ХАБАРИ ДОҒ

Шоҳин: тиҷорат, имиҷ ё контрабанда?

  • Чоршанбе, Сен 29 2021

 

 

Чанде қабл хабари «боздошти шоҳинҳо дар фурудгоҳи кишвар» олами иттилоотиро такон дод. Аҷаб нест, парандаеро, ки паспорту виза доштааст, боздошт кунанд? Хабаргузориҳо ҳадсҳои зидду нақиз мезаданд; яке кормандони фурудгоҳро бо ришватталабӣ муттаҳам мекарду дигаре соҳиби шоҳинро. СССР тасмим гирифт, мавзуъро омӯзад ва 1 тадқиқоти вежае роҷеъ ба мавзуъ гузаронда, ҳақро ба ҳақдор расонад. Мо метавонем!

 

    Дар баробари тиҷорати одам, маводи мухаддира ва танфурӯшӣ бизнеси паранда, алалхусус шоҳин низ имрӯз ба яке аз тиҷорати сердаромад мубаддал гашта, сарватмандтарин шахсиятҳои олам ба он шуғл доранд. Соле нест, ки дар матбуот хабари қоҷоқи ин парандаи нодир аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи минтақа ба давлатҳои араб-Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Кувайт нашр нашавад. Дар паси тиҷорати парандаҳои нодир кӣ ва чӣ пинҳон аст? Агар тибқи қавонин фуруши шоҳин манъ аст, пас чӣ гуна онро аз Тоҷикистон берун меоранд? Пушти қочоқи парандаҳои нодир кӣ меистад? Мо тасмим гирифтем ин мавзуро пайгирӣ намоем.

 

Саёҳат ё қочоқ?

    4.09.2021. Кормандони бахши амниятии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Муҳаммад Аляброудӣ, 1 шаҳрванди давлати Қатар иҷозат надоданд, ки 9 парандаи шоҳинро аз марзи кишвари мо берун барад. Тавре худи сайёҳ гуфтааст, маблағи зиёд сарф намуда, ба ин парандаҳо шиноснома ва чипта харида, онҳоро барои тафреҳ ба Тоҷикистон, ба мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» овардааст, то «аз ҳавои тоза нафас кашанд!». Тасаввур мекунед, одам не, парранда бояд «аз ҳавои Бешаи Палангон нафас» гирад. Имрӯз ё фардо, бо баҳонаи қочоқ метарсем, шеру палангу гургу хирсашонро наоранд-дамгирӣ!!!

Вале баъдан маълум шуд, новобаста ба будани тамоми ҳуҷҷатгузорӣ вуруди ин парандаҳоро ба кишвар касе аз ниҳодҳои қудратӣ на сабт кардаанд ва на ба қайд гирифта будаанд, яъне маълум нест, ки Муҳаммад Аляброудӣ онҳоро бо кадом роҳ барои тафреҳ ба Тоҷикистон овардааст. Аз рӯи баъзе тахминҳо, мавсуф бо баҳонаи сайёҳӣ ва гунаҳкор намудани кормандони бахши амнияти фурудгоҳ ба ришваситонӣ, мақсади асосии сафари худро ба кишвари мо пинҳон кардааст.

   29.03.2019. Дар шабакаҳои Твиттер ва Инстаграм наворе паҳн шуд, ки дар он 2 шаҳрванди Арабистони Саудӣ ба дохили ҳавопаймои ширкати Флай Дубай, ки дар самти Душанбе-Дубай парвоз анҷом медод, дар даст 2 шоҳин медароянд. Ин роликро дар муддати 3 рӯз беш аз 2 миллион нафар тамошо карданд. Он замон раҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ гуфт, ба касе иҷозаи берун овардани парандаҳои нодирро аз кишвар надодааст, вале ин 2 сайёҳи араб чӣ гуна тавонистанд 2 парандаи нодирро аз Тоҷикистон берун оранд ва боз ҳам намоишкорона? Касе натавонист ба ин суол посух гӯяд, танҳо пас аз 3 моҳи ин қазия гуфтанд, ки берун баровардани шоҳинҳо ғайриқонунӣ буд…Вале бурданд-ку?!

    Соли 2017 бошад дар фурудгоҳи Дубай аз ҳавопаймои масири Душанбе-Дубай дар қуттиҳои махсус 27 парандаи нодири шоҳин пайдо гашт, ки чанде аз онҳо аз нарасидани обу ҳаво то расидан ба Дубай аллакай мурда буданд. Он вақт аз ҷониби КДАМ ҶТ чанд нафар аз кормандони бахши амнияти фурудгоҳ ва 1 шаҳрванд бо ному насаби Рустам Умаров, ки манзилаш дар шафати фурудгоҳ қарор дошту солҳо намехост аз онҷо хезад (ин нафарро ҳама дар фурудгоҳ медонанд ва бо касбу кораш шиносанд!), боздошт гардиданд. Маълум шуд, ки Умаров солҳои зиёд парандаҳои нодирро аз кишварҳои ҳамсоя ҷамъ карда, онҳоро тавассути шабакаи тарҳрезишуда ба Дубай ирсол мекардааст. Бо забони фаҳмотар ӯ бо контрабандаи Шоҳин ба мамолики араб банд буд.

 Имиҷ ё контрабанда?

    Коршиносон мегӯянд, тиҷорати парандаҳои нодир пас аз таваҷҷуҳи кишварҳои араб ба минтақаи Осиёи Марказӣ афзуда, харидори асосии парандаҳои шоҳин шайхони арабанд. Онҳо ба хотири имиҷи худ ё нозунузи фарзандон омодаанд соле 4-5 шоҳин бихаранду парандаҳоро барои шикор омода намоянд. Ҳар 1 шайхи араб бояд ҳатман дар бисоташ чанд шоҳин дошта бошаду ба шоҳиншикор равад. Ва шоҳинҳоро аслан барои ҳамин гуна сарватмандон мебаранд, ки тайёранд барои харидани он то 500 ҳазор доллари ИМА бидиҳанду дар шикори шоҳинҳо ширкат варзанд!!!

   Вақтҳои охир бошад боз 2 намуди тиҷорати дигар мӯд шудааст, ки он ҳам истифодаи парандаҳои нодир ба ҳайси контейнер:

1. Парандаҳоро пули зиёд сарф карда, шиносномаву чипта харида, барои ҳавохӯрӣ ба Тоҷикистон ё Қирғизистон мебаранду пас аз 14 рӯз бармегардонанд. Вале танҳо ва холӣ не: дар даруни паранда сангҳои қиматбаҳо ба мисли алмосу марвориду лаълу гуҳар мебаранд! Яъне алмосро хурд карда, пеши паранда мерезанд. Ӯ мехӯрад ва дар сангдону хурдонаш санг ҷамъ мешавад. Таври маълум протсеси ҳалшавии санг дар сангдони паранда моҳҳо тӯл мекашад. Вале чанд соат ба баъди расидан ба адреси лозимӣ ин бечораҳоро мекушанду сангҳоро мегиранд. Қочоқи сангҳои қимматбаҳо ва даромади хеле зиёд!

2. Шоҳинҳои пирро  «ҳавохӯрӣ» оварда, бо парандаҳои ҷавон иваз карда, дубора онҳоро пас аз «ҳавохӯрӣ» бармегардонанд. Фаромӯш накардае(м)д, ки 1 Шоҳини ҷавон ним миллион доллар нарх дорад!

 Қадри болотар аз инсон!

    Тавре дар боло зикр намудем барои сафар барои ҳар 1 шоҳин шиносномаи махсус, иҷозатнома гирифта шуда, пеш аз парвоз онҳо бояд аз муоинаи духтур гузаранд. Дар баробари ин ба парандаҳо чиптаи алоҳида харидорӣ карда, онҳо дар ҳавопаймо чун мусофири комилҳуқуқ парвоз мекунанд. Ин аст, ки сайёҳи қатарӣ Муҳаммад Аляброудӣ барои бурдани шоҳинҳо ба маблағи 9000 доллари амрикоӣ шиносномаву чипта харидорӣ намудааст!

   Нигоҳубини ин парандаи нодир низ таваҷҷуҳи хоса талаб карда, агар гӯем, ки шароити будубош ва хурду хӯроки онҳо гоҳе аз инсон ҳам беҳтар аст, хато намекунем. Барои омухтани нозукиҳои шикор махсус нафароне даъват мешаванд, ки таҷрибаи бой доранду шоҳинро барои шикор дар биёбон машқу тамрин медиҳанд. Вақте 1 парандаи шоҳин то 500 ҳазор доллари ИМА савдо мешавад, пас бояд солим бошаду ҷангҷӯ ва шикорчӣ. Аз рӯи баъзе маълумотҳо дар кишвари мо нархи бозории шоҳин аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ боло нест, пас аз расидан ба Дубайю Қатар он то ба 500 ҳазор мерасад…

Биёед 1 бор тасаввур кунем, ман, 9 шоҳини пирро бо 9 бози ҷавон иваз карда, онро бо паспорту справкаву билету лготҳояш ба Дубай мебараму дар он ҷо ним миллион долларӣ мефурӯшам. Ва барои ин 450 ҳазор (сари ҳар шоҳини ҷавон) ва 9000 доллари дигар (билет) харҷ мекунам. Чанд сӯм ба ман мемонад?

Х=9х500000-459000

Х=4 млн 500 ҳазор-459 ҳазор

Х=4041000

Яъне танҳо аз 1 «ҳавохӯрӣ»-и 9 шоҳин, ман дар ҳамдастӣ бо 3-4 қочоқчии ватаниву хориҷӣ беш аз 4 млн доллари амрикоӣ фоида мибинам! Гаштем журналистӣ карда…

 

Бурдани шоҳин манъ аст!

    Дар феҳристи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ чанд ширкате сабти ном шудааст, ки ҳадафашон сайри паранда ва сайди ҳайвонҳои нодир буда, онҳо ҳамасола барои сайди ҳайвонҳо дар ҳудуди кишвари мо турҳои махсус ташкил намуда, ба хориҷиҳо имкон медиҳанд, ки дар куҳсори мо хуки ёбоиву оҳу шикор намоянду шоҳин қапанд. Дар ин феҳрист мо бо мушкилӣ номи чанд ширкатеро пайдо намудем, ки маҳз бо парандаҳои нодир сарукор доранд:

  1. ҶДММ «Шоҳин»,
  2.  ҶДММ «Ширкати сайри шоҳин» ва;
  3.  ҶДММ «Хизмат».

Аммо мо номи ин ширкатҳоро дар бойгонии Кумитаи андоз ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ пайдо накардем, мисли соҳибонашонро… Овозаҳо ин ширкатҳоро ба ину он нафар васлат медиҳанд. Мисле, ки мегӯянд, ширкати…моли духтари Паллаев аст…

   Тибқи қонунгузории ҶТ шоҳин парандаи нодир ба ҳисоб рафта, ба Китоби сурх шомил аст ва барои берун баровардани ин намуди паранда иҷозати Ҳукумати мамлакат лозим!  Аз рӯи маълумоте, ки мо дар даст дорем, сайёҳати Муҳаммад Аляброудӣ, сайёҳи қатариро низ дар Тоҷикистон ҶДММ «Ширкати сайри шоҳин» ташкил кардаву ӯ шоҳинҳои солхӯрдаро оварда, дар «Бешаи палангон» ба шоҳинҳои ҷавон иваз карда, бо пардохти пули камтар бурданӣ шудааст. Аммо агар ин тавр аст, пас чи гуна ин парандаҳо аз кишвар берун мешаванд? Суоли матраҳ ба Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук ва Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист аст, ки ҳарду ниҳод дар тобеияти Ҳукумати ҷумҳурианд. 

Мо пайгири мавзуем, Мо метавонем!!!

 

М.Амин, СССР 

 

Дар ҳамин маврид:

10 шоҳини дигар сар дода шуд…

    Вақте матлаб омода мешуд, хабар расид, ки  аз ҷонибишуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Парваришгоҳи ҳайвоноти нодир» бо мақсади дар ҷумҳурӣ зиёд намудани парандагону ҳайвоноти нодир,10 адад шоҳин дар мавзеи Эсанбойи н.Рӯдакӣ сар дода шуд.

Ин намуди парандаи нодир, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст, дар ҶДММ «Парваришгоҳи ҳайвоноти нодир» парвариш меёфтанд. Иқдоми мазкур, ҷиҳати дар мавзеи доманакӯҳҳои мавзеи Эсанбой зиёд кардани саршуморашон, дар асоси хулосаи олимони Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гаштааст. Амали хеле ҳам хуб, аммо метарсем, ки онҳоро ҳам барои сайёҳони арабӣ омода накарда бошем!?

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter