ХАБАРИ ДОҒ

Нархи роҳкиро гарон мешавад!

  • Ҷумъа, Окт 15 2021

 

    Сар аз 10 ноябри соли 2021 ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои 1 мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо 1,80 (1 сомонию 80 дирам) ва тариқи кортҳои яксафара (2 сомонию 50 дирам), троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1,50 (1 сомонию 50 дирам), ва тариқи кортҳои яксафара (2 сомонӣ), микроавтобусҳо 2,50 (2 сомонию 50 дирам) ва барои интиқоли 1 мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) 3,00 (3 сомонӣ) гарон мешавад.

    Тавре ба мухбири СССР дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» шарҳ доданд, болоравии нархи роҳкиро вобаста ба гарон шудани нархи маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ буда, маротибаи охир, ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе дар соли 2011 зиёд шуда буд. 

   - Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110%, қувваи барқ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷотҳои худро рӯйпуш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст. Ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам тайи солҳои охир аз ҷониби МИҲД шаҳри Душанбе дар доираи имкониятҳои ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд, вале басанда набуда, зарурияти тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст, афзуданд дар ин муассиса.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter