ХАБАРИ ДОҒ

Сафаралӣ Кенҷаев – ҳомии қонун ва ҳақиқат

  • Чоршанбе, Июн 02 2021

 

  Сафаралӣ Кенҷаев яке аз ходимони намоёни давлатӣ, сиёсатмадори далеру шуҷоъ ва  ҳомии қонуну ҳақиқат буд, ки аз дасти қотилони ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ кушта шуд. Албатта, аз дасти  наҳзатиҳо террор шудани Сафаралӣ Кенҷаев бо далелҳои раднопазир исбот шудааст ва гунаҳкорони ин ҷинояти мудҳиш тибқи қонун муҷозот шудаанд. Тавре ки баъдҳо маълум шуд, саркардагони наҳзати террористӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳоҷӣ Ҳалим барои аз байн бурдани сиёсатмадорон ва зиёиёни миллат гурӯҳи махсусе таъсис дода будаанд. 

Маҳз ҷаллодони ин гурӯҳ Абдуқодир Абдуллоев (лақабаш “Рустами Норакӣ”), Тағоймурод Ашрапов (лақабаш “Алӣ”), Саймуҳриддин Қудратов (лақабҳояш “Авлиё” ва “Эшон”), Кузов Мирзораҳим ва Пираков Диловар дар таърихи 30-юми марти соли 1999 фарзонафарзанди фарзонаи миллат Сафаралӣ Кенҷаевро дар назди манзили истиқоматиаш бо истифода аз силоҳи оташфишон бо шеваи ниҳоят бераҳмона ба қатл расонданд.

Кенҷаев-асосгузори муқовимат бо наҳзатиён

Ин сиёсатмадори варзидаю барҷаста дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз нафароне буд, ки ба хиёнату ноҷавонмардиҳои террористони наҳзатӣ  муқовимат ва ҷавонмардона истодагарӣ менамуд. Вақте террористони наҳзатӣ дар аввали соли 1990-92 аксар идораҳои муҳими давлатиро ғасб карданд, маҳз Сафаралӣ Кенҷаев бо далерию шуҷоат ва матонату мардонагии хеш қадами номубораки онҳоро аз даргоҳи идораҳои давлатӣ руфт.

Пас аз ин наҳзатиён дарёфтанд, ки барои пиёда кардани мақсадҳои нопоку душманонаашон дар ин хоки поку сарзамини муқаддас маҳз Сафаралӣ Кенҷаев сахт мамоният нишон медиҳад ва ҳаргиз намегузорад, ки қудрати сиёсӣ ба дасти худбохтагону беҳувиятон ва душманону хиёнаткорон гузарад ва миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар дасти онон хору залил гардад. Террористони наҳзатӣ дар симои ин фарди сар то по қонундӯст душмани оштинопазири худро дарёфтанд ва бо ноҷавонмардию тарсуӣ ӯро нобуд карданд.

Кенҷаев аз тавуллад то марг

Сафаралӣ Кенҷаев 18 феврали соли 1942 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) мебошад. Аз соли 1975 то соли 1983 дар вазифаи прокурори ноҳияи Синои Душанбе, солҳои 1983-1989 ба сифати прокурор дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1989 муовини прокурори Роҳи оҳани осиёимиёнагӣ таъйин гардида, феврали соли 1991 раиси Кумитаи назорати назди Президенти Тоҷикистон интихоб мешавад. Интиҳои соли 1991 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, то охири моҳи апрели соли 1992 дар ҳамин вазифа фаъолият дошт. Дар раванди ҷанги дохилӣ, ки террористони наҳзатӣ бо супориш ва маблағгузориҳои хоҷагонашон болои миллати тоҷик таҳмил карданд, яке аз ҷонибдорон ва муҳофизони асосии Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 

Рӯйхати сиёҳ

ТТЭ ҲНИ дар фикри ба қатл расонидани шахсиятҳои барҷастаю таъсиргузори ҷомеаи тоҷик рӯй1хати сиёҳе тартиб дод, ки шахсиятҳои варзидаи сиёсӣ, илмӣ, адабӣ, динӣ ва фарҳангии тоҷик – Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Моёншо Назаршоев ва даҳҳо рӯзноманигорону аҳли зиёро ба он ҷо ва сипас ноҷавонмардона нобуд карданд.

Мусаллам аст, ки ТТЭ ҲНИ бо супориши бевоситаи хоҷагону роҳбарият чеҳраҳои саршинос ва шахсиятҳои барҷастаи миллату меҳанро ноҷавонмардона ба қатл мерасонид. Чӣ тавре болотар қайд гардид, террористони наҳзатӣ дар симои яке аз ин шахсиятҳои бузург – Сафаралӣ Кенҷаев душмани оштинопазир ва марде, ки ҳеҷ гоҳ хиёнати онҳоро бахшида наметавонист, медиданд. Ҳамчунин, Сафаралӣ Кенҷаев аз соли 1995 то вопасин лаҳзаи ҳаёт раёсати Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи парлумонро ба уҳда дошт ва маҳз ҳамин буд, ки наҳзатиёни террорист ӯро бештар бад медиданд. Чунки Сафаралӣ Кенҷаев тибқи қонун амал мекард ва дар муқобили наҳзатиҳо аз манофеи миллӣ дифоъ менамуд. Бо ҳамин сабаб террористони наҳзатӣ дар қасди ҷони Сафаралӣ Кенҷаев афтоданд ва дар ниҳоят, 30 марти соли 1999 ба ин мақсади ноҷавонмардонаю палидонаи хеш расиданд.

Ҳеҷ ҷиноят накшода намемонад!!!

Азбаски террористони наҳзатӣ таҳти пӯшиши қавии маблағгузорону хоҷагонашон қарор доштанду амалҳои террористонаро хеле пинҳонкорона пиёда менамуданд,  окшор карданашон хеле мушкилу вазнин буд. Аз ин ҷост, ки фошкории қотилони Сафаралӣ Кенҷаев беш аз 10 сол тӯл кашид. Бо вуҷуди ин, кормандони мақомоти қудратии кишвар дар давоми ин муддат бисёре аз амалҳои ноҷавонмардона ва палидию разилиҳои наҳзатиёни террористро ба пуррагӣ ошкор сохтанд.

Ҳарчанд, қотилони Сафаралӣ Кенҷаев ва дигар ҷаллодони террористи наҳзатӣ ошкор гардиданд ва онҳо барои ҷиноятҳояшон муҷозот шуданд, аммо амалҳои нангини онҳо ҳамчун доғе дар таърихи миллат боқӣ мемонад. 

Бо ин ҳама мардуми Тоҷикистон ҳаргиз фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори миллатдӯст ва ҳомии қонуну ҳақиқат Сафаралӣ Кенҷаевро фаромӯш нахоҳад кард. Хотираи неки ӯ дар қалбҳои мардум абадист. 

 

Парвиз Баҳриддинзода,

корманди Академияи илмҳои ҶТ 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter