ХАБАРИ ДОҒ

«Бомбаубежище» дорем-мӣ???

  • Чоршанбе, Окт 06 2021

 

Ҳафтаи равон хабари дар назди марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷамъ шудани ҳазорон нафар размандагони ҳаракати дар кишвари мо мамнӯъ эълоншудаи Толибон бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоии интернетиро ғасб кард. Тибқи баъзе аз овозаҳо ин размандагон-маргталабони ҳаракати дигари экстремистиву террористии «Ансоруллоҳ» буда, бо дастури Толибон дар марз дар минтақаи Тахор ҷамъ шудаанд, паҳлӯи ВМКБ қарор доранд. Хотиррас мешавем, Толибон шиъамазҳабон, ба вежа шиъаҳои исмоилияро чашми дид надоранд ва тибқи таълимоти мактаби Девбандӣ, ки аксарият бархеста аз ин таълимоти экстремистиянд, бо шиъаҳо «ҷиҳод» мекунанд…

 

Мероси 85 миллиардаи ҷангӣ

Агар Толибон то рафтани сарбозони амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон аслиҳаи кофӣ надоштанд, ҳоло муосиртарин аслиҳа ва техникаи ҷангиро доранд. Пас аз баргашти сарбозони амрикоӣ ба ватан теъдоди хеле зиёди лавозимоти ҷангӣ бо шумули 75 ҳазор автомашина, 200 ҳавопаймо ва чархболи ҷангӣ, 600 ҳазор адад аслиҳа ба маблағи умумии 85 миллиард доллари ИМА ба дасти Толибон расидаву имрӯз онҳо имкони истифодаи мушакҳои парвози дурро низ ба даст овардаанд. Ва тавре коршиносони амрикоӣ мегӯянд, ҳамакнун Толибон метавонанд ин лавозимоти ҷангиро бар зидди кишварҳое, ки бо сиёсаташон мухолиф аст, истифода бубаранд. Дар ҳақиқат имрӯз аз он сӯи марз ин хатар ҳаст ва кишвари мо бояд ба он омода бошад. Мо бар боварем, ки Тоҷикистони азиз аз хатари Толиб эман мемонад, вале фарзияҳои эҳтимолиро низ бояд матраҳ кард. Яъне дар сурати мабодо то куҷо мудофиаи граждании мо ба хавфу хатари бомбаандозӣ аз он сӯи марз омода аст? Оё дар шаҳрҳои калонтарини мамлакат-Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ мо паноҳгоҳҳои бомбаӣ-«бомбоубежище» дорем? Агар дорем онҳо дар кӯҷо ҷойгиранд ва ба чӣ қадар аҳолӣ метавонад паноҳ барад? Дар сурати эълони хатар мардум бояд чӣ кор кунанд ва ба куҷо раванд? Мо ин мавзӯъро пайгирӣ кардем.

 

Бункерҳои советӣ

Агар ба таърих назар афканем, аввалин бункерҳо ё паноҳгоҳҳои бомбаӣ дар СССР дар замони ҷанги сард байни давлати шӯравӣ ва Амрико сохта шудаанд. Мақсади ин гуна паноҳгоҳҳо наҷот додани шаҳрвандон зимни таркишҳои атомӣ буд. Аз ин пештар солҳои 1930-и асри гузашта дар подвалҳои биноҳои ҳукуматӣ хонаҳои махсус меканданд, ки он метавонист одамро аз хатари таркишу заҳролудшавӣ эмин нигоҳ дорад. Чунин хонаи зеризаминии бетонии махсусро барои И.Сталин низ сохта буданд.

Аз рӯи баъзе маълумот солҳои 1970 дар СССР беш аз 1 миллион «бомбоубежище» бунёд шудааст. Танҳо дар 1 шаҳри Йошкар-Ола 59 паноҳгоҳи бомбаӣ фаъолият карда, дар шаҳрҳои Маскаву Ленинград теъдоди паноҳгоҳҳои бомбаӣ аз 1000 адад ҳам гузашта буд. Он замон дар таҳхонаи ҳар як заводу фабрика, дар Тоҷикистону Узбакистон низ бункер вуҷуд дошт.

«Бомбоубежище»-ҳои советӣ аз 1 ё 2 ошёнаи зеризаминӣ иборат буда то 150-300 нафарро имкони ҷой намудан доштанд ва дар сурати эълони хатар мардум тавассути долонҳои махсус ба он мефаромад. Дар бункерҳо барои миқдори муайяни мардум об ва хӯрока захира шуда будааст.

 

Паноҳгоҳҳои зеризаминии амрикоӣ ва аврупоӣ

Дар он замон, амрикоиҳо низ барои худ бункерҳои 4-5 ошёна бунёд намуда, ҳатто барои кору зиндагии худ дар зери замин шароити лозима омода месохтанд. То солҳои 1990 алакай наздики 200 ҳазор аҳолии ИМА бункерҳои чандқабатаи зеризаминии шахсӣ доштанд-аз ҳуҷуми атомии СССР метарсиданд!

Имрӯз низ шахсиятҳои шинохтаи амрикоӣ ба мисли Ҷорҷ Соросу собиқ президенти ин кишвар Доналд Трамп паноҳгоҳҳои 9 табақа доранд ва ҳатто барои тиҷорати худ дар зери замин низ шароит фароҳам овардаанд.

Дар Аврупо низ паноҳгоҳҳо аз ҷанги эҳтимолӣ фаоланду аҳолӣ нек медонад, вақти хатар куҷо гурезад.

 

«Бомбоубежище»-ҳои Душанбе

Дар бораи паноҳгоҳҳои бомбаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мо натавонистем маълумоти аниқу дақиқ пайдо кунем. Дар чанд ниҳоди қудратие, ки мо муроҷеъ шудем, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфтанд, ки дар ин маврид суҳбат намекунанд, зеро сирри давлатист.

Дар чанд матлабе, ки ҳамкорони мо қаблан нашр кардаанд, гап сари чанд паноҳгоҳи бомбаии шӯравӣ  дар «Тоҷикагрегат», «Тоҷикатлас», «Тоҷиктекстил», таҳхонаҳои корпусҳои беморхонаи Қарияи боло, бинои КТН «Шарқи озод» ва бункери зери бинои Шӯрои олӣ, ҳоло Парлумони мамлакат, мераваду халос. Ба ғайр аз ин сокинони кӯҳансоли ш.Душанбе аз «бомбоубежище»-ҳои назди бинои вокзали роҳи оҳан, Театри сабз-чойхонаи «Роҳат», Хонаи радио, минтақаи Сирк, Маркази миллии ташхис ва Маркази автомобилӣ (Автосентр) ёд мекунанд.

Хотиррас мешавем, ки ин ҷо мо ягон сирру асрореро фош намекунем, зеро ҷуз бинои Парлумон, паноҳгоҳи таги заводу фабрикаҳо кайҳо вайрону валангор шуда, касе парвои онро надорад.

 

Душман пушти дару мо хомӯш?

Агар маълумот дар бораи паноҳгоҳҳои бомбаӣ сирри давлатӣ бошад, пас чаро ниҳодҳои марбута дар бораи омодагӣ ва худдифокунӣ ва мудофиаи гражданӣ чизе намегӯянд? Тавре мегӯянд душман дар пушти дар асту мо хомӯшем!?

Маълум аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти қудратии мамлакат дар ҳолати омодабош қарор доранду артиши тоҷик имрӯз имкон дорад ба ҳар 1 хатари беруна посухи сазовор бигӯяд, вале маро 1 чизи дигар  ба ташвиш андохтааст; Ҳоло «бомбоубежище» як сӯ,  чаро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ, алалхусус сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ ва огоҳии мардум аз хатари ҷангу мушакпартоӣ намегузаронад? Оё мардум медонанд, ки дар вақти хатари эҳтимолӣ чӣ кор бояд кунанду ба куҷо панаҳ баранд? Масалан ман ҳамчун 1 шаҳрванди ин кишвар ва сокини ш.Душанбе на хабар дораму на огоҳ ҳастам ва на омодагӣ мебинам, шумо чӣ?

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

 

М.Аминзода, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter