ХАБАРИ ДОҒ

Саммити Душанбе: кӣ чӣ гуфт?

  • Чоршанбе, Сен 29 2021

 

Дар дидору гуфтушунуфтҳое, ки тӯли ҳафтаи гузашта, бо ҳузури реолӣ ва виртуолии 12 президенти кишварҳои мухталиф, баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки Пешвои воқеии миллати Тоҷик дар сартосари олам аст ва аз манофеи кулли Тоҷикони дунё пуштибонӣ хоҳад кард. Брависсимо, Пешвои Миллат!!!

 

СААД: ҳадафи №1 таъмини амнияти кишварҳои узви созмон

   17.09.2021 дар ш.Душанбе таҳти раёсати Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид. 1 руз пештар, 16.09.2021 бошад таҳти роҳбарии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) сурат гирифт, ки дар кори он Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин (тариқи видеоконференсия) ва Котиби генералии СААД Станислав Зас иштирок карданд. Вазъ дар кишвари ҳамсоя-Афғонистон меҳвари асосии суҳбати сарони кишварҳои СҲШ ва СААД буд.

    Мухбири газетаи мардумии СССР низ тайи баргузории ин ҷаласаҳои сатҳи олӣ дар қатори 500 намояндани воситаҳои ахбори ватаниву хориҷӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ қарор дошт ва ҳоло дар бораи муҳимтарин нукоти музокирот хабар медиҳад.

Танҳо Эмомалӣ Раҳмон аз блокадаи Панҷшер гуфт…

Мавзуи марказии сухбати сарони давлатҳои узви СААД вазъ дар кишвари ҳамсоя Афғонистон буд.

    Муттаассифона, аксарияти президентони ширкаткунанда агар аз мавзуи Афғонистон баромади худро сар карда бошанд ҳам, баъдан аз мавзуъ берун шуданд. Агар яке аз ҳукумати «Толибон» пуштибонӣ менамуд (Содир Жапаров) дигаре ваксинаи ихтироъкардаи хеш ва истифода аз лоиҳаи сабзро таблиғ мекард (Қосимҷомарт Токаев), сеюмӣ мегуфт, ки «Толибон»-ро бояд пазируфту бо онҳо муколамаро сар кард. Роҳбарони давлатҳо роҷеъ ба масъалаи Афғонистон мавқеи гуногун доштанд ва ба 1 хулосаи аниқ наомаданд. Танҳо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ зимни суханронии хеш ҳаракати «Толибон»-ро сахт маҳкум намуда, давлати ташкилнамудаи “Толибонро“ 1 аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат донист.

   - Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, инчунин баробарии гендериро ба назар намегирад. Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад.  Мушкили Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва барои ҳалли бетаъхири мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя, бояд бо ҷалби табақаҳои васеи ҷомеа ва иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ҳукумати фарогир таъсис дода шавад. Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бояд бо назардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бидуни дахолати берунӣ муайян карда шавад. Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад.      Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 

Машқи низомӣ ба хотири амният

16.09.2021. Станислав Зас, Дабири кулли СААД ба хабарнигорон гуфт, яке аз масъалаҳои асосие, ки сарони давлатҳо муҳокима карданд, вазъи Афғонистон буд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва қӯшунҳои низомии НАТО аз он ба куллӣ тағйир ёфт. 

   - Тоҷикистон, тавре медонед, тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад-1344 км, ки бисёр мавзеъҳои он аз минтақаи баландкӯҳи дастнорас мегузаранд. Ҳамлаи босуръати ҷунбиши «Толибон», таҳти назорати он гузаштани қариб тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла марзҳои давлатӣ ва пойтахт-шаҳри Кобул, инчунин тағйири қудрат дар кишвар ба вазъияти минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастҷамъии СААД таъсири назаррас гузошта, моро ба ташвиши амиқ меорад. Ҳадафи аслии Созмон дар шароити мавҷуда таъмини амнияти кишварҳои узви СААД боқӣ мемонад, гуфт Станислав Зас.

   Мавсуф зикр кард, ки роҳбарони кишварҳои узви СААД ба мувофиқа расиданд, дар тӯли 1 моҳ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон силсиламашқҳои густурдаи Неруҳои дастҷамъии СААД-«Ҷустуҷӯ-2021», «Эшелон-2021», «Ҳамкорӣ-2021» ва «Кобалт -2021» баргузор кунанд.

 

Шерони Панҷшер ба Душанбе меоянд

    Яке аз муҳимтарин нуктаи ҷаласаи сарони кишварҳои СААД ва СҲШ ва мулоқоти расмии Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон Имрон Хон ин шуд, ки ҷонибҳо ҷиҳати ташкили гуфтушунидҳо байни намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер ва ҳаракати “Толибон” дар Душанбе ба мувофиқа расиданд.

    Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон Имрон Хон гуфт, пас аз дидору гуфтушунид бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ба ватан расидан замон, бо намояндагони ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар бораи бунёди ҳукумати фарогир (инклюзивӣ) дар Афғонистон ба музокирот шурӯъ кардааст.

   «- Пас аз вохӯрӣ бо роҳбарони ҳамсоякишварҳои Афғонистон, бахусус баъди гуфтушуниди тӯлонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ман бо “Толибон” дар бораи бунёди ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ - тоҷикону ҳазораҳо ва ӯзбекон гуфтушунид оғоз намудам. Умедворам  пас аз 40 соли низоъ чунин ҳукумати фарогир сулҳу суботро дар Афғонистон таъмин мекунад ва он на танҳо ба манфиати Афғонистон, балки тамоми минтақа ҷавобгӯст”, -  навиштааст Имрон Хон дар “twitter” - и худ.

   

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

16-17.09.2021,

Қасри Миллат

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter