ХАБАРИ ДОҒ

 Ба Вазири маориф ва илми ҶТ муҳтарам Маҳмадюсуф Имомзода                         

Ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Юсуф Аҳмадзода 

Ба сардори шуъбаи Раёсати давлатии

молиявии мубориза бо коррупсия 

дар минтақаи Хатлон

муҳтарам Гулмаҳмадзода Ҷамшед

 

  Имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба созандагиву бунёдкорӣ даст бизанем, Ватани азизамон-Тоҷикистонро ободу зебо гардонем. Аммо ба даврони соҳибистиқлолӣ баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳо то ҳанӯз ин нуктаро дуруст дарк накардаанд.   Ҳамин аст, ки болои аспи ҷаҳлу нодонӣ “худам шоҳу табъам вазир”-гӯён ҷавлон зада гаштаанд. 

     Масъулони шуъбаи маорифи н.Восеъ, алалхусус мудири он Орифзода Муҳаммад дар масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои белаёқат ва фарҳангбезор “сабқат” эълон кардаанд. Туфайли он нафароне сари кор омадаанд, ки хизмати бузургон ва афроди обрӯмандро ба андозаи пари коҳе  намегиранд.  

  Бо пешниҳоди ҳайати омӯзгорони МТМУ-и №56, ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соли 2011 подоши хидматҳои арзишманди 1 тан собиқадори ҳизбу меҳнат, ободгари сохти хоҷагидорӣ, дорандаи чандин ордену медал, Сипоснома аз тарафи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, яке аз аввалин ташаббускорон ва бунёнгузорони мактабҳо дар минтақа Абдуллои Ҳасан дабистонро ба номи ӯ гузоштаанд. Аз ин қадрдонӣ ҳамдиёрон ва пайвандони ин шахсияти номвар хушнуд гардида, ба роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ сипоси бепоён баён намуда буданд.  

     Соли 2009 шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ хатмкардаи бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб Шаҳло Самиеваро дар ин дабистон директор таъин намуд.  То омадани ӯ сатҳи сифати таълиму тарбия дар мактаби номбурда хуб буд. Аммо Ш. Самиева аз рӯзи аввали фаъолияташ мақоли “худам шоҳу табъам вазир”-ро шиори ҳамешагӣ қарор додааст. 

     Директори мактаби мазкур соли 2012 аз вазифа сабукдӯш шуду муаллимону хонандагон оҳи сабуке кашиданд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки соли 2018 дубора ӯро боз ба ин мактаб фиристоданд. Ин дафъа доираи харобкориаш аз пешина бештар шуд. Дареғо, то ҳол манзараи ташвишангез ба сурати пешина боқӣ мондааст.

     Мувофиқаи қавонини мавҷудаи омӯзгорӣ марбут ба тақсимоти соат директори мактаб аз 12 соат зиёд набояд дарс бигӯяд. Лекин Самиеваи “тағо”-дор дар баробари роҳбарии “намунавӣ” изофатан, 1 синф гирифтааст, ки хилофи қонун аст! Рӯзҳои шанбе “рӯзи методӣ аст” гуфта хуши ба кор омадан надорад. Инчунин як қисми соатҳои дарсии синфҳои болоиро гирифта, ба омӯзгорони синфҳои поёнӣ вобаст кардааст. Мисоли дақиқ меорем: соатҳои технологияи меҳнат, санъати тасвирӣ ва нақшаро. Ӯ ба арӯси писараш, ки дар басти якум ба синфҳои 4-ум дарс мегӯяд, ҳамзамон дар синфи 8 ”б” соати технологияи меҳнатро додааст. Ин “усул”-и кашфкардаи Ш. Самиева ба соати 3-юми ҳар ҳафтаи рӯзи сешанбе рост меояд. Ҳол он ки келинаш дар ҳамин соат дар синфи худаш ҳам баробар бояд дарс бигузарад. Оё мешавад, ки 1 муаллима дар 1 вақт дар 2 синф дарс бигӯяд? Ҳаргиз! 

     Директор Ш. Самиева худсарона нишонҳои сарисинагии болои он акси Ҷаноби Олӣ тасвирёфтаро, ки ройгон омадааст, аз шуъбаи маориф оварда, ҳар кадомашро ба хонандагони синфҳо бо нархи 7 сомонӣ ба савдо зада, аз ин ҳисоб кисса пур карда гаштаанд. Наход, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Орифзода Муҳаммад ба чунин амали паст роҳ бидиҳад? Он гоҳ омӯзгорон ва хонандагон аз вай чӣ ибрат мегиранд? Оё амали ин роҳбарон дар назди қонун ҷиноят нест? 

     Дар мактаби мазкур 1 нуқтаи оби нӯшокӣ мавҷуд мебошад. Агар неруи барқ бошад, об меояд, набошад, не. Дар ҳоле оби нӯшокӣ набошад, касе ба ин эътибор намедиҳад. Танҳо як зарфи кӯҳнаи сӯрохдор наздики ҳоҷатхона гузошта шудаасту халос.  Ин бошад, дар замони созандагиҳо муҳити нобасомони асари “Мактаби кӯҳна”-и устод С. Айниро ба ёд меорад. Ш. Самиеваи худпараст ҳатто дастуру фармоиши Вазири маориф ва илми ҷумҳуриро дар доираи қавонини пешгирӣ аз пандемияи “KOVID-19” ба инобат нагирифта, мактабро бо ашёи зарурӣ таъмин ва толибилмонро аз хатари ин вабои оламсӯз эҳтиёт намекунад. 

     Охирҳои моҳи августи соли 2019 соҳибкор Садир Мирзоев аз Душанбе дар мошини сабукрави худ барои таъмири мактаб 8 қуттӣ ранг (краска), 2 адад қуттӣ лак, 2 сатил эмулсия, 5 халта хока барои сохтмон ва 1 адад дари дутабақаи оҳанини арзишаш 1100 сомониро оварда буд. Ин ашё дар куҷо, чӣ гуна сарф шудааст, касе намедонад. Дари дутабақаи оҳанини овардаи соҳибкор ҳамоно “ғайб” зада, дар мактаб истифода бурда нашудааст. Худи ҳамон сол бо “ташаббус”-и директор Ш. Самиева аз хонандагон барои таъмир 10 сомонӣ ва аз омӯзгорон 30 сомонӣ ҷамъ карданд. Дар пурсиши бисёриҳо роҳбари  мактаб рафтори ғайриқонуниашро “Аз мактаб қарздорем...”- гӯён рупӯш менамояд.

     Шанеътарин амале, ки дар мактаб рух зад, ба зер овардани акси шахсияти шарафманд Абдуллои Ҳасан аз девори даромадгоҳи мактаб аст. Ба қавли директор гӯё сурат офтоб хӯрдаву худ аз худ ба замин рехтааст. Ҳол он ки акс дар ҷойи соядор насб шуда буд. 

     “Навгонӣ”-и дигари директор кам кардани масоҳати умумии боғи мактаб аст. Тибқи маълумоти ҷойдошта 68 сотихи мавҷуда 25 сотихи он бо сабабҳои номаълум дар сертификати мактаб ворид карда нашудааст. Дар масъалаи кам кардани масоҳати замини мактаб шояд раисони собиқа ва ҳозираи ҷамоати ба номи М. Вайсов Насрулло Саидов, Сайҷамол Латифов ва муовин оид ба корҳои иқтисодӣ Абдусалом Азимов иттилои бештару саҳеҳ диҳанд. 

     Наход, ки масъулони соҳаи маорифи вилоят ва ҷумҳурӣ дар ин самти ҳаётан муҳим аз миёни омӯзгорони кордону ташкилотчӣ ба ҷуз Ш. Самиеваи “тағо”-дори харобкор шахси сазовор ёфта натавонанд?  Чаро мудири шуъбаи маорифи ноҳия Орифзода Муҳаммад имкон фароҳам овардааст, ки директори фориғбол Ш. Самиева ба ҷойи ободу зебогардонии боғи мактаб даст ба харобкорӣ бизанад? Охир, ӯ на лаёқати кордонӣ дораду на саводи кофӣ. 

     Ҳайфи соҳаи маориф бо ин кадрҳои ноогоҳу таназзулпарвараш. Ин қабил ашхоси бефарҳанг бо кадом васила сари кор меоянд? Пас, ҷобаҷогузорӣ (ротатсия) ё аттестатсияи роҳбарон, омӯзгорон ба кадом хотир сурат мегирад? Мантиқан бармеояд, ки дар шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ тағйироти худи роҳбарони соҳаро ба роҳ мондан зарур аст! 

     Бо сарпарастии бевоситаи Президенти мамлакатамон беш аз 2 сол мешавад, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ҷараён дорад ва дар ин росто тамоми китобхонаҳои мактабҳои ҷумҳурӣ фаъоланд. Дареғо, дари ба ном китобхонаи мактаби №56 анқариб аз саҳар то бегоҳ баста мебошад. Барои зебаш аҳён-аҳён онро мекушоянду халос. Ҳамин аст, ки аз мактаби номбурда таи солҳо ягон довталаб дар номинатсияҳои озмун ширкат варзида наметавонад, роҳбарият ҳам парвое надорад. 

     Пеш аз он ки ба Шумо бинависем, аввал ба унвони Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ М. Имомзода ариза навишта будем. Аз чӣ бошад, ки ба ҷойи он ки ин далелҳои қонуншиканӣ ва ҷиноиро ҳуқуқшиносон рафта бисанҷанд, корманди Федератсияи иттифоқҳои касаба Қурбон Раҳимовро ҳамроҳи ҷонишини мудири шуъбаи маорифи ноҳия фиристода, ҳамагӣ 20-25 дақиқа “тафтиш” гузарониданду халос. Дастури Вазири маориф ва илм “иштироки ҳуқуқшиносро таъмин намоед” куҷо шуд? Паҳлуҳои дигари аризаи мо оид ба яғмогариву қонуншиканӣ дар мактаб умуман, мавриди баррасӣ қарор нагирифт. Санҷишгар худи аризадиҳандаҳоро суроғ накарда, онҳо худашон аз куҷое шунида, хеста омаданд. Дигаронаш акнун расида омада буданд, ки “тафтишгарон” ғайб заданд. Магар ҳамин ҳам дар соҳаи маориф аз ҷониби корманди Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ Қурбон Раҳимов санҷиш ном дорад? Аввалан, масоили баҳсбарангези муроҷиати моро набояд Қ. Раҳимов омада сар-сарӣ месанҷид. Дуввум, гумони ғолиб аст, ки ин амал барои аз сар соқит кардани мавзӯъ сурат гирифтааст. Ба хотире “Эътироз надорем” навиштем, ки ҳақро ба ҳақдор мерасонанд. Надонистем, ки дар таги коса нимкоса ниҳон аст! 

     Ҳамзамон, бо имзои чанде аз ин муаллифон дар бораи “директори “тағо”-дор Ш. Самиева дар маҷаллаи ҳаҷвӣ-танқидии “Хорпуштак” №3, 2021 (1063) фелетон ба табъ расидааст. Аммо масъулони соҳа нисбаташ ягон чораҷӯӣ зоҳир накарданд. Чаро? Чаро? Чаро?

    Кас ин манзараҳоро дида, ба андеша фурӯ меравад, ки ба кӣ  муроҷиат намояд, аз кӣ мадад пурсад, киро ба ёрӣ бихонад? Аз ин рӯ, бо умедворӣ ба Шумо муроҷиат мекунем. 

 

    Бо камоли эҳтиром,   Қосимшо Ҳалимов,  омӯзгори МТМУ №56-и  ноҳияи Восеъ Садир Мирзоев,  соҳибкор

      Саидюсуф Маҳмадалиев, собиқадори меҳнат 

Қурбон Исломов,   механизатор

 Наҳтулло Тоҳиров,   сокини деҳа

                                               Садбарг Боронова,  ҳамшираи шафқат   ва дигарон

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter