадани ҳоҷиёни тоҷик иҷозат дода буд. Онҳо мебоист аввали моҳи январ ба Арабистон мерафтанд. Аммо баъди зуҳури вируси нави англисӣ, Саъудӣ 2-бора вуруди ҳоҷиёнро ба кишвараш манъ кард ва зойирони тоҷик қарор аст моҳи март, озими амокини муқаддас шаванд.  

 Чаро нархи ҳаҷҷи мо гарон аст?

Бо вуҷуди ин, дар ҷомеъаи Тоҷикистон нархи сафари ҳаҷро зиёд ба баҳс мекашанд ва мегӯянд, сафар ба Маккаву Мадина аз Тоҷикистон, барои мисол, нисбат ба ҳамин сафар аз Қирғизистон ба маротиб гаронтар аст. Ва ин аст, ки аксари сокинони вилояти Суғд талош мекунанд, тавассути Қирғиз ба ҳаҷҷ раванд-ҳам арзон асту ҳам навбат кам! Кумитаи дин, далели гаронии сафари ҳаҷ аз Тоҷикистонро нисбат ба Қирғизистон, дар чанд сабаб унвон карда буд. Масъулини ин кумита гуфта буданд, ки зойирони тоҷик ба фарқ аз зойирони қирғиз, ки дар маконҳои хайриявӣ ҷой карда мешаванд, дар меҳмонхонаҳои “барҳаво” дар наздикии масҷиди Ҳарам маскан мегиранд ва суғуртаву хидматрасонии тиббӣ ва таъмини либосу ҷузвдонашон ҳам аз ҳисоби пули сафари онҳост. Далели дигари масъулини Кумита дин, давраҳои омӯзишии аҳкоми шаръии ҳаҷ ба зойирони тоҷик унвон гардида буд. 

Дар ҳар сурат ин сабабҳои овардаи Кумитаи дин андаке шубҳабарангезанд. Аввал ин ки ҳоҷиёни мо дар меҳмонхонаҳои 5-ситорадор намезиянд, ки нархаи ҳаҷ ин қадар фарқ кунад. Дуввум ин ки роҳ мисли Росиия дароз нест, дар ҳоле ки аз Русия низ нархи ҳаҷ гаронтарак аст. Ва аз ҳама охир: магар мусалмонони мо дар нисбат ба қирғизҳо хеле аз дин дуртараканд, ки онҳоро бо пули гарон боз дарс ҳам меомӯзанд? Суолоте, ки аз Кумитаи дин посухи дақиқ металабад.  

Мо ва ҳамсояҳо

Аммо саволе, ки дар зеҳни хонанда пайдо мешавад ин аст, ки чаро ҳамасола нархи хизматрасонии сафари ҳаҷ гарон мешавад? Бино ба маълумоти Кумитаи дин, нархи хизматрасонии сафари ҳаҷ дар соли 2016 - 28 ҳазору 649 сомонӣ (ҳудуди 3000 доллар), соли 2017 - 33 ҳазор сомонӣ (3670 доллар) соли 2018 - 33 ҳазору 410 сомонӣ (ҳудуди 3720 доллар) ва соли 2019 - 35 ҳазору 128 сомониро ташкил додааст. Бо ин вуҷуд дар Кумитаи дин мегӯянд, ки нархи сафари ҳаҷ ҳамасола бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мешавад. Аммо қимати сафари ҳаҷ дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ ба мароиб аз Тоҷикистон арзонтар аст. Барои мисол, нархи ҳаҷ дар Қазоқистон 2700, дар Қирғизистон 2890 ва дар Русия 2700 доларро ташкил медиҳад. 

Ҳамсоя арзон мекунаду мо гарон...

Дар Ӯзбекистон харҷи зиёрати Макка дар замони ҳаҷи фарзӣ ҳудуди $4000 буд, аммо ахиран давлати ин кишвар эълон кард, ки хароҷоти ҳаҷи имсоларо ба миқдори 1 миллион сум, ё беш аз $1000 коҳиш хоҳад дод.  

Шояд сабаби аслии ин нобаробарӣ, набудани рақобат дар хизматрасонии ҳаҷ дар Тоҷикистон бошад? Танҳо 2 ширкат наметавонанд рақобат дар ин бозор эҷод кунанд ва нархномаҳоро маслаҳат карда метавонанд гузоранд! 

Ин дар ҳолест, ки нархи ҳаҷҷи умра низ ҳамасола афзоиш меёбад. Барои мисол, ширкатҳои русӣ нархи ҳаҷҷи умраро аз 1200 доллар (3 км дур аз ҳарам) ва 2100 доллар (ҳудуи Ҳарам) муайян кардаанд ва ҳар ҳоҷӣ метавонад мувофиқ ба имконоташ, нархи дилхоҳашро интихоб кунад.  Аммо дар мо инчунин нест. Хизматрасонии ширкатҳои ҳоҷибар низ ба гуфти бархе, чандон дар сатҳи баланд нест. Барои мисол, порсол чандин зойири тоҷик, ки тавассути ширкати “Ормон” ба ҳаҷҷи умра рафта буданд, аз ними роҳ баргаштанд. Имсол низ нархи ҳаҷ шояд боз боло равад. Баъди вируси карона, низоми пазириш дар кишвари Арабистони Саъудӣ дигар шудааст ва тадобири иловагӣ ва мураккаб барои фурудгоҳҳову дигар зерсохторҳои Саудӣ пеш омадааст. 

Тибқи талаботи вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистони Саудӣ, зойирон бояд аз 18 то 50 – сола, сину соли аз маризӣ осебнопазир бошанд ва пас аз вуруд ба он кишвар санади озмоиши манфии COVID-19-ро пешниҳод кунанд. Ширкатҳои хизматрасон бояд ҳама – аз ниқоб то айнаки ҳоҷиёнро таъмин кунад. Аз сӯи дигар, хароҷоти дигаре низ дар робита бо хадамоти нақлиётиву меҳмонхонаҳо шояд пеш ояд, ки ба нархи ниҳоии ҳаҷ таъсиргузор хоҳад буд. 

Ба забони дигар нархи ҳаҷҷи умра ва фарзӣ ҳатман болотарак хоҳад рафт.

Мо Метавонем!

Аҳмадшоҳи  Ибодатшоҳ

СССР

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter