ХАБАРИ ДОҒ

 Расман ҷанги Тоҷиконро солҳои 1992-97 муаррифӣ мекунанд. Вале ба пиндори сирф фардии газетаи мардумӣ ин ҷанг хеле пештар, сар аз августи соли 1991, шикасти ГКЧП ва дар таърихи 09.09.1991 соҳибистиқлол шудани РСС Тоҷикистон сурат гирифт. 

Дуруст аст, ки де-юре то 27.06.1997 давом кард, вале де-факто то соли ҳабси қумандони муътабартарини фронти халқӣ-Ғаффор Седой Мирзоев, кушташавии Мирзо Ҷага, ликвидатсияи Ризвон Содиров, Раҳмон Гитлер, Мансур Муваккалов, ҳабси Ёқуб Салимов ва барканории қумандонҳои саҳроӣ, чун Қурбон Чолов, Сӯҳроб Қосимов, Саидшо Шамолов давом дошт…

Дар зимн хронологияи расмии он ҷанг пешкашат мегардад, хонандаи гиромӣ. Ва медонӣ чаро? Зеро бояд ту, маҳз туе, ки фикр дорӣ, наход СССР маро дар назар дошта бошад, бояд донӣ, ки бадтарин Сулҳ аз хубтарин Ҷанг волост. Шукри Худо, ки Сулҳи мо Беҳтарин ва Сахттарин буд. Мо метавонем!!!

Анатомияи гражданка

Эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ноороми мамлакат мегузашт. Қадриддин Аслонов, ки баъди ба истеъфо рафтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, вазифаи раиси Шӯрои Олии ҶТ ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳуриро ба ӯҳда гирифт, мавқеи зиддикоммунистиро ишғол намуд. Гирдиҳамомадагон-ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва диг.) аз ӯ талаб карданд, ки фаъолияти Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро манъ намояд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов ҳайкали В. И. Ленин, ки дар маркази шаҳр воқеъ буд, шаби 21 сентябри с. 1991 афтонда шуд. 

23 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶТ Қадриддин Аслоновро аз вазифаи раиси Шӯрои Олӣ ҶТ озод намуд ва ба ин вазифа Раҳмон Набиевро (собиқ котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро) интихоб намуд. 24 ноябри соли 1991 интихоботи умумихалқии Президенти ҶТ гузаронида шуд. Аз 9 нафар номзад Раҳмон Набиев (58,8 %) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Давлат Худоназаров номзади ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ зиёда аз 30 % овозҳоро гирифт. Мухолифин интихоботро ғайришафоф ва беадолат эълон намуданд. 12 декабри соли 1991 Сафаралӣ Кенҷаев (вакили ШО ҶТ, прокурор) раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Оғози мухолифат

Октябри соли 1991 ва марти соли 1992 ду воқеае ба амал омад, ки онҳо мухолифатҳои ниҳониро ба умум ошкор намуданд. Воқеаи аввал, ин 5 октябри с. 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ боло гирифтани баҳси байни имомхатаби шаҳри Кӯлоб Мулло Ҳайдар Шарифзода ва қозии ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба ҳисоб меравад. Ҳ. Шарифзода А. Тураҷонзодаро барои норасоиҳои молиявӣ, худсариҳои ҳизби наҳзати ислом танқид намуд. 

2. 25 марти с. 1992 суханронии раиси Шӯрои Олии ҶТ Сафаралӣ Кенҷаев ба воситаи оинаи нилгун буд, ки вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ М. Навҷувоновро ба зери танқид гирифта, масъалаи аз вазифа сабукдӯш намудани ӯро гузошт. 26 март с. 1992 бо ташаббуси ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» наздикони вазир, барои дифои М. Навҷувонов дар назди қасри Президент гирдиҳамоии эътирозӣ намуданд. Бо онҳо тарафдорони ҳизби наҳзати ислом ҳамроҳ гардида роҳбарии майдонро (майдони «Шаҳидон») ба дасти худ дароварданд. 

21 апрели с.1992 мухолифин 20 нафар ҷонибдорони Ҳукуматро гаравгон гирифтанд, аз ҷумла 16 вакили Шурои Олӣ ва 2 муовини сарвазири мамлакатро. Рӯзи дигар Сафаралӣ Кенҷаев аз вазифаи Раиси Шурои Олии ҶТ ба истеъфо баромад ва Акбаршо Искандаров раиси Шӯрои Олии ҶТ гардид. 

26 апрели соли 1992 дар майдони дигари Душанбе, ки он вақт майдони «Озодӣ» ном гирифта буд, ба тарафдории ҳукумати расмӣ гирдиҳамоии нав ба амал омад, аксарияти иштирокчиёни он аз минтақаҳои Ленинободу (ҳоло вилояти Суғд) Кӯлоб ва Қурғонтеппаву водии Ҳисор буданд. Мардум, нисбат ба ҳамдигар истифода бурдани суханҳои таҳкиромез «вовчик» (нисбати гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон») ва «юрчик» (нисбати гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ»), вазъиятро муташанниҷ гардонида буд.

5 майи соли 1992 дар роҳи Душанбе-Ёвон, назди ҷамоати Оли Совет аввалин задухӯрди хунини байни тарафҳои муқовимат руй дод. Ин амал ба муташаниҷ гардидани вазъият дар Душанбе ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ сабаб гардид.

6 май дастаҳои мухолифин бинои аэропорт ва вокзалро зери назорат гирифтанд. Милитсия, ОМОН қисман бетараф ва қисми дигар ҷонибдори мухолифин гардид. Генерал-майор Баҳром Раҳмонов, ки ба зимаи ӯ муҳофизати бинои Ҳукумати ҶТ вогузошта шуда буд, бо техникаву аслиҳа ба ҷониби мухолифин гузашт.

 10 май мухолифин бо мақсади «сарнагун намудани Президент Р. Набиев» ба ҷониби Кумитаи амнияти миллӣ роҳпаймоӣ намуданд, ки дар натиҷа 14 нафар ҳалок гардид. 

14 майи соли 1992 ҳукумати эътилофӣ (коалитсионӣ) ба ном «Ҳукумати муросои миллӣ» ташкил карда шуд. Ба он А. Искандаров, Д. Усмон, Х. Холиқназаров, З. Вазиров, М. Мирраҳимов ва дигарон шомил буданд. 

Ҷанги шаҳрвандӣ

27 июни соли 1992 дар Қурғонтеппа задухурди мусаллаҳонаи ҷонибдорони президент Р.Набиев ва мухолифин руй дод. 35 нафар ҳалок гардида, зиёда аз 50  кас захмдор шуд. 

Мухолифин фиристодаи Кӯлоб Сайфиддин Санговро бераҳмона куштанд. Минтақаи Кӯлоб, маҳалли аслии фаъъолияти тарафдорони давлати кумунистии вақт, дар муҳосира қарор гирифт. Мардум ҳатто нони хӯрдан надошт. 

Муҳоҷирони иҷбории дохилӣ тахминан 1 млн наф. ва дар давлатҳои ИДМ 195 ҳаз. наф. ташкил мекард.

 Сулҳи деринтизор

Ба раванди сулҳсозӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон (аз 9 марти с. 1996), ки байни роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва миллии Тоҷикистон ба имзо расида буд ва фаъолияти Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (аз 18 июни с. 1997) мусоидат кард. Оғози музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, ки бо кумаки Созмони Милали Муттаҳид, сар шуда бо иштироки бевоситаи Дабири кулли СММ, намояндагони махсуси ӯ дар Тоҷикистон, Ҳайати Нозирони СММ дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Шӯрои амнияти СММ гузашта, бо ба имзо расидани санади ҷамъбастии музокироти байни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба анҷом расид.

27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter