ХАБАРИ ДОҒ

Бонкҳои Тоҷикистон: чаро кор соати 16:00 тамом мешавад?

  • Чоршанбе, Сен 08 2021

 

   Хонандагони газетаи мардумии СССР аз кӯтоҳ будани соати кории бонкҳои кишвар, алалхусус марказу филиалҳои бонкҳои «Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Эсхата» дар маҳалҳои дур аз пойтахт зиёд арзу шикоят мекунанд -аксарияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ муомилоти пулиро ҳамарӯза то соати 16:00 ба итмом расонида, пас аз ин соат дигар на пул медиҳанду на пул мегиранд. 

   Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд бонк ва ташкилоти пулию қарзӣ фаъолият менамояд? Бонкҳои калонтарин чанд филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ доранд? Чаро соати кории марказҳои хизматрасонии бонкҳои калонтарин ва сермизоҷтарини мамлакат соати 16:00 ба охир мерасад? Ин буд мушкиле, ки аз рӯи дархости хонандагон мо тӯли ҳафтаи гузашта пайгирӣ кардем.

БМТ: 63 ташкилоти бонкӣ фаъоланд

    Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, айни замон дар кишвар 63 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 17 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 адад ташкилоти қарзии хурд ва 27 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

    Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» имрӯз  зиёда аз 23 ҳазор корхонаю ташкилот, беш аз 766 ҳазор нафақагири шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 2900 нафар корманд, хизматрасонӣ менамояд.  

   Бонки дигари сермизоҷи мамлакат «Ориёнбонк» ҳамин ҳоло 32 филиал ва 237 маркази хизматрасонии бонкӣ дошта, ба зиёда аз 180 ҳазор мизоҷ хизмат мерасонад. 

   Бонки «Эсхата», ки дафтари марказияш дар ш.Хуҷанд аст, дар сартосари ҷумҳурӣ 22 филиал дорад. Тавре дар сомонаи расмии ин бонк омадааст, рӯзҳои корӣ рӯзи душанбе то шанбеи ҳафта буда, соати корӣ аз 08:00 то 16:00 ва рӯзи шанбе аз соати 08:00 то 15:00 муайян шудааст. Инчунин ин бонк 9 филиал дорад, ки соати кориашон бо назардошти рӯзи шанбеи ҳафта ҳамарӯза аз соати 08:00 то 21:00 ба роҳ монда шудааст. 

   Бонки байналмилалии Тоҷикистон, ки бонки нав аст, дорои 9 филиал ва 17 маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳру минтақаҳост. Барои осон намудани кор боз 50 банкомати пулнақдкунонӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон фаолият карда, 11 филиали шабонарӯзӣ дар хизматанд. 

   Бонки «Спитамен» 16 филиалу 38 маркази хизматрасонии бонкӣ дошта, танҳо 1 маркази хизматрасонии бонкии 24 соата дар ш.Бохтар дораду халос. Аксарияти марказҳои хизматрасонии ин бонк ҳамарӯза аз соати 08:00 то соати 21:00 кор карда, рӯзҳои шанбе бошад соати корӣ то 22:00 тӯл мекашад. 

Бонк зиёду проблема мӯл…

   Тавре аз ин омор бармеояд ҳоло дар кишвар ҳам теъдоди бонкҳо зиёд шудаву ҳам шумораи ташкилотҳои қарзӣ, адади терминалу банкоматҳо низ ба маротиб афзудаасту мардум аз амалиётҳои нақдии пулӣ ба амалиётҳои кортӣ гузашта истодаанд. Аммо аз рӯи мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳамаи ин бештар дар пойтахт ва ба қавле шаҳрҳои калон дида мешаваду халос. Дар деҳаи дурдасттарини кишвар маошу нафақахӯр ҳоло ҳам умед ба 1 нафар корманди бонкӣ дорад, ки кай пулашонро меорад. Яъне бо вуҷуди зиёд будани бонку банкоматҳо ҳанӯз ҳам сокинон дар дастрасӣ ба он мушкил доранд ва ба хотири гирифтани маошу нафақа маҷбуранд роҳкиро сарф карда, аз деҳа ба маркази шаҳру ноҳия биёянд. Ва Худое кунад, ки банкомат пул дошта бошад, вагарна ҳоли мизоҷи камбағал тамом, адо, капут… 

   Набудани маркази хизматрасонӣ дар наздикии маҳалли зист боз 1 масъалаи дигарро душвортар мегардонад ва ин ҳам бошад интиқоли маблағ. Маълум аст, ки ҳамин ҳоло дар ҳар 1 оилаи тоҷик ҳатман ягон муҳоҷири кор ҳасту ҳар моҳ бояд ба хона маблағ фиристад. Вақте дар деҳа на бонку ҳасту на банкомату на терминал, ин маблағ бояд чӣ гуна ва бо кадом роҳ интиқол ёбаду кай ба дасти соҳибаш бирасад?

...кор то соати 16:00?

    Бармегардем ба асли матлаб. Вақте аз кормандони бонкҳо сабаби кӯтоҳ кардани рӯзи кориро пурсидем, аксарият гуфтанд, ки тартиби кори бонкӣ ҳамин аст-1 соат пеш аз баста шудан, муомилоти пулии рӯзона, фоидаву зарар ва даромаду баромад бояд ҳисоб карда шуда, ба хазина ворид гардад. 

   Аз фаъолияти бонкҳои ҷаҳонӣ тавассути шабакаи Интернет ошно шудем. Бале таҷрибаи ҷаҳонист, вале бонкҳои калонтарини олам пас аз ҳисобу китоби муомилаи пули рӯзона ва танаффуси 1 соата, ба фаъолият дар басти дуюм шурӯъ мекунанд-ба хотири хидматгузорӣ ба мардуми коргару мусофиру турист, ки маъмулан пас аз соати 18 аз кор фориғ мешаванд, аммо бонкҳои мо на…

   Бонки милии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 ба тамоми бонкҳои мамлакат дастур дода буд, ки ба хотири осон намудани кори мизоҷон соати кориро тамдид намуда, дар рӯзҳои корӣ то соати 19:00 ба мизоҷон хидмат намоянд. Аммо тавре мебинем бонкҳои кишвар аз ин дастури БМТ сарфи назар карда, рӯзи кориро худсарона кӯтоҳ кардаанду ба ҷуз ҳаволаи мизоҷ ба чанд филиали ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекарда ва банкомату терминал, дигар намехоҳанд пул кор кунанд! 

   Ин ҳам нақзи ҳуқуқи инсон аст, ки бояд ҳатман аз ҷониби органи назоратӣ, дар мавриди мо-БМТ ҳимоя шавад

Мо пайгири мавзуъ ҳастем. Мо Метавонем!

Баҳори Мубориз, СССР

 

Дар ҳамин маврид

Пул ҳасту пул нест!!!

Ҳафтаи пор, газетаи мардумии СССР тасмим гирифт, 1 миқдор сомониро ба корти дилхоҳ кормандаш гузаронад ва бубинад, ки чанд соат, рӯз, моҳ, сол ба баъд онро метавон гирифт?

Ориёнбонк

Сароғоз хостем пулро аз сурат-ҳисоби корхона ба корти кормандамон дар Ориёнбонк гузаронем. Кашокашу маъракаи «фаҳмондадиҳӣ» рӯзҳо тӯл кашиду дар филиали ин бонк дар ш. Кӯлоб гуфтанд (таваҷҷӯҳ)!!!

-Пул мераведу аз сурат-ҳиосбатон мегиреду нақд карда, баъд оварда, ба бонки мо мегузореду баъдан тавассути корт ин пулро қисм-қисм тӯли чанд рӯзе мегиред!!! Ин ҳамон латифаро ёд меорад, ки «мушро аввал мекушеду сипас хокаи заҳри маро ба даҳонаш мерезед!». Тасаввур кун, хонанда, агар ман пуламро рафта аз Кӯлоб «наличный» гирам, чаро онро бояд ба корти бонкиам гузораму фоиз диҳам ва сипас барои дарёфти он кунҷи банкоматро иҷора шинам???

Амонатбонк

Пулро  ба сурат-ҳисоби Амонатбонк-ку гузаронидем, ғайринақдӣ, вале масъулин гуфтанд, барои пули ғайри маош бояд сурат-ҳисоби вежа кушод. Хулласи калом пуламон бозпас ба сурат-ҳисобамон рафт…

Дар ҷамъ

Дар ҷамъ воқеан ҳам кортҳои мо ба фулусе, дираме, тангае намеарзанд. Дар шароите, ки ҳатто ҳиндувони нимабараҳнаи Папуа-Гвинея бо корт то носпулияшонро пардохт мекунанд, дар Тоҷикистони садаи 3-уми асри 21 корт танҳо барои аз банкомат пулситонист ва он ҳама агар «буҷилат хар хезад!».  Дар сурати акс ту наметавонӣ, на пул гирӣ, на пул гузаронӣ ва на бо ин корту ин пулат чизе харидорӣ кунӣ.

Магар соати реформаи сартосарӣ дар ин соҳа нарасидааст? Ин суол ба хонанда нест. Суол ба масъулини баландпояи тамоми бонкҳои ҶТ аст, ки медонем, ҳаргиз посухе надоранд. Зеро…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter