ХАБАРИ ДОҒ

Ситоди наҷоти Кӯлоб бо чӣ кор банд аст?

  • Чоршанбе, Июн 09 2021

 

 Ба таваҷчӯҳи Сарвазири ҶТ мӯҳтарам Қоҳир Расулзода

Ба назар мерасад, ки ситоди наҷоти Кӯлоб аз сели ахирӣ танҳо 1 чиро  мехоҳад: шӯронидану нороҳату норизо кардани мардуми офатзада!!!

Вагарна дар ин 23 рӯзе, ки аз фоҷеа гузашт, метавонистанд ҳама паёмадҳои он селро бартараф кунанд. Вале коре ҳам накардаанд. Бидуни «семблок» шинонидан дар чанд хонае.

Генерал Назарзода: Сарам дард мекунад!!!

Рӯиҳамрафта, чанд боре пеши Раиси ситод, генерал-лейтенант, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Рустам Назарзода дароем, танҳо 1 чӣ мегӯяд:

-Ёд надорам. Аз ёдам рафтааст. Маро сарам дард мекунад!!!

О, рафиқ, генерал, Шуморо Пешвои Миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, ки ба Кӯлоб ва сокинонаш муҳаббати вежа доранд, махсус мондааст, ки мардумро сардард накунед. Вале агар саратон ин қадар дард мекунад, равед, ягон ҷо дам гиред, табобат кунед. Монед, дигар генералҳо, мисли Раҳимзода Рамазон Ҳамро омада кор кунанд. Воқеан ҳам генерал-полковник Раҳимзода аллакай ба сохтусози 17 хона шуруъ кардааст, ки ҳалолаш бод!

Ҳукми генералӣ: хонаи барои зист мувофиқ!

Аз дигар ҷониб шахсан маро бархӯрди генерал Назарзода ҳайратӣ кард. Раҳмонов Неъмат Сатторович -қаҳрамони ш. Кӯлоб аст. Ӯ дар 24 солагӣ ба ҳимояи ҳукумати конститутсионӣ бархеста, бо зархаридони ТЭТ ҲНИ ҷангида, дар шаҳраки Ғарм қаҳрамонона дар соли 1993 кушта шуд. Аҷиб аст, ки номи ӯро на генерал Назарзода медонаду на ягон масъули ситод. Магар ҳамин аст, бархӯрди масъулин бо қаҳрамонҳои Кӯлобшаҳр? Ҳоло дар хонаи раҳматии Неъмат, ки қаблан нимпайкарааш гузошта шуду буд, сипас онро низ валангор карданд,  бародари хурдияш Фатҳулло Раҳмонов зиндагонӣ дорад. Ин хонаро сел тамоман шуста корношоям чӣ, ки валангор кардааст. Вале Назарзода 1 бор аз хонаи қаҳрамон дидан накарда, ҳукм содир кардааст, ки «хона барои зистан мувофиқ аст!». 

Воқеан ҳам, ҳамин маҳаллае, ки сел хароб кард, собиқ кӯчаи Куйбишев, нахустин маҳаллаест, ки дар соли 1992 пурра ба ҷонибдории Ҳукумати конститутсионӣ хеста буду ҳозир низ садҳо ҷавон омодаанд ба Ворухи Исфара рафта, марзи ватанро ҳифз кунанд! 

Ситодро хонаи Фатҳулло гузаронед!

Ман ҳамчун собиқ одами ҷангӣ, ҷанговари башардӯст, ба генерал-лейтенант Рустам Назарзода пешниҳод дорам, ки омада, 1 шаб дар ҳамин хона нотарсида хоб равад. Чаро не? Бигзор ситодашро оварда ҷойгир намояд. Аз ду сар ин ҷо касе зиндагонӣ намекунаду зану кӯдаки Фатҳулло дарбадаранд. Агар омаду хоб карду бом ба сараш чаппа нашуду боз гӯяд, ки «хона барои зистан мувофиқ аст», мо низ зану бачу качи Фатҳулло Раҳмоновро дар ин хоначаи валангор медарорем. Вале бом ба сарашон фурӯ рафт, магар Раиси ситоди наҷоти Кӯлоб, генерал Назарзода ва раиси ш. Кӯлоб А. Вализода ба маргу мири онҳо посухгӯ шуда метавонанд?

Ва аз ҳама охир: Айб аст, шарм аст, ки мӯҳтарам генерал Назарзода ва мӯҳтарам Абдуқодир Вализода, ба хонаи қаҳрамоне, ки ҳамагӣ 500-600 метр дуртар аз ситодашон ҷойгир аст, 1 бор ташриф намеоранд. Пас инҳо бо чӣ кору бор машғуланд?

Фикр дорам, мӯҳтарам Сарвазири ҶТ, ки мардуми Кӯлоб ба ин кас зиёд эътимод доранд, 1 бор ба ин хона, воқеъ дар маҳаллаи Корвонгузар-96 ташриф меоранду ҳақиқати зиндагонии 1 сокини зарардидаро бо чашми сар дида, ба масъулин баҳои сазовор медиҳанд.

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

 

Алихон Шарипов,

Ҷанговари башардӯст, сокини Кӯлобшаҳр

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter