ХАБАРИ ДОҒ

 

Шаби 30 марти соли 1993, дар худуди совхоз-техникуми ба номи Куйбишев (ҳоло хоҷагии ба номи Файзали Саидов)-и ноҳияи Бохтар 2 нафар аз фармондеҳони аршади Фронти Халқӣ Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ба таври мармуз кушта шуданд. Аз байн 29 сол ҳам гузашта бошад, то ҳанӯз ҷузъиёти ин куштор ошкор нашудааст. СССР бори дигар сари ин куштор таваҷҷӯҳ мекунад. Мо Метавонем!

Авторитет

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳарду ҷониб қаҳрамонони зиёдеро ба майдон овард. Мутаассифона, бештари ин афрод аз ҷаҳони ҷиноӣ буда, дар миёни онҳо чеҳраи Сангак Сафаров аз ҳама шинохташуда буд. 

Сангак Сафаров 1 январи соли 1928 дар мавзеи Шугнови ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Падари Сангакро ҳукумати шӯравӣ соли 1935 репрессия карда, бародари калониашро бошад, соли 1937 ҳабс мекунанд. 2 бародари дигараш аз гуруснагӣ фавтиданд. Соли 1951 Сангаки ҷавонро бори аввал ба муҳлати 1 сол аз озодӣ маҳрум намуданд, соли 1957 бошад, ӯ дубора зиндонӣ шуд. 

Баъд аз адои ҷазои навбатӣ, Сангак ба боғи марказии шаҳри Душанбе ба сифати буфетчӣ ба кор медарояд, аммо соли 1964 баъди қатли 2 авбоши қафқозӣ боз зиндонӣ мегардад. Умуман Сангак Сафаров 23 солро дар зиндонҳои шӯравӣ сипарӣ намуда, ҳеҷ як аз маҳбусони дигари тоҷик имтиёзҳои хоссаро мисли ӯ дар зиндонҳои советӣ доро набуданд. Сангак дар зиндон хеле зуд хӯи саркашии худро ба ҳамагон собит карда, ҳатто шӯриши зиндониёнро алайҳи низом роҳандозӣ ва роҳбарӣ намуд. Ба забони вежаи зиндониён, ӯ ягона Тоҷикест, ки тӯли 70-соли шуравӣ,  “пахан зона” буд.

Ҳамин тавр, Сангак дар ҷаҳони ҷиноии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби «авторитет»-и вежа гардид. Авторитети Сангак соли 1992 баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар ҳувайдо шуд. Сангак Сафаров аз рӯзҳои аввали муноқишаҳо вориди майдон гардида, аз ҳукумати Набиев ҷонибдорӣ намуд. Ин амалкарди шахсе, ки 23 солро дар зиндонҳои низоми советӣ паси сар намуда, бо вуҷуди ин, аз низоми коммунистӣ пуштибонӣ кард, то ба ҳол бисёриҳоро дар шигифт қарор додаст. 

Эҳёгари сотсиализм

Сангак Сафаров воқеан истеъдоди фавқулоддаи лидерӣ дошт ва ин истеъдоди ӯ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба пуррагӣ зоҳир шуд.Тобистони соли 1992 Сангак Сафаров ва тарафдоронаш Фронти Халқии Тоҷикистонро таъсис дода, мақсади асосиашонро эҳёи дубораи сотсиализм муаррифӣ карданд. Сангак дар ҳақиқат бо 1 содагӣ ният дошт ҳукумати шӯравиро дубора дар Тоҷикистон барқарор намояд. Тирамоҳи соли 1992 дастаҳои Фронти Халқӣ Душанберо аз оппозитсияи исломӣ озод карданд ва ҳукумати нави Тоҷикистон рӯи кор омад. Сангак Сафаров дар он шабу рӯз дар миёни роҳбарони Фронти Халқӣ обрую эҳтироми аз ҳама бештар дошт, аммо эҳёи дубораи сотсиализм дигар имконпазир набуд. 

Ҷанги шаҳрвандӣ, ки рӯғанрезаш ҲНИ ва анд муллои бесавод буданд,  барои миллати тоҷик бадбахтии азиме овард. Бештари сокинони вилояти Қӯрғонтеппа тарки Ватан карда, ба Афғонистон паноҳанда шуданд. Ба шаҳодати наздиконаш, Сангак ба ҳар роҳу васила мехост гурезаҳои тоҷикро аз Афғонистон ба ватан боз гардонад ва аз онҳо дар Қӯрғонтеппа дифоъ мекард. Бисёриҳо, маҳз ин амалкарди ӯро сабаби асосии кушта шуданаш медонанд. 

  Дар рӯзи кушта шуданаш Сангак дар навоҳии марзии Афғонистон бо гурезаҳои тоҷик дидор намуда, ба гурезаҳо ваъда дод, ки шахсан ба бехатарии онҳо кафолат медиҳад ва ҳар қумандонеро, ки дар вилояти Хатлон монеи баргаштани онҳо мегардад, ҷазо хоҳад дод. Шоҳидони ин дидор мегӯянд, ки суханронии Сангак Сафаровро гурезаҳои тоҷик хело хуш қабул намуда, розӣ шуданд ба хонаҳои худ боз гарданд. Соати 7-и бегоҳ, баъди дидор бо гурезаҳо намояндагони ҳукумати марказӣ аз сарҳад ба маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа бармегаштанд ва дар наздикиҳои ин шаҳр Сангак Сафаров бо дастаи муҳофизонаш аз дигарон ҷудо мешавад. 

   “- Ман бояд бачаҳоро хабар гирам!”- мегӯяд Сангак ба чонишини аввали Раиси Шӯрои Олии кишвар Абдулмаҷид Достиев, ки намояндагони ҳукумати марказиро дар ин дидор роҳбарӣ мекард ва ба ситоди Файзалӣ Саидов, қумандони бригадаи таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи ҶТ раҳсипор мегардад.

Батко Махно

Файзалӣ Саидов яке аз дигар аз қумандонҳои бонуфузи ФХ маҳсуб ёфта, бо бераҳмии худ машҳур гардида буд. Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ҳеҷ гоҳ дӯсти ҳамдигар набуданд. Ин 2 нафарро ҷанги шаҳрвандӣ дар 1 сангар қарор дод.     Дар оғоз роҳбари ФХ Сангак Сафаров ба Файзалӣ боварии комил дошт ва ҳатто ӯро писархонди худ меномид. Хусусан, баъди марги фоҷиабори падари Файзалӣ - Қурбон Саидов, Сангак ба Файзалӣ муҳаббати бештар нишон дод. Аммо тирамоҳи соли 1993 муносибати ин 2 нафар якбора тезу тунд мегардад ва сабаби асосии ин сардиро бисёриҳо дар рафтори Файзалӣ нисбат ба гурезаҳо медонанд. Дастаи Файзалӣ, ки дар шикасти нерӯҳои мухолифин дар Қӯрғонтеппа нақши муҳим бозида буд, бо бераҳмии худ маъруфу машҳур шуд. Файзалӣ Саидовро ба хотири ин бераҳмӣ ва ба касе гӯш накарданаш “Батко Махно” лақаб ниҳоданд.  Ҳатто амалиётҳои дастааш низ ба амалиётҳои Махно шабоҳат дошт. 

Дастаи Файзалӣ бо чанд БТР ва мошинҳои боркашу сабукрав, бо дастгирии чанд танк ба маҳаллаҳои мухолифин ногаҳон ҳамлавар мешуд. Умуман, Файзалӣ Саидов муқобили баргаштани гурезаҳо аз Афғонистон ба ватан буд. Аммо роҳбари ФХ Сангак Сафаров, ки аз таҷрибаи бои зиндагӣ бархӯрдор буд, сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти Тоҷикистонро дар амал татбиқ мекард ва маҳз ин амалкардаш ӯро дар мукобили Батко қарор дод. Файзалӣ ба шаҳодати шоҳидон, он шабу рӯз мехост аз тобеияти Ҳукумати марказӣ берун ояд ва шӯҳрати беандозаи роҳбари ФХ низ ӯро ором намегузошт.

Қатли пурасрор

Дар атрофи қатли ин 2 қумандони ФХ ҳадсу гумонҳои зиёде мавҷуданд.  Ба андеаши бисёриҳо, Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов хамдигарро парронданд. Аз рӯи гуфтаҳои наздиконаш, Файзалӣ Саидов чанде қабл аз маргаш ба Душанбе рафта буд. Дар пойтахт ба Файзалӣ рутбаи полковникӣ доданд ва ӯро фармондеҳи бригадаи таъиноти махсуси ВКД таъин намуданд. Роҳбари ФХ низ 12 март, тариқи телевизиони марказӣ аз барҳам додани ФХ эълон намуда, дастур дод, ки мардум силоҳи худро супоранд. Аммо на ҳамаи ҷангиён нияти супоридани силоҳҳояшонро доштанд. 

Инчунин нақл мекунанд, ки дар рӯзи куштор ба ситоди Сангак 3 нафар одами ношинос меоянд. Ба шаҳодати ронандаи Сангак ин 3 нафар дуру дароз дар бораи чизе бо Сангак сӯҳбат доштанд. Сангак ҳангоми сӯҳбат хело ошуфта гардида, касеро дашном медод. Баъди гуфтугӯ бо ин 3 нафар, Сангак ба шаҳраки Қизил-Қалъа рафта, аз он ҷо ба ситоди Файзалӣ Саидов дар Калининобод (Сарбанди ҳозира) раҳсипор гардид. Мегӯянд Сангак Файзалиро меҷуст ва аз рафтори ӯ сахт норозӣ буд. Ва маҳз ана ҳамин моҷаро сабаби қатли 2 қумандон гардид. 

 Аммо бархеи дигар, қатли ин 2 нафарро кори хадамоти ҷосусии Россия ва Ӯзбекистон медонанд. Яке аз собиқадорони Сарраёсати Ҷосусии Россия (ГРУ) Сергей Козлов китоберо бо номи «Спецназ ГРУ. Пятьдесят лет истории, двадцать лет войны» таҳия карда, дар ин китоб ҷумлаи аҷиберо меоварад: 

“30 сентябри соли 1992 Бригадаи 3-юми таъиноти махсуси ГРУ аз фурудгоҳи ҳарбии Кинел бо 5 таёраи ИЛ-76 ба Тоҷикистон фиристода шуд. Бригада дар якҷоягӣ бо Раёсати Ноҳиявии Хадамоти Федеролии Сарҳадӣ (РУ ФПС) чорабиниҳои махсусро нисбати “вовчикҳо” ва “юрчикҳо”-и ашадитарин анҷом медод”. 

Қатли 2 фармондеҳи аршади ФХ, ки бе шак шомили “юрчикҳо”-и ашадитарин маҳсуб меёфтанд, метавонад яке аз чорабиниҳои махсуси ин бригада ба шумор равад.  

М. Салимшо

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter