ХАБАРИ ДОҒ

Матлаби фавқро ба Асадуллои Раҳмон, Қурбоналӣ Раҳмонзода ва Бахтиёр Назарзода-ҳамкасбон ва дӯсти кӯдакии ба наздик модаргумкардаам мебахшам…

14.06.2021. Очаҷони ман 90-сола шуд! Оре, шуд, на ин ки  «мешуд». Зеро то ману фарзандонаш ҳастему ба ин давлату ин ҷамъият, ин халқу ин миллат хидмате мекунем, Очаи ман зинда аст! Очаи ту ҳам зинда аст, хонандаи ин сутур, агар ту низ мисли ману мо камари хидмат бар халқу миллатат барбастаӣ. 

Вале Очаи онҳое дигар нест, ки барои манфиати хеш ба сар мебаранд. Ҳатто агар намозу саҷдаву зуҳду риёву ҳаҷҷу дағ-дағаву дам-дамае, барои худнамоӣ мекунем(д), пухта донед, ки очаа(т)мон мурдааст. Зеро ману шумо хайрияи ҷорием ва агар ин хайру сахо бар мардуми Худо мерасад, пас роиҷ аст, ки гӯянд, фулонӣ зинда аст, агарчи мурда бошад. Ва ману мову шумо низ бояд фарзандоне тарбият кунем, ки фардо хидматгори ин миллату ин давлат бошанд, то номамон ва рӯҳамон зинда монад. 

 Матлаби фавқ боре нашр шуда буд. Ин бор таҳрирхӯрда чоп мешавад. Вале мӯҳтавояш ҳамон аст; Иззат гузоштан аз қаҳрамони даврони мо-Очаи ман, Очаи ту, Очаи вай, Очаҷонҳои мо. 

Ин мақоларо барои он бознашр мекунам, ки фикр дорам, 14 июн барои ман муқаддас аст. Зеро дар ин рӯз Очаҷони ман таваллуд шудааст-офаридгораке аз офаридаҳои Офаридагор. Очаи ту ҳам, хонандаи ман, ҳатман зодрӯз дорад ва агар он санад аз хотират рафтааст, бок нест, ин матлабро ман ба Очаи ту низ мебахшам! Зодрӯзи Очаи қаҳрамонат муборак, визави. Мо Метавонем!

 Чаро Оча гуфтам? Зеро ман ёд надорам, ки Ӯро боре Модар гуфта бошам, илло ба рӯзи 8-март ва Зодрӯзаш-14.06.1930, ки табрики расмиаш мекардам. Кӯдак будам ва ба Ӯ шеъри Модар мехондам. Ба вежа дар 8-март, ки худ ба кӯҳ баромадаву гулаш мечидам ва мегуфтам:

Ман аз кӯҳсор гул чиндам, 

Ман аз ҷӯйбор гул чиндам,

Ман аз гулзор гул чиндам,

Бишуд гулдастае тайёр,

Барои Модари ғамхор...

Фикр дорам, муаллифи ин шеър ва ҳар шоире, ки Модар гуфта шеър менависад, ҳатман модарашро дар зиндагонӣ Оча гуфтааст, ё Бува, ё Она ё Ача ё…

Ӯ низ 1 умр барои ман Оча буд! Вақте ба поям хор мехалид, дастам хуншор мешуд, меафтодам, мепаридам, меҷастам, лат мехӯрдам… «вой Очаҷон!» мегуфтам, на «Оҳ, Модарҷон». Зеро Ӯ Очаҷон буд…

 Очаи ман дар тарбияти ман дасти тамом дошт. Имрӯз дар бисоти фардии хеш ҳар чизе, ки дорам аз Ӯст: маро Ӯ сохта аст, ҳамчун индивид ва ҳамчун шахсият. Табиист, ки ҳама зан таваллуд мекунад. Вале ангуштшумор занҳо ҳастанд, ки сипас фарзандро СОЗАНД! Очаи ман аз ангуштшумор модарони Тоҷик буд, ки маро зода, сипас сохт…

Ҳамагӣ 4 синф хонда, вале сахт басавод буд. Зеро 7 фарзандро ҳамеша ба дарсу мактаб омода мекард. Программаи таҳсилоти мактаби миёнаро, ки алорағми барномарезии даврони истиқлолияти мо, ҳаргиз тағйир намеёфт, 100% аз худ карда буд. Зеро намехост фарзандонаш бесавод монанд. Ёд дорам, ки математика, алгебра ва геометрияро аз ҳамаи мо чӣ, ки аз омӯзгоронамон хубтар медонист. Мо 7 тан фарзандаш ҳама аълохон ва фахри мактаб будем ва ин ҳама муваффақиятамон бар ивази заҳамоти шабонарӯзии Очаам муяссар гаштааст.

 Очаи ман аслан баҳои 4-ро қабул намедошт! Танҳо 5!!! Ӯ, вақте, ки ман шоҳмотбоз будаму дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ баромад мекардам, ҷои 2 ва 3-ро аслан қабул намекард. Мегуфт, ту аз дигарон чи камӣ дорӣ, ки набояд дар ҷои 1 бошӣ? Гуштӣ мегирифтем, футбол мезадем ё хоккей (дар шӯравӣ хоккей варзиши №1 буд), ҳамеша Очаам маро танҳо дар сафи аввал дидан мехост; ё чемпион ё капитани даста. Дигар мавқеъ барои Ӯ вуҷуд надошт. Яъне Ӯ аз ман ЛИДЕР дар миёни ҳамсолон метарошиду ман бе хабар...

Ман Очаамро дӯст намедоштам!... 

Зеро фикр мекунам, ин мафҳум он ҳиссиётеро, ки ман нисбат ба Очаам доштам, наметавонад фаро бигирад. Очаам ба ман бештар аз мафҳуми муҳаббату дӯстӣ манзалат дошт: 

-Ман Ӯро чун оваридгори худ, чун нафаре, ки маро таваллуд кардаву парвардаву офаридааст, дӯст медоштам. Хеле бадтар ин суханони пайғамбари охируззамонро хондам, ки "Агар иҷозати парастиши дигар кас мешуд, ман Модарро мепарастидам"-тақрибан чунин гуфта буд. Яъне ман бо эҳсоси кӯдакӣ  дарк мекардам, ки Очаи ман чизе бештар аз Модар ва 1 Одам аст...

Албатта, барои ман.

 Очаи ман хушрӯ буд! Оҳ, хушрӯе будеее. Ёд дорам, аз пасаш «афсунхонан» мегаштам, ки касе Очаи маро чашм накунад! Дар таки попӯшаш порӯи мурғ мешакидам, ки чашми бадро буррад. Хоб мешуд, пашму риштаи пойафзори меҳмононро дудӣ мекардам, ки очама чашм накарда бошанд?! 

Ман ӯро бо ана ҳамон хурофоти тифлӣ намоз мегузоридам ва ҳифз мекардам!!!

  Дар солҳои 50-уми асри гузашта, ки Роҳи Оҳани "узкокалейка"-ро бо ҳашару дастобадаст месохтанд, сохтмончии фаол буду тахаллусаш "Гули Данғара". То ҳол дар деҳаи Сеншайхи Данғара овозааш ҳаст, ки ҳама, ҳатто раисону вазирон ошиқаш буданду «1 сағераи детдомӣ»- Падари ман, Ӯро бо модараш, яъне бибии ман, дуздида бурд: дигар роҳи висол барояшон намонда буд, охир... То охири умр ҳамдигарро дӯст медоштанд, агарчи заҳамоте бар ҳам зи сари муҳаббат, рашк ва таассуби Ишқ мерасониданд...Ишқи асил чун ба васлат расад, ҳамеша чунин заҳматҳо дар пай дорад! Ман инро аз хурдӣ дидаву кӯшиш мекардам ба дӯстдоштаам издивоҷ накунам...

 Ман бӯйи Очаамро то ҳанӯз дар хотир дорам: -Ӯ бӯйи таппак, бӯйи оғилхона мекард!!!  Очаам, зикка, ки буд, 3 камзул дошт: яке барои кору бори хона, дигар барои рӯбучини оғил ва саввумӣ барои нонпазӣ. Ва ҳар вақте Очаам камзули барои оғилашро субҳи козиб, пеш аз хоб хестани ман оварда меовехт...аз он ба ман бӯйи...таппаку оғил мезад ва ман фикр мекардам, ки ин бӯйи Очаам аст ва чӣ бӯйи хуше буд-бӯйи он камзул. Хаёли кӯдакӣ маро, албатта, фиреб мезад, вале он бӯй ҳамчун бӯйи Очаам то ҳанӯз дар машомам мондааст. 

 Бӯйи дигари модари ман бӯйи чагдон ва фатири гарм мекард. Вақте худро ба оғӯши Ӯ сари чагдон меафгандаму аз дасташ "Тагғарфа" мехӯрдам-таоме, ки аз нони гарми навкандаву намаку обу қаламфур таҳия месозанд, бӯйи баданаш, ки омехтаи нони гарм буд, маро маст мекард. Очаам мегуфт, биҳишт чанд бӯй дорад ва яке аз онҳо бӯй нони гарми нав аз чагдон канда аст:

 -Оғӯши Очаи ман бӯйи биҳишт дошт!...

Очаи ман 17 сол аст, ки бо ман нест. Вале ин рӯз, ки зодрӯзаш аст, 1 умр бо ман, дар ман ва аз ман аст...

Зодрӯз муборак, қаҳрамони даврони ман, Очаҷонам!!!

14.06.2016-14.06.2021

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter