ХАБАРИ ДОҒ

Вақте Ватанро мефурӯхтанд…

  • Чоршанбе, Июн 16 2021

 

 

2-3 душмани миллати Тоҷик, ки 63 сол пеш дар курсии раҳбарияти вилояти Ленинобод менишастанд, бо фиреб додани ҳукумати марказӣ замини Тоҷикистонро бо 2 дасти адаб ба РСС Қирғизистон доданд! 

 Баҳсҳои заминӣ: кӣ ҳақ ва кӣ ноҳақ?

Ҳафтаи гузашта ВАОи кишвар дар бораи он, ки марзбонони қирғиз хати марзро убур намуда, аллакай дар атрофи теппаҳои Хоҷаи Ғорбобо қарор гирифта, барои кашидани хатти нави сарҳад омодагӣ мегиранд, хабар доданд. Марзбонони қирғиз инчунин ба аксбардорӣ ва чен кардани хати марз машғул шуда, мардуми маҳаллӣ пайваста бо марзбонони кишвари ҳамсоя дар баҳси лафзӣ қарор доранд. На танҳо марзбонон, балки масъулини кишвари ҳамсоя низ қаблан борҳо гуфта буданд, ки заминҳои атрофи теппаҳои Хоҷаи Ғорбобо ҳудуди Қирғизистон аст. Сокинони Ворух, ки дар ин макон заминҳои кишоварзӣ, ҳатто хона доранд, акнун нигарон аз онанд, ки замину манзили онҳо дар он сӯи марз хоҳад монд. Бояд гуфт, тайи 30 сол аст, ки ин қазия-таъйин ва аломатгузории минтақаҳои баҳсии марз дар байни Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад ва дар ин муддат қадаме ба пеш гузошта нашудааст. Газетаи СССР дар пайи ин моҷаро тасмим гирифт 1 бори дигар масъаларо баррасӣ карда, бо истифода аз маъхазҳои таърихӣ, алалхусус, қарорҳо ва фармонҳои тақсимоти замини наздимарзии солҳои шӯравӣ, кадом ҷониб ҳақ ва кӣ ноҳақ будан дар ин қазияро пайгирӣ намояд. Мо Метавонем!

 34 (52) ҳазор га замини баҳсӣ аз кист?

Тавре маъхазҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, баҳсҳои ҳудудӣ ва заминӣ дар байни ҷамоҳири Тоҷикистон ва Қирғизистон падидаи нав нест ва дар тӯли 80 соли охир вобаста ба ин қазия 17 маротиба ҷанҷолҳои шадид сар задаанд. Мутаассифона, дар тӯли ҳамаи ин солҳо ҷонибҳо натавонистанд ба 1 хулосаи аниқ омада, ба баҳс нуқта гузоранд. 34.000 га замин (дар баъзе маъхазҳо 52.000 га)-ин аст сабаби асосии баҳсе, ки то имрӯз поён наёфтааст. Ин заминҳо, ки ягон ҳуҷҷат надошта, дар ягон харита низ сабт нашудаанд, имрӯз ба қавле «яблоко раздора» байни 2 кишвар гаштаанд. Дар ин радиф ҷониби Қирғизистон мегӯяд, вобаста ба пеш омадани баҳсҳо дар замони шӯравӣ марзи 2 кишвар гузошта ва ишора нашудааст. Ин аст, ки ин заминҳо на ҳуҷҷатгузорӣ ва на дар харита ишора шудаанд. Қирғизҳо таъкид медоранд, ки ҳудуди баҳсӣ ба қаламрави кишварашон тааллуқ дошта, худи ҷониби Тоҷикистон инро с.1958 бо имзои муовини раиси вилояти Ленинобод Кувшин ва раиси Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон Қаҳҳоров тасдиқ кардааст. Тарафи Тоҷикистон бошад дар ҷавоб ба ин далелҳои кишвари ҳамсоя иброз медорад, ки хати марз дар байни 2 кишвар тасдиқ гашта, дар ин бора якчанд ҳуҷҷату санадҳои картографӣ арзи вуҷуд доранд. Дар ин санадҳо на танҳо ҳудуди баҳсӣ, балки марзи 2 мамлакат бараъло кашида ва ҷудо карда шудааст.

Маъхазҳо чӣ мегӯянд?

Мо кӯшидем, аз тамоми маъхазҳо, бойгонии шӯравӣ, архиви ҳар 2 ҷумҳурӣ маълумот, ҳуҷҷат, санад ва дигар матлабҳои вобаста ба тақсимоти марз ва ин заминҳоро биёбем ва бубинем, ки дар ин баҳси тӯлонии заминӣ кадом ҷониб ҳақ аст. Зимнан, барои дарёфти ҳақиқат СССР мавқеи бетарафиро риоя кард, то хонанда худ қазоват кунад, ки ин заминҳо моли кистанд?!

Аз соли 1924 то…

Бино ба иттилои маъхазҳо, тартиби корӣ оид ба тақсимоти ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо номи «Дастур ба комиссия оид ба тасдиқи марзи давлатҳои навбунёд» («Наказ комиссии по уточнению границ новых государственных образований»), ки 1.01.1924 тасдиқ ва муайян шуда буд. Аз рӯи ин дастур бояд ҳудуди давлатҳо, хоса, Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ мегашт. Тибқи он, с.1929 Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон, ки то ин дам дар ҳайати РСС Ӯзбекистон қарор дошт ва вилояти автономии Қара-Қирғиз, ки дар ҳайати РСФСР буд, ба ҷамоҳири алоҳидаи шӯравӣ табдил ёфтанд. Тибқи қарор аз 31.08.1929 Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон округи Хуҷанд ва 5 ноҳияи зертобеи ин округ-Хуҷанд, Нов, Ашт, Исфара ва Конибодомро бо рӯйхати тамоми қишлоқу деҳаҳо низ дод. Вале ҳангоми вогузор намудани округи Хуҷанд ба Тоҷикистон, марзи ин округ бо Ҷумҳурии Қирғизистон тасдиқ ва муайян нашуда буд. То бунёди ин 2 ҷумҳурии алоҳидаи шӯравӣ масъалаи баҳсноки ҳудудӣ пеш намеомад, лек пас аз ҷудо шудани онҳо аз ҳайати Ӯзбекистон ва Россия ин баҳсҳо қариб ки доимӣ шуданд. Бино ба қарори №7-и ҷаласаи Пленуми кумитаи ликвидатсионии Осиёи Марказӣ аз 17.03.1925 ҳудуди РСС Тоҷикистон бояд ба 37,2 ҳазор га калон карда мешуд ва участкаи «Ворух» тибқи ин қарор мебоист ба ҳудуди асосии н.Исфараи Тоҷикистон мепайваст, вале он то ҳол аз ҳудуди асосии худ ҷудост.

 Аз мост, ки бар мост…

Баъдан, солҳои 1949, 1958, 1959 ва 1961 Шӯрои вазирони Тоҷикистону Қирғизистон борҳо комиссияи муштарак ташкил намуда, сари баҳси ҳудудӣ ва заминӣ масъулинро шинониданд, лек кори ин комиссияҳо низ на пеш рафт ва на ба чизе ноил шуд. Комиссияи паритетии шӯравӣ солҳои 1958-1959 ва 1989 якчанд пешниҳоди хешро барои ба мусолиҳа овардани тарафҳо ва ҳалли масоили марзӣ ба роҳбарияти Тоҷикистону Қирғизистон ирсол карда буд. Ин пешниҳодҳо бидуни омӯзиш, баррасӣ ва баҳисобгирии назари ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби исполкоми вилояти Ленинобод ва Шӯрои депутатҳои вилоят таҳти №195 аз 28.06.1958 ва таҳти №386 аз 3.12.1959 тасдиқ шуданд. Қирғизистон дар ҳолати яктарафа онро қабулу эътироф карда, то имрӯз низ таъкид медорад, ки ин ҳуҷҷат дуруст аст ва аломатгузориву тасдиқи марз бояд тибқи ин ҳуҷҷат сурат бигирад. Тоҷикистон то ҳол ин ҳуҷҷатро беэътибор меҳисобад, зеро дар Душанбеи расмӣ он ба тасвиб нарасида буд! Аз ин бармеояд, ки 2-3 душмани миллати Тоҷик аз фурсат истифода бурда, бо фиреб додани ҳукумати марказӣ 63 сол пеш, дар курсии ҳукумати вил.Ленинобод нишаста, ғайриқонунӣ ва бар хилофи Конститутсияи РСС Тоҷикистон заминҳои барои Тоҷикистон пешбинишударо бо 2 дасти адаб, барои иҷораи чарогоҳ,  ба кишвари ҳамсоя додаанд! Ин нафарон он замон медонистанд, ки оқибати ин баҳсҳои заминӣ мардуми 2 кишварро то куҷо хоҳад бурд. Шояд онҳо хостгори ҳамин ҳам буданд, то байни 2 миллату давлат тухми кинаву адоват бикоранд!?

Ҳукумати марказиро шарт ва зарур аст, ному насаби ин хоинони ватанфурӯшро расман фош кардаву исмашонро бо хатти сиёҳ дар таърихномаи Миллати Тоҷик нависанд ва тавъам бо ҳайкали хоини дигар-Абдулло Раҳимбоев-кумири пантуркистони маҳаллӣ, ҳайкалу номашонро гум кунанд. Воқеан ҳам, шояд қомат афрохтани нимпайкараи Раҳимбоев дар маркази Хуҷандшаҳр хидмати пантуркистони муосири хуҷандист, ки ба осиёби ватанфурӯшон об мерезанд. Мо метавонем!

 

М.Аминзода,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter