ХАБАРИ ДОҒ

Ширинмоҳ барои Ватан ҷон бохт

  • Чоршанбе, Апр 14 2021

 

 

Аз СССР: Вақте каллабуррони ҲНИ бо зархаридони афғониву арабиву покистонияшон ба қатли миллати Тоҷик сар карданд, дар соли 1992, Бонувони Номусдори Тоҷик силоҳ гирифта, ба майдони ҷанг рафтанд. Маҳз талоши ана ҳамингуна занону духтарони Тоҷик буд, ки Давлати Исломии наҳзат шикаст хӯрд. Имрӯз, чун мебинем, ки мардони ин миллат, журналистон, адибон, шоирони халқиву академику профессоронаш аз тарси «мабодо террор шудан» ба иғвои евро-муллоҳо посухе намегӯянд, пеши назар қаҳрамонзанҳои ҷанги гаржданӣ меояд ва худо шоҳид, ки мехоҳем фарёд занем:

-Эй полумардакони миллат! Шим баркашед ва поҷома пӯшед, то бошад, ки тавассути ин атрибутикаи занона каме хуни ҷавонмардӣ ба рагҳои аз ҷасорат тиҳии шумо ворид шавад:

Қиссаи ҳузни Ширинмоҳи Ёвонӣ, қаҳрамони воқеии ин миллату ин ватан, беҳтарин шарҳи ҳоли ҶавонмардБонувуони Миллати Тоҷик аст. Хонед ва арвоҳи қаҳрамонро бо дуое дар арафаи Рамазон шод кунед. 

Мо Метавонем!

 

Солҳои 90, аз анархияи ҳукумат истифода бурда, қозиёт ва аъзои ТТЭ ҳизби  наҳзати исломии Тоҷикистон бо кӯмаки хоҷагони бурунмарзиашон тавонистанд вазъияти кишварро муташаниҷ созанд. Моҳи марти соли 1992 тарафдорон ва фиребхӯрдагон майдони “Шаҳидон”-ро ташкил доданд. Шиорҳои зиддидавлатӣ аз бознишастагони майдон садо медоданд, истеъфои президент, раиси Шӯрои Олӣ ва марги коммунистонро мехостанд. Ин валвалаю вазифахоҳиҳо давоми 1 моҳ идома дошт. 

Майсара ва Ширинмоҳ

25.04.1992 мардуми ба шӯр омадаи минтақаи Кӯлоб ба воситаи  ноҳияи Ёвон дохили Душанбе шуда, дар майдони назди собиқ Шӯрои Олӣ  хаймаҳои худро заданд. Ёвониҳо низ бо шиори “Мо бо шумоем Кӯлобиҳо” озими ин майдон шуданд. Дар байни мардони ба майдон омада, ки онҳо тарафдори ҳукумати конститутсионӣ буданд, 2 нафар зан-Майсара ва Ширинмоҳ Алимардонова ҳузур доштанд. Баъдтар, вақте ки даргириҳо ба амал омаданд, Майсара ҳамчун ҳамшираи шафқат бо гурӯҳи ёвонибачаҳо ҳамроҳ шуда, ба хизмати Ватан камар баст. 

Ширинмоҳ бошад,  ҳамроҳи ҷанговарони ёвонӣ, ки сардорашон Восит Самадов буд, ба ағбаи Шар-шари ноҳияи Данғара омаданд. Онҳо дар ағбаи Шар-шар, ки милисаҳо пости  доимоамалкунанда доштанд, ба хизмат камар бастанд. 1 июли соли 1992 ба  онҳое, ки узви отряда махсуси худмуҳофизатии вилояти Кӯлоб буданд,  шаҳодатнома доданд ва шаҳодатномаи №14 бо имзои командири отряд  С. Салимов насиби Ширинмоҳ Алимардонова гардид. 

«Крешение боем»

Ширинмоҳ  аввалин  «дуои   ҷангӣ-крещение боем»-ро  дар  Себистон  гирифт. Муқобили қувваҳои мухолифони мулло Аҷик ҷангиданд ва аз пораҳои (осколки) норинҷак, ки ба сӯяш партофта шуда буд, ярадор гардид. 

Ин ҳамон Аҷикест, ки дар н. Себистони Данғара ва Калининободи Қурғонтеппа, отряди махсуси бераҳм ва каллабурҳои маҳаллиро омода мекард ва зархаридонаш бисёр Тоҷиконро ҳини ҷанги гражданӣ бо бераҳмии том қатлу пӯст мекарданд. Баъдан ӯро Ҷаббор-десант дастгир карда, ба мақомот супурд ва ҳукми қатл гирифт…

Озодгари Ҳамом-Гестапои наҳзат

Ширинмоҳ аз зумраи бонувони Гурдофаридсифат будӣ, зимнан мисли ҷавонони имрӯза, ки аз Артиш мегурезанд, аз майдони набард фирор накард. Баракс, нима сиҳҳат ёфта, боз ба ҷабҳа баргашт, ки ҳалолаш бод!

Соли 1992 вазъият дар водии Вахш муташаниҷ гардид. Вирди забони мардум ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш, бедодгариҳои қувваҳои мухолифин дар қаламрави дигар ноҳияҳо буд. Штаби отряди махсуси худмуҳофизатӣ дар ноҳияи Данғара ба қароре омад, ки ба аҳолии азияткашида кӯмаки ҷангии худро расонад. Аз ҳар ноҳияи минтақаи Кӯлоб 5 нафар ҷанговар  ҷамъуҷамъ 75 ҷанговари отряди махсус ба воситаи ноҳияи Калининобод (ҳоло Левакант) ба совхоз-техникуми ба номи Куйбишев омаданд. Бояд ҳамоми совхози “Туркманистон”, ки ҷои даҳшатзо гардида, садҳо одамони бегуноҳ дар он мавриди истинтоқи бераҳмонаи наҳзатиҳо ва қатлу куштор қарор доштанд, аз қувваҳои аҳриманӣ озод мешуд. 

Занҷираи нисф…

Дар ин задухӯрди тарафайни байни қувваҳои ҳукуматӣ ва мухолифин Ширинмоҳ Алимардонова аз шикамаш тир хӯрд. Дар сумкачаи дар миёнаш баста, гӯшвор ва занҷираи гарданашро ҳангоми муҳорибаҳо ҷой медод. Тири нохалафон ба ҳамон сумкаи миёнаш бархӯрда занҷираи тиллоиро нисф намудааст. 

Аз изи тир маълум мешавад, ки Ширинмоҳ дар даст автомат бо рақибон дар масофаи наздик будааст. Баъди ярадори вазнин шудан, Ширинмоҳро ҳамрикобонаш ба госпитали ҳарбии Левакант оварданд. Вале духтурон ҳаёти ӯро наҷот дода натавонистанд. Ширинмоҳ-Гулдофариди Даврон дар беморхона ҷон ба ҳақ таслим намуд. Ҷасади Ширинмоҳ Алимардоноваро ҷанговарони отряди махсус Раҷаб Сафаров ва Махсуми Маҳдӣ бо воситаи роҳи Данғара-Чормағзак ба Ёвон ба хонаи падарӣ оварданд. Холаи Шоҳзода-модари Ширинмоҳ дар сари тобути духтараш истода зор-зор мегирист. Тани захмхӯрдаю дили пурармони Ширинмоҳ моҳи июли соли 1992 дар қабристони деҳаи Қамбарӣ ба хок гузошта шуд. 

Дар маълумотномаи госпитали ноҳияи Левакант (собик Калининобод) навишта шудааст, ки Ширинмоҳ 16-июли соли 1992 дар қисмати қафаси сина ярадор шуд ва ин боиси маргаш гардид.

Номи Ширинмоҳро бояд абадӣ кард!

Ширинмоҳ Алимардонова дар заводи электрохимиявии ноҳия ба ҳайси шӯяндаи либосҳо кор мекард. Кораш ба дилаш мувофиқ буду маоши хуб мегирифт. Меҳнати софдилонааш буд, ки моҳи марти соли 1987 комитети партиявии ноҳияи Ёвон ӯро ба КПСС қабул намуд. Билети партиявии Ширинмоҳро апаи Идимоҳ Қурбонова таҳти №21514493-ҳамроҳи шаҳодатномаи вафоташ чун ҳуҷҷати қиматбаҳо ва ёдоварӣ аз хоҳари ҷанговараш нигоҳ медорад. 

Ширинмоҳ дар синни 31-солагӣ аз тири нохалаф дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуд. Месазад, ки ҳукумати ноҳия номи ӯро, ки барои сулҳу оромии Ватан яроқ ба даст гирифта буд, ба ягон ҷои мувофиқ гузорад. Хотираи онҳое, ки ба Ватан хизмат кардаанд, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад шуд.

Зайнулобиддин Ҳусейнов,

деҳаи Гулибодом, н. Ёвон.

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter