ХАБАРИ ДОҒ

Ба Идибек, веростори газетаи мардумии СССР писараш занг зада, бо изтироб мегӯяд: «Дада орд 275 сомонӣ шудаасту Шумо 200 сомонӣ ба ман додед». Падар хандида: «Чӣ, мехостӣ 275 сомонӣ диҳам? Боқимондаашро худат деҳ!».  Писараш бо ҳасрат: «О, дирӯз 240 сомонӣ  буд!»... Рӯзи дигар писари Идибек бо 275 сомонӣ бозор рафта, мебинад, ки орд аллакай 300 шудааст…

      1 моҳи ахир ба маротиб боло рафтани нархи орд, ки хӯроки №1 барои мардуми кишвар ба шумор меравад, сокинонро нигарон кард. Воқеан ҳам боиси изтироб аст, вақте маҳсулоти аввалияи истеъмолӣ дар 1 шабонарӯз  то 35 сомонӣ гарон мешавад. Ҳоло ин оғози қиматӣ буд, зеро агар дар шаҳр нархи 1 халта орди навъи 1-ум 275 сомонӣ шуд, пас ҳатман дар дигар минтақаҳои кишвар он то 300 сомонӣ барои 1 халта хоҳад баромад!

 Аз зангҳои телефонии хонандагони газета маълум мешавад, ки нархи 1 халта орди навъи 1-ум дар вилояти Хатлон аз 260 то 280 сомонӣ, дар ВМКБ 300 сомонӣ, Панҷакент-280 сомонӣ, Хуҷанд-270, Рашт-290 сомонӣ буда, ҳамин тавр болоравии нарх боз ҳам идома дорад. Айни замон нархи чаканаи халтаи 50-килоии орди навъи 1-ум дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он 270-275 сомонӣ (23 - 23,4 доллар)-ро вобаста ба кишвари истеҳсолкунанда ташкил медиҳад.

 

Усули а ля Убайдуллоевӣ

  Суръати болоравии нархи орд, ки маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ барои сокинони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, боиси изтироб мегардад. Зеро он, яъне орд, 1 ҳафта пеш 230-240 сомонӣ нарх дошт. Кор ба ҳадде печидааст, ки масъулин маҷбур шуданд, дари бархе аз фурӯшгоҳҳои ордро бубанданд. Ё арзонтар фурӯшед ё умуман нафрӯшед. Воқеан ҳам бо ҷаллобони орду нону гандум аз ҳамин усул бубуояд кор гирифт. Чунки ҳоҷӣ-тӯраҳои беимони мо дигар забонро намефаҳманд.

           7-8 сол пеш, вақте нархи орд боло рафт, Маҳмадсаид Убайдуллоев маҳз аз ҳамин усул кор гирифт. Он даврон ҳатто орд килоякӣ фурӯхта мешуд. Зеро орд маҳсулотест, ки тез онро метак-кирми орд мезанаду бесифат мешавад. Ҳоҷӣ-беимонҳо чун диданд, ки ордашон мепӯсад, маҷбур онро бо нархи арзон ба фурӯш гузоранд ва бӯҳрон паси сар шуд. Усули бад не-а? Омӯзед!

 

Қазоқистон «дарашро» баст?

    Дар рӯзҳои аввали гароншавӣ ба бозори «Деҳқон» рафтем. Ҳамон гунае, ки харидорон мегӯянд назорат ва идоракунии нарху наво нест! Бозори «Деҳқон» маъмул ба бозори яклухтфурӯшии маҳсулоти кишоварзӣ, мағозаҳои ордро бастааст, то тоҷирон нархи ордро аз 250 боло накунанд, вале тоҷирони якрав барои бастани мағозаҳо розӣ шуданд. Аммо арзон намефурӯшанд! Воқеан ҳам, ҳамон Убайдуллоев дӯкони чунин тоҷирони саркашро АБАДАН мебаст!!!

    Ба гуфтаи савдогарон сабаби гаронии нарх ин пеш аз ҳама кам шудани воридоти гандум ва орд аз Қазоқистон ба кишвари мо буда, нархи роҳкиро ва дигар боҷу пардохтҳо низ қимат шудаанд. Агар қаблан гандумро оварда, дар корхонаҳои ордбарории вилояти Суғд орд карда, пасон мефурӯхтанд, ҳоло ҳамин корро ҳам намекунанд. Тибқи баъзе хабарҳо ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дастур додаст, ки пеш аз фаро расидани мавсими зимистон содироти орду гандум кам карда шуда, пеш аз ҳама дар анборҳои давлатӣ захира карда шаванд.  Ин дар ҳолест, ки Остонаи расмӣ ба Толибон муфт ва ройгон орд медиҳад! Суоле посух мехоҳад, ки ҳамин аст ҳамкории сиёсӣ ва узвият дар ШОС, ОДКБ ва СНГ???

 

Хадамот гуфт, аммо…

    Нархи чаканаи орди гандумӣ, тибқи омори расмӣ, дар моҳҳои январ-июли имсол ҳатто каме ба андозаи 6% коҳиш ёфта буд. Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ болоравии нархи ордро ба қиматшавии гандум дар Қазоқистон, ки ин маҳсулотро Тоҷикистон аз ҳамин кишвар ворид мекунад, нисбат медиҳад. Сардори Хадамот Абдулмаҷид Муминзода ин масъаларо чанде пеш бо истеҳсолкунандагони орд дар ш.Хуҷанд, ки аксарияти корхонаву коргоҳҳои ордбарорӣ дар ин ҷо фаъолият доранд, баррасӣ кард. Муминзода аз истеҳсолкунандагон даъват намуд, ки ба болоравии беасоси нархҳо роҳ надода, ба таъмини бозори дохилии кишвар бо орд мусоидат кунанд.

    Тибқи омори расмӣ, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна орд ва 608 ҳазор тонна гандум ворид шудааст. Воридоти орд ба андозаи 50% коҳиш ёфта, воридоти гандум бошад, баръакс 6,7% афзоиш ёфтааст. Дар дохили Тоҷикистон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 487 ҳазор тонна орд (аз ғалладона ва дигар зироатҳои растанӣ) истеҳсол шудааст, ки 2,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Ҷамъоварии солонаи ғалла дар ҷумҳурӣ беш аз 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад, ки тақрибан 900 ҳазор тоннааш ба гандум рост меояд.

 

Аз паси орд саф кашед!

     Дар ин миён нархи маҳсулоти дигари аввалия ба мисли равғану гӯшт низ боло рафта, ҳамин ҳоло нархи 1 зарфи 5 литраи равғани офтобпараст 105 -110 сомонӣ, 1 кило гӯшти гов 60,70 сомонӣ, 1 кг гӯшти мурғ 28 сомонӣ мебошад. Мутахассисин ин болоравиро маҳз бо нархи орд баста медонанд. Бо ин ҷаҳиши бесобиқаи нарху наво, ки ҳар сол дар мавсими тирамоҳ пеш меояд, маоши мардум фақат ба хариди 1 халта орду 5 литр равған мерасаду халос. То он вақте ки назорати нарх мутамарказ ва ҷиддӣ нест, ҳар касе чӣ тавре мехоҳад, нарх мегузораду мефурӯшад, аз он ҷумла орду равғану гӯштро. Шояд кам шудани воридоти орду гандум аз Қазоқистон дар ҳақиқат ҷой дошта бошад, вале ба назари мо инҷо имону виҷдони тоҷирони ордфурӯш низ костааст, ки аз вазъияти иқтисодӣ истифода бурда, нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд.

Вақте назорат нест, гуфти бобои Ғулом, «ба кӣ мегӯӣ!?».

 

Баҳори Нозанин,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter