ХАБАРИ ДОҒ

 

- Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Нахуст кулли аҳли қалами газетаро бо Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, ба шумо барору комёбӣ хоҳонам. Дигар ин, ки дар яке аз шумораҳои газета хонда будам, ки Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ дар зодгоҳи худ, деҳаи Шар-Шари н.Данғара барои мардум хати об кашидаву боғ бунёд намуда, бунгоҳи тиббӣ ҳам сохтааст. Ин амалаш албатта шоёни таҳсин аст. 

То таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ на кам аз 6 моҳ монд. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 3 сол пеш ба вазирону раисону мансабдорон ва соҳибкорони номии кишвар дастур дода буданд, ки барои мардум дар зодгоҳҳояшон инфрасохтори нав бунёд намуда, шароити деҳотро беҳтар созанд. Аз ин дастур 2,5 сол гузашт ва ҳоло навбати он расидааст, ки вазирону раисон худ посух бидиҳанд, ки дар куҷо чӣ сохтаанду барои беҳтар намудани шароити сокинони маҳал, хоса деҳоти зодгоҳи хеш, чӣ корҳоро ба анҷом расониданд. СССР бояд дар ин бора нависад ва мансабдорон ҳатман ба мардум ҳисобот диҳанд, зеро онҳо дар хизмати халқанд, на баракс!

Музаффар Иномов, ш.Душанбе

Аз редаксия: Ташаккур барои пешниҳоди хуб, хонандаи гиромӣ! Мо ҳатман ин мавзӯро аз ин ба баъд пайгирӣ хоҳем кард. Мо Метавонем!

 

Рамазон Раҳимзода-ободкори Ховалинг!

Генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии ҶТ ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи корӣ бахшида ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар н.Ховалинг буда, сокинони ин ноҳияи дурдаст таъкид медоранд, ки маҳз бо саъю талош ва дастгирии эшон дар тайи 3 соли ахир дар н.Ховалинг тағйиротҳои зиёд ба амал омадаанд. 

Таваҷҷӯҳи Рамазон Раҳимзода нисбат ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ хосса буда, бо ибтикори эшон ҳар сол 2-3 мактаби ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо лавозимоти аёнӣ таъмин мегарданд. Яке аз чунин мактабҳо мактаби миёнаи №30-и деҳаи дурдасти Сияҳкуртаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо мебошад, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, соли 2018 аз ҷониби вазири корҳои дохилии ҶТ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда, бо асбобу лавозимоти даркорӣ таъмин карда шудааст.

Дар баробари ин саҳми Рамазон Раҳимзода дар бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим дар Ҷамоати деҳотӣ Лоҳутӣ, мавзеи таърихии Дараи Мухтор, маркази н.Ховалинг, таҷдиди беморхонаи марказӣ ва таъмиру мумфарш гардонидани роҳи асосӣ то ба мақбараи Султон Увайси Қаранӣ ва мавзеи Шугнов назаррас аст. Дур намеравем, тирамоҳи соли гузашта Рамазон Раҳимзода зимни мулоқот бо сокинони н.Ховалинг ваъда дода буд, ки тамоми мактабҳои ноҳияро дар фасли зимистон бо ангишт таъмин хоҳад кард ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ин танҳо 1 хӯшае аз амалҳои созандаи вазири корҳои дохилии кишвар дар н.Ховалинг аст ва умед дорем, ки худи мардуми ин ноҳия дар ин бора бештар ба мо хоҳанд гуфт. Наврӯзатон фирӯз, генерали созанда!!!

 

Имомзода обу равшанӣ овард

Бо ибтикори Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми ҶТ яке аз кӯчаҳои шаҳраки Совети н.Темурмалик асфалтпӯш гардид. Вазири маориф ва илми мамлакат кӯчаеро, ки дар он ба воя расидааст, пурра таъмиру азнавсозӣ намуда, ба тартиб оварду мумфарш кард. Пас аз он ба ин кӯча хати об кашида шуда, сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд. Симчӯбҳои хати барқ низ иваз ва хати нави барқ кашида шуда, лампаҳои равшаннамоӣ насб гардиданд. 

Инчунин, Маҳмадюсуф Имомзода дар ба тартиб овардани роҳраву гулгаштҳои маркази ноҳия-шаҳраки Совет саҳми худро гузошта, ҳамин ҳоло бо ташаббуси эшон таъмири хонаҳои мардуми камбизоат, ки дар барфу боронгариҳои ахир осеб дида намуди хешро гум кардаанд, оғоз шудааст.

Маҳмадюсуф Имомзода тасмим гирифтааст низ 1 муассисаи томактабии муосир бунёд намояд. Наврӯз хуҷаста, Вазири кӯдакдӯстдор!

 

Бохтар: майдонча пас аз танқиди СССР

Газетаи мардумии СССР чанде пеш матлаберо бо номи «Тоҷирони бозори «Фаровон» зидди варзиши кӯдакон!» рӯи чоп оварда буд. Бояд гуфт, ки солҳои ахир сокинони ш.Бохтар-маркази маъмурии вилояти Хатлон аз афзоиши бесобиқаи воситаҳои нақлиёт ва тамбашавӣ дар роҳу ҷодаҳо изҳори нигаронӣ мекарданд. Мушкил то ба ҳаддест, ки ҳатто 1 майдончаи кӯдаконаи назди биноҳои баландошёнаро ба таваққуфгоҳ (стоянка) табдил додаанд. Ин мушкилӣ дар назди бинои истиқоматии №22, воқеъ дар к.Ҷ.Мирзоқодирова дар паси бозори «Фаровон»-и ш.Бохтар ҷой дошт. Сокинон ҳамеша дар ташвишу изтироб буданд, то вақти сайругашт кӯдаке зери чархи мошин намонад.

Пас аз нашри матлаби танқидӣ дар газетаи СССР, ин проблема ҳалли худро ёфт. Сокинони ин бинои баландошёна дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай соҳиби майдончаи варзишии бо тамоми шароити лозима муҷаҳҳаз гардиданд ва барои ин тӯҳфа аз кормандони газетаи СССР, ки нисбат ба ин проблема бетафовут набуданд, изҳори сипос менамоянд. Наврӯзамон фирӯз бод! Мо метавонем!

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter