ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Матлаби мазкур бори дигар баёнгари воқеиятест, ки ҷангиёни наҳзатӣ асло, ба гуфтаи Бобои Ғулом, «одам намешаванд». Онҳо дар соли 1996 афродеро гаравгон гирифтанду куштан хостанд, ки наҳзатиёнро миёнрав шудаву ба Тоҷикистон оварда буд. Аврупо бояд донад, ки дар симои кабириҳо море дар остин парвардан дораду ҳатман заҳрашон хоҳад чашид…

19 декабри соли 1996 ҳафт нозири низомии СММ гурӯҳи 16-нафараи оппозитсия ва ҳукумати Тоҷикистонро дар роҳ аз Ғарм ба Душанбе ҳамроҳӣ мекарданд. Ин гурӯҳ Комиссияи оштии миллӣ буда, барои таҳқиқи нақзи оташбас дар водии Қаротегин ба ин минтақа сафар намуда буд. Ба гурӯҳ инчунин 2 булғорӣ-полковникҳо Димитар Желев ва Иван Иванов низ шомил буданд. Аммо, колонна ба пойтахт нарасид, дар роҳ онро 1 дастаи мусаллаҳи оппозитсияи исломӣ боздошт ва  ҳамаро гаравгон гирифт.

Ҳуҷуми Садиров ва гаравгонҳо

Моҳи декабри соли 1996 барои раванди сулҳ дар Тоҷикистон бисёр муҳим ба шумор мерафт. Дастаи Баҳром Садиров  корвони иборат аз 7 ҷипро дар шоҳроҳи Ғарм-Душанбе мунтазир буданд. Бо тирандозии бефосила ба ҳаво, онҳо корвонро маҷбур карданд, ки таваққуф кунад ва одамонро гаравгон гирифта, ба теппаи Қалъаи нав, ба манораи партофташудаи телевизионӣ интиқол доданд. Хеле зуд либоси болоӣ ва ашёи қиматбаҳои гаравгонон мусодира шуда, худи онҳо дар утоқҳои ҷудогона ҷойгир карда мешаванд. Фармондеҳи онҳо Баҳром хеле асабонӣ буд ва дар ҳолати мастӣ бо аслиҳа ба гаравгонон таҳдид мекард-мегӯяд полковник Желаев. Ин полковники булғорӣ, ки телефони моҳвораии гурӯҳро дар ихтиёр дошт, Баҳромро муътақид мекунад, ки ӯ бояд ҳар ним соат бо ситоди худ дар тамос шавад ва маҳалли қарордошти гурӯҳро хабар диҳад. 

 «Ба ман иҷозат доданд бигӯям, ки мо гаравгон ҳастем. Ва аз ҳамон лаҳза сӯҳбатҳо дар бораи сарнавишти мо оғоз гардиданд. Дар ҳамин ҳол, дӯстам Асламшо фаҳмид, ки моро дастгир карданд» - гуфт Желев.

«Нерӯҳои ман аз Гвардияи президентӣ роҳҳоро дар ин минтақа назорат мекарданд. Аммо, ман тасмим гирифтам, ки шахсан амал кунам, зеро агар мо ба онҳо ҳамла мекардем, онҳо гаравгонҳоро мекуштанд» - илова мекунад Ғайратов.

Ҳамин тариқ, полковник Асламшо Ғайратов тани танҳо ба назди Баҳром омад ва вазъиятро барояш фаҳмонда, гуфт:

"Шумо девонаед, чӣ гуна хориҷиёнро гаравгон мегиред? Тасаввур кунед, ки тамоми матбуоти ҷаҳон фардо чӣ менависад-ҳама хоҳанд донист, ки шумо оппозитсия нестед, балки террористед! Мефаҳмед, ки чӣ кор карда истодаед? Ҳамаро фавран озод кунед!"-исрор мекард Асламшо.

-Чунин сӯҳбатҳо то субҳ давом доштанд ва касе заррае нахобида буд-мегӯяд Димитар-Рӯзи дигар, ниҳоят Баҳром далелҳои Асламшо ва Димитарро дарк кард ва розӣ шуд, ки ба ҷуз полковники булғорӣ ва 2 узви комиссия, намояндагони оппозисиюн аз ҷиноҳи дигар-Юсуф ва Иззат, ҳамаро озод кунад. Дар миёни гаравгонони хориҷӣ, шаҳрвандони Шветсария, Австрия, Дания, Урдун ва Уругвай буданд, ки ҳамаашон озод гардиданд. 

Талабҳои баҳром ва раҳоӣ аз гаравгонӣ

Рабояндагон медонистанд, ки гвардияи президентӣ теппаро иҳота кардааст. Бинобар ин талаб карданд, ки 2 булғорӣ ва 2 тоҷикро баъди овардани дастаи Ризвон аз Афғонистон ба Тоҷикистон тавассути чархболҳо, озод мекунанд. Барои ҳалли ин масъала, бо дафтари СММ дар Душанбе музокирот доир гардид. Билохира Созмони байналмилалӣ талабҳои Баҳромро қабул кард ва Русия чархболҳои худро барои овардани муҷоҳидини Ризвон ба Афғонистон фиристод.

Асламшо бошад довталабона ҳамроҳи гаравгонони боқимонда дар теппаи Қалъаи нав монд. 

«Ман на танҳо ба хотири Димитар мондам. Ман дарк мекардам, ки кушта шудани намояндаи СММ ва ба имзо нарасидани созишномаи сулҳ, метавонад хунрезиро дар кишвари азияткашидаи ман боз ҳам тӯлонитар кунад. Ман, албатта, метарсидам. Масъулияти азиме ба дӯшам буд. Дар ин вазъият ҳатто як иштибоҳи кучак метавонист боиси марги одамон гардад», - нақл мекунад полковники тоҷик.

Димитар: Чархболҳои Русия аз Афғонистон дер карданд, чун барфи зиёд борида буд. Ин Баҳром ва силоҳбадастонашро бештар ба хашм овард.  Онҳо таҳдид мекарданд, ки гаравгонҳоро мепарронанд.

Асламшо: Чархболҳо ба ҳаво хестанд, аммо вақте ки онҳо аз болои Афғонистон парвоз мекарданд, роҳгум заданд ва дер ба мавзеъи зарурӣ расиданд. 2 гаравгони оппозитсия (Юсуф ва Иззат) аз ҳама бештар азият гардиданд. Онҳоро сахт лату куб карданд. Хусусан Юсуф аз қисмати сараш ҷароҳати сахт бардошта буд. Ман сари ӯро бо куртаам бастам ва ӯ зинда монд.

Димитар: Онҳо одамони девона буданд. 2 гаравгони опозитсияро маҷбур карданд, ки қабрҳои худро кобанд. 

Асламшо: Яке аз посбонон ба назди ман омада гуфт: "Онҳо гаравгонҳоро, яъне Юсуф ва Изатро парронданианд. Ман аз тиреза нигаристам-онҳо воқеан бо бел барои худ қабр мекофтанд.

Димитар: Аммо Асламшо дахолат кард ва ҷони онҳоро наҷот дод.

Дар рӯзи панҷуми гаравгонгирӣ, чархболҳо бо муҷоҳидини Ризвон дар Қалъаи нав фуруд омаданд. Онҳо Димитар ва Асламшоро 1 рӯзи дигар боздошт намуда, сипас озод карданд.

Асламшо Баҳромро маҳв кард!

Моҳи феврали соли оянда, гурӯҳи террористии Баҳром ва Ризвон бори дигар даст ба гаравгонгирӣ заданд. Ин бор низ нозирони низомӣ, рӯзноманигорони хориҷӣ ва кормандони маҳаллии СММ гаравгон гирифтанд. Полковник Димитар Желев ва ҳамтои тоҷикаш Асламшо Ғайратов боз дар минтақаи Қалъаи нав қарор доранд ва барои озод кардани гаравгонон талош мекунанд. Ин дафъа барои озодии гаравгонҳо музокирот 2 ҳафта тӯл кашид. Дертар бригадаи президентии Асламшо Ғайратов гурӯҳи террористии Баҳромро пурра несту нобуд кард. Баҳори соли 1997 дар Маскав Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт.  

«Хизмати шоистаи Асламшо дар он аст, ки ӯ нагузошт, то раванди сулҳ қатъ гардад. Вай иҷозат надод, ки нозирони байналмилалиро маҷбур ба тарки Тоҷикистон кунанд, зеро вақте СММ мерафт, гумон аст сулҳ ба даст меомад. Асламшо дар ҳалли низоъ нақши хеле муҳим дошт. Ва Худо пас аз 7 сол бори дигар моро дар Афғонистон ба ҳам овард», - мегӯяд Димитар.

Вохӯрӣ дар Кобул

Полковник Димитар Желев айни ҳол сардори хадамоти амнияти Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Афғонистон мебошад. Моҳи декабри соли 1996 бошад, ӯ афсари аршади нозирони низомии Булғористон дар назди СММ дар Тоҷикистон буд ва гурӯҳи нозирони низомии СММ-ро дар Ғарм сарварӣ мекард. Пас аз Тоҷикистон намояндаи СММ дар Косово, Чеченистон, Абхазия ва Ироқ кор кард. 

 Полковник Асламшо Ғайратов намояндаи низомии Тоҷикистон дар Кобул аст. Ногуфта намонад, ки тоҷикон дуввумин гурӯҳи қавмии Афғонистон мебошанд. Ӯ ба Афғонистон сафарҳои зиёде карда, бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва роҳбарони дигари муҷоҳиддини афғон риштаи дӯстӣ дошт. 

Соли 1996 полковник Ғайратов сардори ситоди горди президентии Тоҷикистон буда, масъули ноҳияи Ғарм ба шумор мерафт. Вай 6 рӯз ихтиёран бо рабояндагон кор карда, онҳоро бовар кунонид, то гаравгонҳоро озод кунанд. 

Ин аст хушае аз рӯзгори 1 қаҳрамони Тоҷик ва 1 булғорӣ, ки барои Сулҳи Тоҷикон ҷон ба гарав гузошта буданд…

 

Лидия Попова, хабарнигори рузномаи «Сега», ш.Кобул 

Аз СССР: Асламшо Ғайратов, тел: 907-92-68-12, дар Тоҷикистон ба сар мебараду Желев дар Аврупо ва аслан рафтори худро қаҳрамонӣ не, қарзу фарзи фарзандии Тоҷикистон мешуморанд. Ва аммо Ҳукумати марказӣ БОЯД корномаи онҳоро қадр кунад, то бар дигарон дарси ибрат гардад. Зиҳӣ, қаҳрамонони ҷанги граждании Тоҷикистон, полковник Ғарйатов ва полковник Желев. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter