ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: чӯпонӣ кун!

  • Чоршанбе, Июн 30 2021

 

 

Подабонӣ кори пур аз машақат, азоб, ташнагӣ, гуруснагӣ, гармӣ ва аз ҳама муҳим масъулияти баланд аст. Чун мардум ҳақ медиҳаду бузу гӯсфандашро амонат, шӯбон бояд онҳоро гум нокарда, сер ва (гарчанде баъзе «бузи паъат» мегузаронад) соқу саломат  ба соҳибаш баргардонад. Вале бо ин ҳама заҷр ин корро мардум бо назари паст ва Чӯпонро беқадр мешуморанд. Чӯпонӣ азалист. Ин корро аксарияти кулли Паёмбарон низ кардаанд.

16.06.2021. Соат ба вақти СССР 09:37 дақиқа. Ҳушдор ба ҷавононе, ки ба редаксияи СССР корҷӯӣ меоянд; Зинҳор, дар пеши сардабири газета, гуфти Бобои Ғуоломи таърихӣ «ақлакӣ» накунед, ки дар бало мемонед. Ман низ, ки 1-ум бор дар маҷлиси редаксионӣ ширкат доштам, воҳима кардам, ки подабониву чӯпонӣ хам кардаам. Гапам дар даҳон, сардабир амр кард-Редаксия супориш дод «чӯпонӣ кун!» ва афзуд, рӯзи душанбе матлаб дар мизи ман бошад!!! Ба ту ҷавоб…

   18.06.2021. Соат ба вақти Темурмалик 04:43 дақиқа. Баъди муросо кардан бо Тағай ном чӯпон, ки молашро ба ман амонат дода буд, подаро барои чаро ба дарраи Заркамар, ки макони молчаронии д.Муродбахш аст, бурдам. Сарфу харҷи зиндагии Тағай аз чӯпонӣ, яъне аз пешаи Пайғамбарист. Аз ӯ пурсидам, ки магар дар ин фасли гармо дар саҳро шӯбонӣ азоб нест? Бароям аз куҷое луқмаи ҳалол ба даст ояд, азобашро ҳис намекунам, гуфт акои Тағай.

Хоби ману рамаи гандумхӯр

 18.06.2021. Соат ба вақти Темурмалик 05:43 то дақиқан 09:40 дақиқа. Подаро дар байни дарраи Заркамар сар додаму дар болои кӯҳе, зери сояи ғафси дарахт, болои алафҳои хушкида дароз кашида, ба «рама» менигаристам, ки дур нараванд. Аммо соати 9:40 дақиқа буд, ки марде аз хобам бедор кард. Ман дар ҷойи ёзидаам хобам бурда, тамоми бӯзу гӯсфанд ба гандуми одамон даромада… 

   Мард гуфт: - Э, Худо ҷонта маст кунад, мол гандуми мардумро хӯрда тамом кард!

 Осемасар парида хеста, дидам, ки дар замин аз хушаи гандум ҳам дида,  бузғолаву барраву бузу гӯсфанд бисёр аст. Ба дил гуфтам, «Исматулло аҷалат расид, зуд молро аз даруни замин рондан даркор, вагарна гандумдор бубинад!»… 

   Касе надид. Подаро боз ба Заркамар ҳай карда, то соати 12:05 дақиқа бонӣ кардам. Хоб дигар маро тарк карда буд. Мани «подабон» ҳамагӣ 1 литр об доштам. Дар ин вақт гуруснагӣ ва ташнагӣ ҳамла мекард, обам соати 10 тамом шуд, шикам тамбур мезад. Дигар мадори ҷунбидан надоштам.  

Чӯпонӣ азалист!

   Подабонӣ заҳматталаб буда, хеле ҳақмузди кам дорад. 1 буз ё гӯсфанд  дар 1 моҳ 5 сомонист. Яъне 1 гӯсфандро 30-31 рӯз бо арақи ҷабин, дар фасли гармо дар саҳро,  бо азоб мечаронию подош 5 сомонӣ, ки нисбати чӯпон бераҳмист. Боз ин дар ҳоле, ки даводав аз паси 1 буз аз азияти марди дузана бештар асту камтар на!

Барои бештар аз молбонӣ пул кор кардан, фасл дорад. Дар замони ҷамъоварии каҳдарзаву ғалладона, ки мардум бештар вақти худро ба он сарф намуда, молбонӣ намекунанд, маҷбур ба чӯпон месупоранд. Барои подабон чи қадар мол бисёр шуд, ҳамон қадар маблағ зиёд ба даст меорад. Ман ки 1  рӯз чӯпонӣ кардам, айнан дар фасли ғаллағундории мардум, ки ҳама бузу гӯсфандашро ба ман амонат доданд, 300 шумораро ташкил карда, дар 1 рӯз 50 сомонӣ гирифтам. Бояд 10 сомонии дигар медоданд, аммо 1 мард гуфт, ки дар дафтарчаи қарзат навис, баъд медиҳам. Инҷо ҳам қарзнависӣ дар дафтарча мӯд шудааст…

Бузбозии бузи 1-шоха

   Дар пода бузе чунон офатзада, иблисе (шайтоне) будааст, ки аз таваллуд шудагиям пушаймонам кард. 300 бузу гӯсфанд якҷоя мечариду ин буз бо бузғолааш 1 подаро титу пит карда, нисфашро аз қафои худ ба гандуми одамон медаровард. Барои гардондан аз пушташ равӣ, ба кӯталию нишебӣ мисли оҳу ба дараҷае  мегурезад, ки бо асп расидан амрест маҳол. Аз бефарагӣ ҷонам бар лаб омадаву аз Худо илтиҷо дорам, ки пода камтар бихобаду хастагиям барояд, аммо ҳамоно бузи шайтон молҳоро пароканда мекарду нисфашро бо худ мебурд. 

    Ин рафтори ноодилонаи ӯ чанд бор такрор ёфт. Косаи сабрам лабрез не, шикаст. Бо калтаки дар дастам буда, аз қафояш давидам. Беҳад асабӣ шуда, қасам хӯрдам агар ба ӯ бирасам сарашро аз тан ҷудо мекунам. Буз чизеро фаҳмид. Чунон гурехт, ки ту гӯӣ, хонандаи азиз, ки Чайкаи Брежнев рафта истодааст. 2 бор аз байни пода гузашту ман аз пушташ давидам, моли хобкардаро ҳам аз ҷояш хезонд. Торҳои асабам якто-якто меканд. Билохира, расида натавонистаму калтакро бар самташ сахт ҳаво додам. Калтак дар фазо алвонҷ хӯрда, алвонҷ хурда, рост ба шохаш расид. 1 шохаш мисли чамбараки дучарха ба замин хам шуд. Буз хобид. Акнун тарс вуҷудамро фаро гирифт. Фикр кардам мурдааст. Рафта дидам, ки шохаш шикаставу вазъияташ муташанниҷ гашта. Бо азоб шохи шикастаро  рост намуда, ба соҳибаш тариқи гӯшӣ гуфтам, ки бузат касал шудагӣ, аз ҷояш намехезад, корд биёр бикушем, ки мабодо ҳаром нашавад. Мард баъди 40 дақиқа расид, аммо буз ҳамоно ба замин мехобид. 2 шох мисли қабл рост.  Соҳибаш тану пойҳояшро  қапида диду гуфт: 

- Инро аз саҳар мазаш набуд, 1 ният кардам, ки ба пода ҳай накунам, лекин боз ҳай кардам. 

Ман дар дилам 1000 бор Худо мегуфтам, ки ба шохи буз даст назанад. Буз намеҷунбид. Мард қоматашро  рост карда, хост аз шохи буз гираду ба по хезонад. Ҷин занад, иттифоқан шохи шикастаро бо 1 даст ва бо дасти дигар аз пушти буз сахт дошта, зӯр зад, ки бузро бардорад, аммо шохи шикаста аз бехаш канду дар дасти соҳибаш монд ва хун фаввора шуд. Мард лаб накушода буд, бадоҳатан гуфтам: - Эҳа, шохи ин бузи касалии бечораро кандед охир. Мард гуфт: - Худо бигирад, шохи ин бузро дар шикастаӣ-ку. Гуфтам: Омадед буз соз буд, шохи бечораро кашида  худатон… кандед. Ман ягон кор накардам! 

   Ба шохаш хок рехтем. Хунаш манъ шуд. Буз баъди ним соат ба худ омаду аз ҷояш хест. Ба чаридан даромад. 

Ба деҳа-сӯи қиблаи умед

   18.06.2021. Соат ба вақти Темурмалик 01:03 дақиқа.Нисфирӯзӣ, соати 1:05 дақиқа подаро аз деҳа об дода, боз гардонда овардам. Ҳамаи мол ором ва бе аз ҳамдигар ҷудо шудан мечариданд. Бузи якшоха на пеш-пеши пода медавиду на аз қафо. Дар байни бузу гӯсфанд сарро хам карда, тавре мечарид, ки дигар асло дар фикри пароканда кардани онҳо набуд. 

«Ҳукумат низ бояд шохи баъзе бузҳои саркашу тафриқаандозро мисли ман шиканад, то ҷамъият ором гирад!!!»- гуфта ба дил ва аз ин хулосаи фалсафии худ кайф карда, суруди «Чӯпон ба сари кӯҳ, чаридан рама дорад»-ро шуруъ кардам. 

Соати 19:32 дақиқаи бегоҳ подаро ба деҳа хамбондам. Ҳамаи одамон таърифам карданд, ки зӯр молбонӣ кардаӣ, шикамашон сер шудааст. Ба  дилам гуфтам: 

- «Конечно» сер мешавад, имрӯз  гандумҳои худатонро чарида буданд.

Мо Метавонем!  

Исматулло Собирӣ, 

Душанбе-Темурмалик-Душанбе

Махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter