ХАБАРИ ДОҒ

Ғарибӣ мехонему ришва дода, билети ғарибӣ мехарем...

  • Чоршанбе, Июн 30 2021

Воқеан ҳам миллати парадоксем. Дирӯз дар тӯйи арӯсии фарзанди 1 дӯст будаму 1 сарояндаи хубамон ҳини базми ҷамшедӣ, ки бояд тантанаи шодиву нишот бошад, сурудҳои ғарибиву мусофирбаччаву муздурӣ, модарҷудоӣ, русияравӣ, ғуломбардагӣ ва азобу азияти гастербайтерӣ мехонд. Вале парадокси аслӣ ин ҳам набуд, ки сароянда ҳини шодӣ ғамнома месароид, парадокс ин буд, ки 1 тӯйхона...мерақсиду шодиву хурсандӣ мекард, таҳти зам-замаи суруде, ки бубояд гиристу гиристу гирист!!!

Маро ин ҳин 1 қиссаи устод Одина Ҳошим ёд омад, ки айни чунин вазъ, ки ӯ наъти “Каллаи пӯсида” мехонд, чанд ширкайф ба рақс даромаданду базмро қатъ карду гуфт:

-2 бор мегум, ҷавонони нағзи сархуши миллат, ин суруд барои андеша аст, на рақс!!!

Ин сароянда чунин нагуфт. Зеро барои чунин сухан гуфтан, бояд дилу гурдаи Одина Ҳошим дошт...

 Вале баҳси мо сари ин рақсу ун суруд ҳам нест. Сухан ин аст, ки чаро мо-тоҷикон, ки бо 1001 ҳилаи шаръиву ғарбиву шарқӣ, пулу пайсаи барзиёд додаву ришваву фасод карда, билет мехарем, кассаҳоро чаппагардон мекунем, агар самолёт дер кард, митинг таъсис медиҳему он-лайн репортаж карда, оламро ба ларза меорем, то тезтар ва ИХТИЁРӢ Россия равем, вале расидан баробар нолаи ғарибиву  мусофирӣ мекунем?

Воқеан ҳам, муздурӣ, гастербайтерӣ, экспансияи мардикорӣ, агар барои аксарият давлатҳо 1 падидаи оддии муосир бошад, пас барои зумрае абарқудратон ҳатто сиёсати бузурги давлатӣ-геополитика аст. Мисол мехоҳед? Марҳамат:

-Хитой!!! 45 миллиону 430 ҳазор хитоӣ муздури мавсимӣ ё худ ба забони шоирони муосири тоҷик “мусофиру ғариб” мебошанд. Вале кадом хитоӣ суруди ғарибӣ мехонаду нолаву шеван мевардорад? 

Забони чиноиро шахсан ман ҳам, чун ту-хонандаи ин сутур, намедонам, вале бовар дорам, ягон шоири хитоӣ ин номаъқулиро, ки мо-Тоҷикон мекунем, намекунад! Агар мекард, сар аз Конфутсий то Брус Ли  ақаллан сужаи 1 филм меофариданд, ки дар он хитоиҳо зидди “мусофирату ғурбат”-анд. Баракс, дар ҳама филмҳошон мебинем, ки чиноиҳо кӯшишу талош доранд, аз ватан ба Амрикову Аврупо раванд. Россия низ пури хитоист! 

«Жёлтая опасность» ё худ Уellow peril, ким-кай Россияро зери хатар кашидааст. Сухан сари ин аст, ки теъдоди чиноиҳо «дар Сибир ва Шарқи Дури ФР ба таври бесобиқа меафзояд ва дур нест соате, ки ин территория пурра хитоӣ шавад!»-ин сухани ман нест; ин ҳушдори худи русҳост.

Ҳоло сари ин хатари Уellow peril (Таҳдиди Зардпӯстон) дар Амрикову Аврупо нагуфтаем! Рӯиҳамрафта, Ветнам Аврупои Шарқиро бо маънии томаш ғасб кардаасту Филиппин қораи араб ва Банғолаву Ҳинд Саъудиву Аморатро...

 Фарзи мисол, дар авоили солҳои 1990, ки Республикаҳои собиқ сотсиалистии Аврупои Шарқӣ “аз юғи СССР” халос хӯрданд, дар масъалаи имигратсия, ҳамагӣ ба доми абарқудратони ғарбӣ уфтоданд. Масалан, Германия ба Чех пешниҳод намуд, ки сари ҳар муҳоҷири ветнамӣ ба Прага 1 млн доллар сарборӣ медиҳад. Бар ивази 3-4 млрд доллар, чехҳои нодон садҳо ҳазор ветнамиро пазируфтанд. Ва танҳо баъдан дарк карданд, ки онҳоро фиреб додаву “ғуломҳои нодаркор”-ро ба ишон фурӯхтаанд. Гап сари ин аст, ки немисҳо наметавонистанд пас аз генотсиди яҳудиёну русу белорусу полшавиҳо дар соли 1937-45, миллион ветнамии дигарро низ маҳв кунанд. Гирифтанду фурӯхтанд! Акнун Чехия омода аст, инҳоро бар ивази 30 млрд доллар бозпас ба Олмон равон кунад. Аммо наметавонад! Инро ҳиллаи шаръӣ мегӯянд...

Вале сухан сари ин макру ҳилла нест. Гап ин ҷост, ки хитоиву ветнамиву филипиниву ҳиндӣ ҷои зам-замаи ғарибӣ ва мусофират, ба оҳистагӣ, вале пайваста, ҷои мардуми бумиро гирифтан доранд. Ва медонед чаро? Зеро мигрантҳо, ки барои зиндагонии шоиста мераванд, ҳамеша талош доранд, то муваффақ шаванд. Тоҷикон низ мардуми пурталош ва серғайратанд. Сафи миллиондорони Тоҷик танҳо дар ФР аз 100 тан ҳам гузаштааст ва ин аввали кор мебошад. Тоҷикон дар Авурупову Амрико низ ба дастовардҳои бемисл ноил шудаанд, ки мавзуъи баҳси дигар аст. Мавзуъи баҳси имрӯза ин аст, ки биёед, шиорони мӯҳтарам, адибаҳом муҳтарама, Тоҷикони гиромӣ ва ҳамватанони азиз, ки бо 1001 ҳиллаи шаръӣ фарзандонамонро “балое карда” Россия мефиристем, ҳамин “ғарибӣ, мусофир, муҳоҷирбаччаи бечора”-сароиданҳоро бас кунем. Чӣ гуфтед?

...Вақте ҳамин матлаб дар сарам мепухт, сӯҳбати 1 пирамарди 70-сола бо Алии Беҳудудро шунидам, ки аввалӣ мегуфт:

-Паъати бачам, 3 сол нашидаст кору борашро, аз Росия баргашта омад. Мегӯяд шуморо ёд кардам. О, телефон аст, интернет аст, вотсапу вайбер аст, ҳар рӯз бо мо гап мезанӣ, куҷо меой? Пул кор кардан даркор...

...Шояд хонандае ин мардро ба ситамкорӣ гунаҳкор кунад? Ҳамонгунае, ки ман карда будам. Вале агар даст бар рӯи сина гузорем, аксарияти кулли волидайн МЕХОҲАНД, ки фарзандонашон ба Россия ба мардикорӣ рафтаву пул кор карда фиристонанд. Ҳақиқат ана ҳамин гуна сахт ва талх аст, ки ман гуфтам. Чуқур андешед, пеш аз ҳукме содир кардан ва бо ман мувофиқ меоед, ки чунин ҳаст, буд ва мемонад. Дар сурати акс, кору бор дар Тоҷикистон ҳам кам нест. Вале маошаш кам аст.

Мигратсия барои миллату давлати мо низ БОЯД геополитика шавад. Ҳар касе чизе дорад, ҳамонро мефурӯшад. 

Виждонро аз парадокс орӣ куне(м)д, ба ҳама дастовард мерасем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter