ХАБАРИ ДОҒ

Иҷораи китоби кӯҳна чанд сомонист?

  • Чоршанбе, Окт 06 2021

 

 

Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ хусусан дар шабакаи Фейсбук сару садоҳо нисбати нархи иҷораи китобҳои дарсии хонандагон зиёд аст. Аксар истифодабарандагон шиква аз он мекунанд, ки китобҳои дарсиро аз китобхонаи мактаб дарёфтанаш мушкил ё китобҳои фарсударо бо 50-60% нархи аввалааш мефурӯшанд.

   Вазорати маориф ва илми ҶТ сол то сол кӯшиш мекунад, ки китобҳои нави дарсӣ чоп карда, мушкили китобҳои кӯҳнаро ҳал кунад. Вале тайи чанд соли охир аз тарафи вазорати мазкур шумораи хеле зиёди китобҳои нави дарсӣ чоп ва ба дасти хонандагон расида бошад ҳам, аммо то ҳол ин мушкилӣ пурра ҳалли худро наёфтааст. Китобҳои дарсие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илм ба талабагон дода мешавад, барои иҷораи 3 сола аст. Мантиқан баъди 3 сол онҳо бояд ё ройгон шаванд, ё иваз ва ё ба хонандагон тақдим. Аммо дар соли 4-5-уми таҳсил низ  боз аз хонандагон нисфи маблағи китобҳои дарсӣ ситонида мешавад.

    Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, арзиши аслӣ ва иҷоравии китобҳои дарсӣ, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ дар соли 2021 нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фиристода шудаанд. Аз ҷумла китоби «Забони русӣ барои синфи 7», 13,16 дирам, «Географияи синфи 9», 13,81 дирам ва ба ҳамин монанд 19 фанни китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ ба хонандагон аз рӯйи шартномаи 3 сола дастрас гардидааст. Ва маблағи хараҷу мараҷи кутуб бояд дар 3 сол пурра ҷамъовар ва бозгардонида шавад.

Пас маблағе, ки баъди соли 3,4,5-ум мегиранд ба ҷайби кӣ меравад? Саволи матраҳ аст, албатта.

 

Китоби кӯҳна ва фурӯши он

   Аксар вақт ба хонандагон китобҳои даридаву фарсударо, ки аз муҳлати шартномааш чанд сол гузаштааст, дода, маблағ меситонанд. Ҳамчунин Вазорати маориф ва илми ҶТ мутобиқи банди 8-и «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуъбаи маорифи ҳар як шаҳру ноҳияро ҷиҳати пардохти сарфи хароҷоти нақлиёт барои дастрас кардани китобҳо аз анбори раёсати маориф то шуъбаи маорифи ноҳия ва аз шуъба ё раёсати маориф то ба муассисаҳои таълимӣ, нигоҳдорӣ ва тақсимоти китобҳо, музди меҳнати мутасаддиёни соҳаи иҷораи китобҳои дарсӣ, пардохти ҳаққи хизмати амалиёти бонкӣ ва дигар эҳтиёҷоти вобаста ба китобҳои дарсӣ метавонад, то 2% арзиши иловагӣ ба нархи муайяншудаи Вазорати маориф ва илми ҶТ муввазаф намояд.  

Қайд кардан ба маврид аст, ки Вазорати маориф ва илм шартномаи китобҳои дарсии хонандагонро 3 сол муайян кардааст Ба забони фаҳмотар, пас аз 3 соли истифода арзиши китоб пурра пардохт карда мешавад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, баъди 3 соли истифодаи китоби дарсӣ то корношоям шуданаш низ дар мактабҳо истифода шуда, маблағи иҷорааш ҷамъ карда мешавад. Барои рушанӣ андохтан ба ин проблема бояд ба чанд суол посух гирифт:

    1. Иҷораи китобҳои дарсии хонандагон, ки баъди 3 соли шартнома маблағаш пурра бармегардад, оё ройгон аст?

2.      Агар ройгон бошад, пас маблағи ҷамъкардаи китобҳои кӯҳна ба куҷо меравад?

3.      Нархи китобҳои кӯҳнае, ки мӯҳлати истифодаашон аз 3 сол гузаштааст, чанд сомониро ташкил менамояд?

    Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

Исматулло Собирӣ, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter