ХАБАРИ ДОҒ

Аз СССР: Имрӯз, чун суханронии бонувонеро мебиниву мешнавӣ, ки ба гуфтаи Бобои Ғулом «одамро гапзанӣ намемонанд» ва худро дар ин барад қӯш мекунанд, ҳайрон мемонӣ. О, мо-насли ҷанг ҳанӯз зиндаем, охир! Дурӯғу воҳимаву худситоиро бас кунед. Ақаллан аз мо-журналистон шарм доред. Мо-ку ин ҷо будем ва мо медонем, шумо кӣ будеду чӣ мекардеду чигуна аз Душанбеи ғарқи хун фирор кардед…

Ба таҳқиқ, дар оғози бӯҳрони сиёсӣ, ки ба ҷангу хунрезӣ овард, 1 ЗАН нақши калидӣ дошт. Бонуе, ки нотарсона, ҷасурона, Гурдофаридвор ба майдон шуд ва миллати Тоҷикро ба муқовимат бар зидди наҳзатиён даъват намуд. Ин ЗАН дар Майдони Ленини пойтахт ва Майдони Сурхи Кӯлоб, пеши даҳҳо ҳазор нафар баромад кардаву аз даҳшати пирӯз мардумро воқиф намуда, миллатро ба ҳаракати муқовимат кашид... 

Дар воқеаҳои солҳои 90-уми асри ХХ-и Тоҷикистон номҳои шахсиятҳо бисёр буданд, ки Адолат Раҳмонова яке аз онҳост. Ин зан ба даст силоҳ нагирифтааст, силоҳу силоҳдор ҳамеша барои вай нафратангез буду ҳаст. Ӯ медонист, ки 1 силоҳу 1 силоҳдор даҳҳо хонаро вайрону мотамзада, азодору нобуд ва авлодро саргардон мекунад...

    Вақте соли 1992 фаро расиду аз аввалҳои баҳори он мухолифати сиёсӣ қувват гирифт, Адолат Раҳмонова, ки аз ҳавзаи интихоботии Шӯрообод вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардида буд ва худаш роҳбари ташкилоти ҳизбии н.Муъминободро бар дӯш дошт, яъне роҳбари ин ниҳод буд, дар иҷлосияҳо ба шигифт меомад, ки чаро ин қадар қаҳру ғазаб ва нафрат дар сухану вуҷуди иддае аз вакилони халқ рӯ мезанад. Дар он солҳо, дар моҷарои баҳори соли 1992, масъалаи дину исломият масълаи хеле муҳим ва ҷиддӣ гардид. Неруҳое, ки дар муқобили давлат ва ҳукумат қарор гирифтанд, Ҳизби наҳзати исломро ҳамчун исломи ягона таблиғ ва онро қонунӣ карданӣ буданд, ҳизбро соҳибдавлат кардан мехостанд. 

Зане, ки хомӯш истода наметавонист

   Дар Иҷлосияи XIII  Шӯрои Олӣ, моҳи март, дар Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ, моҳи ноябр, ки хеле бардавом буд, пешвоёни исломии ҳизбию ғайриҳизбӣ дар сессия рӯҳияи асосиро месохтанд. Ҳатто вакилони ҳамфикрашонро маҷбур мекарданд, ки ҳарфе гӯянд, вакилони дигарро тарс дода, аз сухан гуфтан нигоҳ медоштанд. Дар чунин ҳолатҳо Адолат Раҳмонова хомӯш истода наметавонист. Ӯ ҳам мисли ҳамаи тоҷикон мусулмон буд, аммо аз зиндагии босаодате, ки халқи тоҷик дар чанд соли охири рӯзгораш дошт, дур рафтан намехост. Ҳатто дар Иҷлосияи рӯзи 21-уми апрели соли 1992, ки ҳолати толор пурташвиш буд, тарсу ваҳме ба он асар мекард, зеро исломиҳо на танҳо дар майдони Ленин, пушти дарвозаи Шӯрои Олӣ, митинг мекарданд, балки дар толор ҳам пур буданд ва мегуфтанд: «Агар пешниҳоди моро қабул накунед, ҳамин раисро аз кор наронед, аз худатон пушаймон шавед». Адолат барои сухан намудан иҷозат гирифту 2 чизро баён дошт:     

«Шахс якуябора сиёсатмадор намешавад. Ақаллан 1 сол кор кунаду омӯзад. Дар ин дунё касе бегуноҳ нест». Ӯ бо ин мисол Раиси Шӯрои Олиро ҳимоя мекард. Ба ӯ муҳим набуд, ки ин нафар кисту аз куҷост. Муҳим он буд, ки ин шахс имрӯз ифодагари қонуну қонуният аст, давлати дунявиро намояндагӣ ва ҳифз мекунад. 

Баргузоркунандаи Иҷлосияи ХVI

Моҳи  майи  соли  1992  вазъият  ниҳоят бад шуд. Аслан, ҳукумати қонунӣ аз байн рафт, ҳукумати мусолиҳаи миллӣ фақат дар 1 фикр буд: 

-Бо чӣ роҳ Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ва тарафдоронашро аз вазифаҳо дур кунад. Аз кӯлобиҳо ва дигар мардуми гапногир қасос гирад, байрақи исломиро сари кӯҳҳо ва қасрҳои Тоҷикистон парафшон намояд. 

Ин маром кишварро ба ҷанг овард. Одамони бисёре кушта шуданд, шахсиятҳои маъруфро террор карданд, қонунро нобуд намуданд. Аммо, ба ҳар ҳол, қувваи солим зиёдтар буд. Бинобар ин, боқӣ монд ва пирӯз шуд, ки 1 нафари он нерӯ-Адолат Раҳмонова буд ва ин нерӯ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро баргузор намуд. 

Кӣ кушт?

Авзои моҳҳои июн-октябри соли 1992-ро Адолат Раҳмонова дар ин Иҷлосия рӯзи 18-уми ноябри соли 1992 чунин шарҳ дод:

«Ман аз дирӯз боз мебинам, ки депутатҳои муҳтарам дар бораи тақдири депутати халқ, Раиси кумитаи иҷроияи депутатҳои вилояти Қурғонтеппа Қадриддин Аслонов дар изтиробанд, ҳамаи мо низ дар изтиробем. Вале ман аз Раиси Шӯрои Олӣ                      А. Искандаров пурсиданиам, ки: 

-7 моҳ инҷониб чаро халқи Кӯлобро хунхор, сиёҳкор ва ҷиноятпеша эълон мекунанд? Ҳатто кӯшиши бадном кардани тамоми халқи Кӯлоб аз минбари вохӯрии аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ бо кормандонии Вазорати корҳои дохилӣ мушоҳида шуд. 

-Мехоҳем бифаҳмем, ки дар ин муддати кори мову шумо депутатҳои халқи ҷумҳурӣ додситони кулл Нурулло Ҳувайдуллоев, Мавлон Олимов, Муродулло Шерализода, Қурбоналӣ Эмомов, Раиси созмони мардумии «Ошкоро»-и вилояти Кӯлоб Рустами Абдураҳимро кӣ кушт? 

-Радиои ба ном мардумии Тоҷикистон бо тантана ва ифтихор эълон мекард, ки ҷавонони шердили шаҳри Душанбе Рустами Абдураҳимро ба қатл расонданд. Имомов, Мавлон Олимов, Махсум Олимӣ, Рустами Абдураҳим, Нурулло Ҳувайдуллоев, Муродулло Шерализода барои кадом гуноҳашон парронда шуданд? Магар онҳо барои ақида парронда нашуда буданд? Чаро имрӯз ягон депутат тақдири онҳоро намепурсад, ки куҷо шуданд он депутатҳо?».

Сухани ҳалкунандаи Адолат

Суханони Адолат Раҳмонова ба қонун ва адолат устувор буданд. Чанд мисол. Шурӯи Иҷлосияи XVI дар ш.Хуҷанд мушкиле пеш овард. Раёсати кӯҳнаи Шӯрои Олӣ рӯзнома ва барномаи худро барои пеш бурдани кори иҷлосия манзур намуданд, аммо мухолифони онҳо рӯзномаи худро доштанд ва ҳатто раисикунандаи худро ҳам. Қариб буд, ки Иҷлосия шурӯъ нашуда, анҷом ёбад. Илоҷе ёфта, барои рӯзҳои 16-17-уми ноябр, чораи дигаре ёфта, маҷлиси оштӣ оростанд. Аммо рӯзи 18-уми ноябр боз баҳсе оғоз гардид, ки кадом рӯзнома бояд пазируфта шавад. Ва сухани Адолат Раҳмонова муайянкунанда шуд, онро ҳама қабул карданд:

«Ман ҷонибдори онам, ки ҳамаи масъалаҳо аз рӯйи қонун ҳаллу фасл шаванд. Дар бораи рӯзномаи ҷаласа. Аввал рӯзномаи тартибдодаи раёсати Шӯрои Олиро ба овоз монед, агар дастгирӣ наёфт, пас рӯзномаи пешниҳодкардаи комиссияи депутатиро барои тасдиқ гузоред. Кадомаш овоз гирифт, кори сессияро дар асоси ҳамон давом диҳед».

Ҳақиқат ва самимият

Ҳақиқат ва самимияти таъсири сухани Адолатро дар ин маврид соли 2013 Акбаршоҳ  Искандаров ва соли 2015 худи Адолат Раҳмонова дар маҳфили Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» таъкид намуданд. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон барои масъалаи дигаре низ, маслиҳати Адолат муҳим буд. Рӯзи 20-уми ноябр иҷлосия қарор дод, ки аризаи истеъфои Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиевро ба ҳукми қонун дароранд. Ин масъала баҳс ба миён овард. Он гоҳ А. Раҳмонова гуфт:

«Мо бояд ба ҳамаи ин воқеаҳо баҳои сиёсӣ бидиҳем, барои ин Р.Набиев бояд ин ҷо иштирок дошта бошанд. Агар Президент дар ҷойи худ кор карда метавонистанд, дар ҷумҳурӣ чунин фоҷиа рух намедод. Бинобар ин, баробари муҳокимаи шахсии қонунии аризаи Р.Набиев худи мо ҳам истеъфои ӯро қонунӣ талаб мекунем. Ин кор он гоҳ одилона мебуд».

   Ин чанд калимае, ки имрӯз дар бораи 1 кори Адолат Раҳмонова-кӯшиш барои пешгириҳои ҷанг, кӯшиш барои нигоҳ доштани давлати дунявӣ, кӯшиш барои тантанаи қонун, ҳақиқат ва адолат гуфтам, аз ҳазор яки он чизи неке, ки ин бонуи хайрхоҳ кардааст ҳам шояд набошад. Дар ин навишта аз он чи вай барои пешрафти н.Муъминобод кардааст, барои шукуфоии н. Данғара дорад, барои тарбияи фарзандони дилбандаш гузоштааст, ишорае нест. Зеро барои ман чеҳраи тобноки сиёсӣ, тоҷикӣ, тоҷикистонии ӯ муҳимтар буд. Дар таърихи халқи тоҷик ҳамин кору пайкори ӯ шиностару азизтар мемонад.

Иброҳим Усмонов, 

фишурда аз китоби «Адолат Раҳмонова. Рӯзгори одамони наҷиб»

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter