ХАБАРИ ДОҒ

Ваҳдат-даъват иҷро шуд!!!

  • Панҷшанбе, Апр 01 2021

 01.04.2021. Соат ба вақти Душанбе 09:00 дақиқа.  Аз ин рӯз ба баъд 1 апрел рӯзи дурӯғ нест. Рӯзи ҷавонмардист!!!  Зеро маҳз дар ин рӯз Мақомоти иҷроияи ҳукумати ш. Ваҳдат нақшаи сафарбарии наваскаронро ба сафи Артиш бо тантана оғоз ва иҷро намуд!!!

Ба иттилои Раҳмоналӣ Амир-раиси ш. Ваҳдат дар ин рӯз 317 навҷавон, ихтиёрӣ ва довталабона ҳозир шуданд, то ба сафи Армия раванд:

-Ягон тани инҳоро ягон кас маҷбур накардааст. Марҳамат падару модарашон ҳамин ҷоянд. Бовар надоред, аз онҳо пурсед. Мо танҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни мардум вусъат додем ва ҳама бо сари баланд ва фахр аз ватандорӣ ва баркамол шудан, ҳозир гаштанд, то Армия бираванд-гуфт дар сӯҳбат Раҳмоналӣ Амир.

Бонуе, ки дар паҳлӯи раис меистод, бо ифтихор ба ман мегӯяд:

-Ман писари ягонаамро ба Армия гусел омадаам. 1-то ҳам бошад, мард аст ва то ҷавонмард Армия наравад, марди асил нахоҳад шуд. Мо Метавонем!

 

Ҷугиҳои Ваҳдат ихтиёрӣ Армия мераванд!

Ҷӯгиҳои ба гусели лӯлиҳо омада

Дар ҳамин рӯз 1 факти ҷолиби дигар ин буд, ки дар баробари тоҷикон авлоди ҷӯгӣ низ довталабона ба хизмат ҳозир шуд. Қавми лӯлӣ, ки бо сарварии марди болобаланде онҳоро гусел омада буд, мегӯяд:

-Имрӯз 7 тан аз лӯлибаччаҳои мо низ ба Армия рафтанд! Тоҷикистон ватани мо низ ҳаст ва ҳифзи он кори ҷониву эмонии ҷӯгиҳост!

Э, мурад он ҷавонмарди Тоҷике, ки аз хизмат мегурезаду ҷояш лӯлибаччае рафта ватанро ҳифз мекунад!

Воқеан ҳам, тибқи иттилоъи ҷӯгиҳои ин рӯз ба гусели наваскарон омада, аз н. Ёвон 10 ҷӯгӣ ва аз н. Восеъ 12 нафар ихтиёран ба аскарӣ рафтаанд.

Дар охири тантанаҳои гусел, Раҳмоналӣ Амиров ба 30 тан аз наваскарон ҳуҷҷати ронандагӣ дод.

PS: Дар ин маросими гусел, таваҷҷӯҳи маро 1 чиз ба худ кашид. Вақте мардум Раҳмоналӣ Амирро диданд, бе ягон шакку тардид каф кӯфтанду шодмонӣ карданд,  ҷавонони наваскар бошанд, аз сидқи дил ғирев бардоштанд: ғиреви иззат, ҳурмат ва эҳтиром. Воқеан ҳам раис бояд чунин бошад, ки ӯро дӯст доранд ва аз пасаш раванд. Офарин Раис. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter