ХАБАРИ ДОҒ

ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТИ СОТСИАЛИСТӢ

  • Чоршанбе, Июн 09 2021

 

Унвони фахрӣ дар СССР аз соли 1938 то 1991. Дараҷаи олии мукофотест, ки барои хизматҳои барҷастаи давлатӣ дар соҳаи сохтмони хоҷагӣ, маданӣ, фаъолияти сиёсӣ, инкишофи илму техника дода мешуд.

Ин унвон бо фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 27 декабри соли 1938 ба тавсиб расидааст. Унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро ПСО СССР бо ордени Ленин, медали тиллоии «Дос ва Болға» бо Грамотаи ПСО СССР медод...

Соли 1973 бо фармон аз 14 май Низомномаи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дар таҳрири нав қабул шуд. Дар ин таҳрир аз ҷумла гуфта мешавад, агар ҚМС дар як вақт Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ бошад, дар он сурат, дар Ватани (зодгоҳи) онҳо нимпайкараашон гузошта мешавад, мисли ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Барои насли калонсол, онҳое, ки дар давраи СССР зистаанд, чи будани ин унвонро медонанд. Устодони арсаи меҳнат, унвондорони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистии зиёдеро метавонам номбар кард, аммо бо зикри чанде аз эшон иктифо мекунем. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон унвондорони маъруфтарин Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев (ноҳияи Хуҷанд), Абдуғафур Самадов (Пролетар), Карим Исмоилов (Орҷоникидзеобод), Миралӣ Маҳмадалиев (Восеъ), Сироҷиддин Исоев (Колхозобод), Тӯрахон Тошев (Данғара), Лочин Нуров (Шаҳритус), Талбак Садриддинов (Шаҳритус), Сафар Ҷумъаев (Колхозобод), Эшбек Сатторов (Колхозобод), Гавҳарбӣ Пиракова (Восеъ), Шариф Қурбонов (Кангурт) ва дигар диловаронро метавон ном бурд.

Ин ҷо чанд нуктаи мухтасар аз шарҳи ҳоли 5 тан аз қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ: С. Ӯрунхӯҷаев, А. Самадов, М. Маҳмадалиев, К. Исмоилов ва Р. Исмоиловро зикр менамоем, то хонандаи имрӯза баҳравар бошад, ки унвони мазкурро ба чигуна диловарон сазовор донистаанд.   

ӮРУНХӮЧАЕВ САИДХӮҶА (1901, деҳаи Шайхбурҳони ноҳ. Хуҷанд – 14.9.1967, ҳамон ҷо). Яке аз иштирокчиёни фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, навовари истеҳсолоти колхозӣ, 2 карат ҚМС (1948, 1957). Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1948). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1929.

Фаъолияти меҳнатиаш аз с. 1918 чун шогирди бофанда сар шудааст. Солҳои 1928 – 1931 дар сафи Армияи Сурх хизмат ва дар торумор намудани дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек фаъолона иштирок кардааст.

Солҳои 1931 – 1933 раиси Комитети камбағалон ва кооператсияи «Пахташиркат» - и ш. Хуҷанд, мудири бунгоҳи пахта, муовини директори заводи пахтатозакунии ш. Хуҷанд буд.

Соли 1933 дар округи Хуҷанд колхоз барпо намуда, аввалин раиси он гардид. Солҳои 1936 – 1940 раиси колхози ба номи К. Е. Ворошилов, 1940 – 1941 обмони колхози ба номи А. А. Жданов, 1941 – 1951 раиси як қатор колхозҳои ноҳияи Хуҷанд ва аз соли 1952 то охири умр раиси колхози «Москва» (ҳоло ба номи Ӯрунхӯҷаев) – и ноҳияи Хуҷанд буд.

Колхози «Москва» таҳти роҳбарии раиси номвар солҳои зиёд ҳосили баланди пахта (аз ҳар га 24,4 – 26,9 сентнерӣ) ва дигар маҳсулоти хоҷагии халқ рӯёнд.

Вакили съездҳои 21 ва 23 – юми КПСС, Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5 – 7) ва Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 3 - 4).

Бо 3 ордени Ленин, ордени Ҷанги Ватании дараҷаи I, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонда шудааст.

САМАДОВ АБДУҒАФУР (16.2.1909, деҳаи Ғулакандози ноҳияи Пролетар – 1996, ноҳияи Ҷаббор Расулов), пахтакор, 2 карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалисти (1957, 1979), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1977). Аъзои КПСС аз соли 1940. Иштирокчии ҶБВ (1941 – 1945).

Солҳои 1928 – 1932 коргари «Дилварзинстрой» - и ноҳияи Бекободи РСС Ӯзбекистон, 1932 – 1935 колхозчӣ, 1936 – 1938 раиси колхози ба номи М. И. Калинин, 1939 – 1942 раиси правленияи ҷамъияти матлубот буд.

Аз соли 1945 раиси колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷ. Расулов). Колхозе, ки беш аз 40 сол А. Самадов роҳбарӣ кардааст, яке аз хоҷагиҳои пешқадам ва калонтарини ҷумҳурӣ (дорои 22 шуъба ва 114 бригада) буда, ба давлат соле беш аз 30 ҳазор тонна пахта (44 бригада аз ҳар га 50 – 60 сентнери) месупурд.

Иштирокчии Съезди 23 – юми КПСС. Дар съездҳои 10 – 14 – уми ПК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5 – 11) ва депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 3 – 4).

Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнати медалҳо, Грамотаҳои Фахрии ПСО РСС Тоҷикистон мукофотонда шудааст.

МИРАЛӢ МАҲМАДАЛИЕВ. Дар собиқ вилояти Кӯлоб ва кишвар пуровозатарин фарди арсаи меҳнат раиси Миралӣ буд. Миралӣ Маҳмадалиев (10.3.1914, деҳаи Такақирилдии ноҳияи Совет – 21.3.2002, Балҷувон), пахтакор, иштирокчии фаъоли сохтмони колхозӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1951). Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1947), аъзои Совети умумииттифоқии раисони колхозҳо (1969). Аъзои КПСС аз соли 1945.

Соли 1953 курси такмили ихтисоси раисони колхозҳои назди Институти хоҷагии қишлоқи Самарқандро хатм кард. 

Солҳои 1927 – 1939 чӯпон, колхозчӣ, сардори бригада, 1940 – 1949 раиси колхози ба номи Н. К. Крупская ва 52 сол, аз соли 1950 раиси колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Восеъ буд.

Колхозе, ки ӯ роҳбари он буд, ҳар сол ҳосили баланди пахта ва ғалла мегирифт. Колхоз 44103 га замин, аз ҷумла 3400 га замини кишти пахта, 40 бригадаи пахтакорӣ дошт. Ҳар сол ба ҳисоби миёна аз ҳар га 30 – 35 сентнерӣ ҳосил рӯёнда, ба давлат 16 – 17 ҳазор тонна пахта месупурд.

Вакили съездҳои 14 – 18 – уми ПК Тоҷикистон, аъзои КМ ПК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5 – 7) ва Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 4, 8 – 10). Аз соли 1971 аъзои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон.

Бо 7 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо (аз ҷумла 5 медали тилло ва 2 медали нуқра) - и НКХХ СССР, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонда шудааст.

ИСМОИЛОВ КАРИМ (2.10.1907, деҳаи Ҷарбошии ноҳияи Орҷоникидзеобод – 29.6.1968, ҳамон ҷо). Ходими ҳаракати колхозӣ. 2 карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948, 1957). Аъзои КПСС аз соли 1932. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Соли 1928 мактаби партиявиро хатм карда, солҳои 1933 – 1940 муовини раиси комиҷроияи ноҳия, раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия, раиси комиҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1945 – 1946 раиси совети қишлоқи Каросу, 1946 – 1949 мудири шуъбаи зироати техникии комиҷроияи ноҳия, 1950 – 1964 раиси колхози «Москва». 1964 – 1968 раиси совети қишлоқи Эскигузари ноҳияи Орҷоникидзеобод буд.

Таҳти роҳбарии раис колхози «Москва» (баъд ба номи Карим Исмоилов) ба сафи хоҷагиҳои калону гуногунсоҳаи ҷумҳурӣ дохил шудааст.

Дар съезди 14 – уми номзад ба аъзогии КМ ПК Тоҷикистон интихоб гардидааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 4 – 7). 

Бо 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии ПСО РСС Тоҷикистон мукофотонда шудааст.

ИСМОИЛОВ РАҶАБ (1910, деҳаи Ҷарбошии ноҳияи Орҷоникидзеобод – 8.8.1971, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахта РСС Тоҷикистон (1953). Аъзои КПСС аз соли 1939 (бародари Карим Исмоилов).

Фаъолияти меҳнатиро аз с. 1927 сар карда, то 1930 чӯпон, 1931 – 1932 сардори бригада, 1933 – 1934 раиси колхози «Коминтерн», 1935 – 1950 раиси совети қишлоқи Хоҷабойқул, 1951 – 1971 раиси колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Орҷоникидзеобод буд. Бо роҳбарии ӯ колхози ба номи В. И. Ленин ба яке аз хоҷагиҳои серсоҳаи пешқадами ҷумҳурӣ табдил ёфт.

Дар съезди 17 – ум аъзои КМ ПК Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Грамотаҳои Фахрии ПСО РСС Тоҷикистон мукофотонда шудааст.

 

Умар АЛӢ,

1.6.2021   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter