ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳринав: раис қабул дорад!

  • Чоршанбе, Июн 30 2021

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Шаҳринав мақолаи хонандаи ҳафтаномаи «СССР» Гулнисо Ҳомидоваро аз 22.04.2021, №16 (657) таҳти унвони «Шаҳринав: раис кай қабул мекунад?» мавриди баррасӣ қарор дод. Номбурда, ки суроғаи аниқи худро дарҷ накардааст, дар мақола қайд менамояд, ки гӯё 4 ҳафта боз ба қабули раиси ноҳия меравад, вале ӯро дарёфт карда наметавонад.

Бояд гуфт, ки раиси ноҳия рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аз соати 800 то охирин муроҷиаткунанда шаҳрвандонро қабул карда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо ба масъулин ба таври хаттӣ дастур медиҳад ва оид ба рафти қабули шаҳрвандон протокол таҳия карда мешавад. Ҳамин тавр, аз 9 январ то 24 апрели соли ҷорӣ 553 нафар шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе ба раиси ноҳия ба таври шифоҳӣ муроҷиат кардаанд, ки доир ба натиҷаи иҷрои арзу шикояти онҳо аз ҷониби масъулин бевосита ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас ирсол карда шудааст.

Ногуфта намонад, ки ному насаб ва суроғаи муроҷиаткунандагон дар қабулгоҳи мақомоти иҷроия аз ҷониби масъулони шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон дар дафтари махсус қайд карда мешавад. Вале ному насаби Ҳомидова Г. дар чунин китобҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин даъвои Ҳомидова Г. дар бораи бевосита дар маҳалҳо доир нагардидани қабули муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия низ беасос мебошад. Зеро тибқи тақвими мақомоти иҷроия аз 3 феврал то 17 марти соли ҷорӣ рӯзҳои чоршанбе дар ҳамаи ҳафт Ҷамоати шаҳраку деҳот қабули раиси ноҳия ба роҳ монда шуд, ки 170 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд.

Бахши иттилоотӣ-таҳлилии 

МИҲД н.Шаҳринав

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter