ХАБАРИ ДОҒ

Сафаре ба Ворух ва бозпас…

  • Чоршанбе, Апр 21 2021

 Саросар ҳама тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки Ворух ба душман диҳем!!!

Ҳушдор: Гузориши мазбур сирф нуқтаи назар муаллиф аст ва барои ҳар ҳарф муаллиф посухгӯст, на касе дигар. Мо метавонем!

Боби 1. Андар баёни 1 байт, ки шиор шуд

Байти болоиро, ки шиори СССР №13 (654) буд, барои он ин ҷо боз коридем, ки чун ба Ворух расидем, сардабири газетаи мардумиро бо ҳамин байт мардум истиқбол карданд. Метавон гуфт, байти тағйиррасидаи мо (на плагиат!) шиори мардуми сарбаланди Ворухи бостонӣ, Исфараи бостонӣ, Суғди мардхез ва дар кулл шиори тамомии Тоҷикон гардидааст, ки мо бениҳоят шодем. Газетаи мо расонаи ҷавонмардпарвар аст ва касе бо мост, пас Марди Мардҳост ва бо чунин Армияи Мардони ҷасуру ғаййур, мо аз ягон душмани чашмтангу бинипаҳну чашмкалону калу бемӯй наметарсем. Мо Метавонем!

 

Боби 2. Андар баёни 1 сафар

04.04.2021. Соат ба вақти Душанбе 09:17 дақиқа. Абдуфаттоҳ Шарифзода-сухангӯи Президенти ҶТ, шахсан занг задаву маро ба сафари Ворух даъват намуд. Ростӣ, бори аввал будӣ, ки сухангӯи Президенти кишвар даъватам мекард. Бо ҷону дил розӣ шудам ва дар интиҳои сӯҳбат сухангӯи Президент гуфт, «агар ягон пешниҳоду дархост дошта бошед, лутфан бо ин рақам… бо ман ё тамос гиред ва ё ба Вайбер ё Вотсап нависед. Ҳатман пешниҳоди Шуморо ба назар мегирем».

08.04.2021. Соат ба вақти Душанбе 06:15 дақиқа. Назди бинои меҳмонхонаи Тоҷикистон журналистони ватаниву хориҷӣ ҷамъ шудему аккурат соати 06:25 дақиқа автобус ҳозир шуду мо ҳаракат кардем. Тӯли сафар, хидмататон арз кунам, ки Парвиз ва Завқибек-масъулини сафар чунон хатсайре таъсис дода буданд, ки дақиқа бар дақиқа ва сония бар сония ҷои исту таваққуф, хӯрдан, нӯшидан, истироҳату кору бор ба анҷом мерасид. Ин 2 ҷавон воқеан ҳам мутахассиси хубе будаанд, ки дар тӯли 48 соат сафари мо ҳамвор ва бидуни ишколе хатм ёфт. Сипос аз ишон. Мо Метавонем!

 

Боби 3. Андар баёни Ворух ва вежагии он

Ворух сарзамини Тоҷикони сарбаланд дар тӯли 7 ҳазорсола буд ва хоҳад монд. Газзофу сафсаттае, ки масъулини демаркатсияи марзи қирғиз бофтаву пешниҳод кардаанд, ба ҳован об кӯфтан аст. Муқим-ако, 1 ронандаи ворухӣ, ки ману Хуршеди Атовуллову Мухтор Абдуллоро атрофи Ворух давр занонид, мегӯяд, «70 пушти мо дар ин ҷо хок шудагӣ! Чӣ мо мурдаи бобоёнамонро партофта меравем-мӣ? Мо то мурдан меҷангем ва бигзор мурдаҳои мо дар паҳлӯи бобоҳомон ҷой гиранд, вале 1 қирғиз пой ба ин ҷо нахоҳад гузошт!».

Вале ғасби гаваккаш-ползучая экспансияи қирғиз ин гӯшаи диёри моро ба анклави сунъӣ табдил кардан дорад, ки бояд садди роҳи ин сиёсати хом шуд! Вагарна фардо дер мешавад. Барои қирғизҳо дер мешавад. Зеро Тоҷик, таври маълум пурсабру тоқат аст, вале чун шӯрид тару қоқ месӯзад. Воқеан ҳам авлоди ин ҳамсоямиллат ғайрати моро дар симои Темурмалики Хуҷандӣ нек дар хотир доранд, ки Мо метавонем!

 

Боби 4. Андар баёни шоҳмотбозии қирғизӣ

Аз Чоркӯҳ то Ворух ҳадди ақалл 4 мавзеъро ба таври сунъӣ «Қирғизистон кардаанд». Ягон хонаи ободу зироате нест. Танҳо 2-3 майзадаро овардаву маскун сохтаанд. Маълум аст, ки барои чӣ. Барои Ворухро аз Тоҷикистон ҷудо кардан. Зимнан роҳҳоро намегузоранд, ки Тоҷикистон тахту ҳамвор созад. Ҳар ҷое «Қирғизистон аст», роҳ хароб. Ҳар ҷое «Тоҷикистон аст», роҳ ҳамвор чун кафи даст. Аз ҳамин роҳ метавон хулоса кард, ки сатҳи пешрафти давлатҳо дар куҷост.

Ба таври шоҳмотӣ-шахматная экспансия қирғизҳо ҷо-ҷое ватани моро ғасб кардаву гузаргоҳу сарҳадҳои сунъӣ сохтаанд. Маълум аст, ки агар 70 пушти Муқим-ако дар ҳамин ҷо хок шуда бошад, пас 70 пушти қирғиз инҷоро надидааст. Воқеан ҳам далели раднопазири моҷарои сарҳадӣ ин ҳам ҳаст, ки;

-Қирғиз дар ин маҳдуда ЯГОН қабристон надорад! Тоҷикон мазороти кӯҳнаи чандҳазорсола доранд!!!

Ё мурдаҳояшонро «мехӯранд мӣ»?-гуфти Бобои Ғулом. Ҳамин гӯристонҳо худ далели шайъие ҳастанд, ки қирғизҳо нав ва тибқи дастуру супориши Бишкек ба ин ҷо хазида омадаанд-ползучая экспансия.

 

Боби 5. Андар баёни сафари Президенти ҶТ

09.04.2021. Соат ба вақти Ворух 09:00 дақиқа. Чархболи президентӣ таҳти ҳимояти 3 чархболи дигар дар маркази Ворух фуруд омад. Аз чархболи 2-ум Ҷаноби Олӣ пиёда шуданд ва бо чеҳраи кушод сароғоз пешвозгирандагон ва сипас мо-журналистонро дуруд гуфтанд. Президенти ҶТ, ки усулан гулдастаи истиқболӣ намегирад, ғайричашмдошт гуфт:

-Гулатонро ман мегирам!-ва онро гирифта, сӯи мо нигариста, афзуданд-Лидия Саидовна (Исамова-хабарнигори собиқадори РИА Новости), ин гул барои Шумо! Наврӯз муборак!!!

Бисёр сафар кардаам, вале кам дидаам, ки президенти 1 кишвар журналистонро бо ном шиносаду гул тақдим кунад. Зимни ин сафар, дар ҳар ҷое самбусаву қандалоту шириниву хӯрдание, ки буд, Президент шахсан бо дасти худ аз онҳо гирифта, журналистонро пешкаш менамуд ва то мо намехӯрдем, аз даст аз илтифот намешуст. Ҳатто шӯхиомез боре гуфтанд:

-Гиред, самбӯса хӯред, сафар дароз, гушна мемонед!

Президент соати 09:15 дақиқа Маҷмааи бузурги варзиширо, ки соҳибкори номӣ-Сорбонхӯҷа Савриддинов сохтааст (2 сол қабл, дар нақшагирии тарҳи ин лоиҳа хабарнигорони СССР низ ширкат доштанд!), ифтитоҳ бахшид.

09.04.2021. Соат ба вақти Ворух 10:00 дақиқа. Парчами Бузурги Тоҷикистони азиз, ки Президенти ҶТ бо дастони муборак бӯсидаву вардошт, паёме ба сакалтуҳои ҳардамхаёл аст, ки орзуи Ворух хобест ширин, вале амрест муҳол! Ин бузургтарин нуқта дар баҳси Ворух ва ивази он ба 12000 км замин аз дигар мавзеи Ботканд гардид. Мо Метавонем!

 

Боби 6. Андар баёни 1 сухангӯӣ

09.04.2021. Соат ба вақти Ворух 14:00 дақиқа. Ман, албатта, маъзарат мехоҳам, аз Ворухиёни сарбаланд, вале чанд тан аз «фаъолони фейсбукӣ», ки ман онҳоро «хонашерони майдоншағол» унвон додаам, бо ҳар роҳу восита, мушкили ба миён уфтодаро сари ҳукумати марказӣ мезананд. Сафари расмии Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон на танҳо муште бар даҳони ин кафкбардаҳанҳо шуд, ки осиёби қирғизии муддаъиёни Ворухро хушк гузошт. Президент зимни суханронияш, расман таъкид намуд, ки даъвои Ворух ба ҳован об кӯфтан аст. Порае аз ун сӯҳбатро ин ҷо мекорем: 

   «Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух мерасонам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад.

Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд. Тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид. Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем. Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

Як нуктаи муҳими дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол, масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф мебошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд. Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад.

Сайёфи Мизроб,

Душанбе-Ворух-Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter