ХАБАРИ ДОҒ

ҶСП «Вавилон - Мобайл» блокгузори матбуот мешавад?

  • Чоршанбе, Окт 06 2021

Дар ҳафтаномаи «СССР», таҳти №35 (676) аз санаи 02.09.2021 дар саҳифаи «Фейси мардумӣ» хабаре бо номи «Вавилон-Мобайл» танҳо барои шаҳриён?» аз номи Мухтор Толибзода, сокини ш. Душанбе чоп шуд. Маъмурияти ширкат баъд аз омӯзиши қазияи мазкур бо такя ба Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ахбори омма» аз санаи 7 феврали соли 2009, таҳти №22 вобаста ба маводи мазкур чунин иттилоъ медиҳад:

- Масъулини ширкат баъд аз тамос гирифтан бо масъулини саҳифаи «Фейси мардумӣ» бо мақсади ҳал намудани мушкилоти ишорашуда бо Мухтор Толибзода тамос гирифтанд. Аз сӯҳбат бо Мухтор Толибзода маълум шуд, ки ӯ чунин хабаре дар СССР чоп накардааст ва барои чопаш низ иҷоза надодааст. Ӯ аз ҷумла чунин иброз дошт: «Ман дар нашрияи СССР чизе чоп накардаам. СССР бе иҷозати ман ҳақ надорад аз номи ман чоп намояд. Ман як пост дар гурӯҳи Ахбор барои афкор чанд вақт пеш монда будам. Инҳо худ ҳангома кардаанд».

 ҶСП «Вавилон-Мобайл» бо назардошти моддаи 18 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз Шумо хоҳиш менамояд, ки вокуниши ширкатро дар саҳифаи навбатии нашрияи «СССР» чоп намуда, дар оянда аз чопи хабарҳои фейкӣ нисбати фаъолияти ширкат худдорӣ намоед. Зеро чопи чунин хабарҳои фейкӣ на танҳо боиси паст задани обрӯ ва эътибори кории ширкат мегардад, балки метавонад обрӯи нашрияро низ халадор намояд.

У. Асоев, директори ҶСП «Вавилон - Мобайл»   

 

Аз редаксия: Муҳтарам У.Асоев! Аввалан, ки Шумо ҳуқуқ надоред аз ин ё он нашрияи кишвар тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ВАО» чоп кардану накардани хабару шарҳ талаб намоед. Дуввум, ки Шумо бояд донед, ки дар  Фейсбук ҳар нафаре, ки матлабу шарҳу арзе менигорад, дарҳол оммавӣ мешавад. Аз шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳама метавонанд истифода кунанд ва ин таҷрибаи ҷаҳонист. Инчунин бояд гуфт, ки аз навиштаҳои фейсбукӣ рӯзномаҳои русзабони мо низ истифода мекунанд, вале боре надидаем, ки шумо нисбат ба он нигоштаҳо эрод гирифта бошед! Магар ҶСП «Вавилон - Мобайл» имрӯз блокгузори матбуоти даврӣ, хосса ВАО тоҷикзабон шуда, ки рӯирост ба таҳдид гузаштааст!?                                                     

Ба муаллифи шарҳ Толиб Мухторзода ва дигар хонандагони газета гуфтанием, ки пас аз нашри арзу шикоят дар шабакаи Фейсбук, он арз аллакай оммавӣ мешавад ва барои нашри он «гирифтани иҷозати муаллиф» шарт нест. Мо скриншоти навиштаҳои Шуморо дорем ва агар лозим шуд ҳангома намекунему дар суд во мехӯрем! Чаро аз Твиттеру Инстаграмму Фейсбуки Трампу Путину Байдену Мирзиёев мардум ба таври оммавӣ истифода мекунанду аз Шумо мумкин набудааст? Агар метарсед ё тарсонданатон, беҳтараш дигар ба ФБ надароеду нанолед!

Мо Метавонем!

                                                     

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter