ХАБАРИ ДОҒ

Гуреза ё соҳиби хонаҳои люкс?

  • Чоршанбе, Сен 29 2021

   

 

 Чанд моҳи охир, ки вазъият дар ҳамсоякишвар муташшаниҷ асту ҷанги дохилӣ бошиддат идома дорад. Аҳолии ин кишвар аз дасти гурӯҳи терорристии Толибон, ки давлатро ғасб карданд, ба кишварҳои дигар паноҳ бурда истодаанд. Маълум, ки шумораи зиёди гурезаҳои афғон ба наздиктарин кишвар-Тоҷикистон фирор мекунанд. Дуруст аст, ки дар ин рӯзҳои вазнин барои ин мардум мо бояд кӯмак намоем, вале дар ин миён бепарвоӣ низ набояд кард, зеро маълум нест, ки ин гурезаҳо бо худ чӣ овардаанду дар байнашон кӣ дӯст асту кӣ душман.

Афғон соҳибхонаву тоҷик иҷоранишин?

    Тавре мушоҳида мекунем рӯзҳои охир кӯчаҳои шаҳри Душанбе аз шаҳрвандони Афғонистон пур шудаанду ин мардум озодона аз маркази шаҳр гаштугузор доранд, харид мекунанд, тарабхонаҳо мераванд, хонаҳои зеборо ба нархи гарон иҷора гирифта, дар шароити люкс зиндагӣ карда истодаанд. Магар онҳо гурезаанд ё турист?

    Тибқи тавсияи Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират гуреза ва муҳоҷирони афғон бояд на дар пойтахт, балки дар ҳудуди ягон ноҳияи тобеъ ба марказ, дар ҳолати мо дар ш.Ваҳдат, муваққатан зиндагӣ намоянд, ки дар асл чунин нест. Афғонҳо ба таври стихиявӣ хонаҳои гаронарзиш ва ҳавлиҳои бодабдабаро бо нархҳои ҳангуфт ба иҷора гирифта, ба зиндагии шоҳона сар кардаанду соҳибхонаи тоҷик бошад, ба хотири нархи гарони иҷора, хонаҳои худро ба афғонҳо холӣ карда, худ дар ин ё он гӯшаи шаҳр иҷоранишин шудаанд.

 

Марз маҳкаму боз аст?

   Тавре ба мухбири СССР хабар расид, новобаста аз баста будани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, боз ҳам ҳамарӯза 100-200 нафар афғонҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ВМБК, алалхусус н.Ишкошим гузашта истодаанд. Худи афғонҳо мегӯянд, ки Толибон-сарҳадбонони он сӯи Ому, ки ҳама бадахшониянду пайрави исмоилия, ба онҳо ба хотири рафтан ба Амрикову Аврупо, яъне ояндаи дурахшон иҷозаи убури марзи Тоҷикро дода истодаанд.

   Ин аст, ки 1 моҳи ахир нархи роҳкиро дар масири Душанбе-Хоруғ низ ба маротиб гарон шуда, аз 300 сомонӣ то ба 450-500 сомонӣ баромадааст…

 

Расмӣ: 5000 гуреза!

    Тавре дар маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР хабар доданд, то ба имрӯз дар кишвар 5000 гурезаи афғон ба таври расмӣ сабти ном ва ба қайд гирифта шудаанд. Вале куҷову дар кадом шароит будану зистани онҳо маълум нест. ВКД мегӯяд, макони зисту шарту шароити онҳоро дигар мақомот идора ва назорат мекунад. Кӣ? Магар мақомот 100% бовар дорад, ки миёни онҳо толибу террористе нест?

Карантин дар Ромиту Сафеддара

   Оё он ҳама гурезаҳои афғон, ки ба ҳудуди ҶТ ворид шудаанд, аз ваксинатсия гузаштаанд? Яъне, онҳо бо худ дар баробари асбобу ашё боз вируси корона наоварда бошанд, ки он боиси сар задани мавҷи сеюми ин вабо дар кишвари мо гардад? Дар ин маврид мо аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар пурсон шудем.

    Эмомалӣ Мирзоев, сардори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ дар робита ва эмгузаронии гурезаҳои афғон гуфт, то ба имрӯз 4606 афғонистонӣ аз карантин гузашта, 358 нафари дигар дар минтақаҳои Ромиту Сафеддара дар карантин қарор доранду нафароне ҳам буданд, ки давраи якуми ваксинатсияро гузаронидаанд.

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

Ҳалимова Томирис,

Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter