ХАБАРИ ДОҒ

Муаллими «гунаҳкор» ва мактаби «бе дарвоза»…

  • Чоршанбе, Июн 23 2021

 

 

Оё нозири минтақавӣ ё намояндаи дигар мақомот ҳақ дорад аз муаллим «конспект» пурсад? Аксарияти омӯзгорон аз тафтиши зиёди мақомот ба дод омадаанд… 

   Пас аз арзу шикоят ва интиқоди шадид, алалхусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 02.06.2021 Вазорати маориф ва илми ҶТ пеш аз мӯҳлат оғоз шудани таътили тобистонаи хонандагонро эълон кард. Тибқи Фармоиши Вазири маориф ва илми ҶТ “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” хонандагони синфҳои 1 аз 3.06 ва толибилмони  синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, 7.06 ба таътил баромаданд. Вале нафаре аз масъулин нагуфт, ки таълим чаро тӯлонӣ шуд ва дар шабурӯзе, ки шукри Худо пандемия, мисли соли пор, ба тадрис халал ворид накард, чаро Вазорати маориф дарсро тӯл дод?

    Ҳамчунин дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн, синфҳои 5-8 ва 10-11 аз 9 июн то 17 июн, синфҳои 10 аз 9 июн то 16 июн, синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида мешаванд.

 Тавре дар боло ишора кардем, ин тасмими Вазорати маориф ва илми мамлакат дар пайи интиқод ва эътирози шадиди волидайн сурат гирифта, падару модарон дар бораи соли таҳсили аз ҳад дароз (соли нави таҳсили 2020-2021 ду ҳафта пеш аз 15 август оғоз шуда буд), синфхонаҳои гарм ва барномаи ба итмом расидаи мактабӣ изҳори нигаронӣ карданд. Воқеан ҳам, вақте барномаи таълимӣ аллакай то 25 май ба охир мерасад, пас чаро хонандаи мактаб бояд боз 3 ҳафтаи дигарро паси парта гузаронад? 

Ба ҳамааш муаллим гунаҳкор?

   М. Раҳматулло, омӯзгори яке аз мактабҳои н.Восеъ ба он ақида аст, ки системаи анъанавии давраи пеш нисбат ба системаи даврони ҳозир, яъне салоҳиятнокӣ беҳтар буд. 

   - Он вақт масъулияти падару модар дар назди фарзанд ё ин ки муаллим дар назди талаба хеле ҷиддитар буд. Муаллим метавонист ба ҳар восита фикру ақидаи хешро ба падару модар ё хонандагон бифаҳмонад, волидон масъулият ҳис мекарданд. Шароити имрӯза хеле вазнин аст, чунки талаба мабодо ягон рӯз бе либоси мактабӣ дарс ояду дар дасти нозири минтақавӣ ё ягон корманди шуъбаи маориф афтад, метавонанд ҳатто омӯзгорро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Даврони пеш ба кадом либос меомаданд тозаву озода будан кофӣ буд. Ҳоло хонанда аз 1 дӯкон либос харад,  маҷбур мекунанд, ки рафта аз фалон макон либос гир! Ин боиси муноқиша байни волидону хонандагон ва  асабхаробии устодон мегардад. Қаблан дарс дар ҳамаи ҷо  то 25 май аз рӯйи 1 соата 34 соат, 2 соата 68 соат, аз рӯйи 3 соата 105 соат дар 1 сол муқаррар гардида, яку якбора қатъ мешуду тамоми нақшаи дарсӣ пурра иҷро мегардид, ҳоло дигар касе чизеро намедонад!- мегӯяд ин омӯзгор. 

   Дар ин робита бояд гуфт, ки омӯзгорон низ бо чунин системаи таълим бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Аз тарафи шуъбаи маориф нақшаи солонаро равон мекунанд, он пурра наметавонад то 14 ё 7 июн басандагӣ кунад. Муаллимон маҷбуранд нақшаро вайрон карда боз такрори мавзӯъҳоро гузаранд. 

Мактаб шаҳри бедарвоза?!

   Боз 1 проблемаи дигар он аст, ки ба ғайр аз вазорат, раёсат ва шуъбаи маориф ба мактаб дигар мақомотҳо ҳам «хӯҷаин» шудаанд. Ҳар касе хоҳад ба мактаб сар халонда аз муаллим «нақшаи 1 соатаи дарсӣ» мепурсад. Оё нозири минтақавӣ ё  намояндаи дигар мақомот ҳақ дорад аз муаллим «конспект» пурсад? Аксарияти омӯзгорон аз тафтиши зиёди мақомот ба дод омадаанд. 

 Ҳоло бо якчанд савол ба Вазорати маориф ва илми ҶТ муроҷеъ мешавем?

1.Оё ба ғайр аз Вазорат, Раёсат ё шуъбаҳои маориф дигар мақомот ҳаққи тафтиши «конспект»-и омӯзгорро дорад?

2.Оё Вазорат бо дигар мақомот шартнома дорад, ки омӯзгорро санҷанд?

3.Сабабҳои ба таъхир андохтани дарсҳо то 14 июн ва ҳоло 7 июн дар чӣ буд ва то ин муддат чӣ натиҷа дод? 

4.Барои чӣ занги охиринро манъ карданд? Оё бетартибии чанде беадаб сабаб шуда метавонад, ки хушии кулли хонандагонро аз байн барем?

5.Чаро дар Россия, Амрико, Аврупо ва тамомии кишварҳои Осиёи Миёна «Занги Охир» садо медиҳаду дар Тоҷикистон не?

6.Шанбегиҳои пай дар пайи омӯзгорон дар кадом қонун омадааст?

7.Чаро Иди алифбои кӯдакон мисли пештара бо шукӯҳу шаҳомат намегузарад?

Исматулло Собирӣ,

 СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter