ХАБАРИ ДОҒ

Аз зани «простой» то бонуи «гендершуда»-и Тоҷик

  • Чоршанбе, Окт 27 2021

 

…Баъд аз муроҷиатҳои батакрори ҳомиёни ҳуқуқ ва Созмони Милал мақомоти Тоҷикистон дар ниҳоят зӯроварӣ дар оиларо ба унвони ҷиноят ба тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ ворид кард. Дар сурати қабули ин тарҳ мумкин аст, мард, ё ҳар узви дигари оиларо, ки ба ҳамсар, хоҳар, ё хеши дигараш ҷабру зулм мекунад, то ба 7 соли зиндон маҳкум кунанд…                                                    

 Ман усулан ба горе-депутатҳо ва горе-юристони дар пасманзари грантҳои хориҷӣ шустани қонуну қавоиди миллӣ коре надорам. Медонам, ки ин тарҳу ин қонун ҳатман қабул мешавад. Мисле, ки Танзим қабул гардиду оинҳои қадима лағв шуданд. Ман танҳо ба хонандаи гиромиям дарди диламро мегӯям. Эй, одамон, ин қонун зарбаи сахттарин бар пояи фарҳанги табордории мо-Тоҷикони ориёист, фарҳанге, ки дар 1400 сол араб, 700 сол чингизу ланг ва 70 соли дигар русҳо натавонистанд ба он дастдарозӣ кунанд. Зеро ҳар зану марди Тоҷик хонаводаашро чун қалъаи дастнорас ҳифз мекард. Акнун қонун ба он сар халонид: Реформа!!! Ҳоло боз пеши аврупоиҳо мушт бар сина низ хоҳем зад, мана бинед, мо низ чун шумо қонун дорем, қабул кардем, мешинонем хусуру хушдоман, марду пардҳоро…

Фарҳанги табордории мо, ки капут шуд, миллат ҳам капут мешаваду забону давлату диёрамон низ. Зимнан мо набояд чун харгушакҳои таҷрубавӣ ба ҳар пешниҳоди созмонҳои байнулмилалӣ уфтода шавем. Вагарна дур нест соате, ки бар никоҳи марду мард ва зан бо зан низ иҷозат диҳем. Гуфти Бобои Ғулом «Девори осонбурояк нашавем».                                                                                             Тоҷик чӣ дорад? Фарҳанги табордорӣ! Ифтихори оиладорӣ!! Шарафи хешутаборӣ!!! Ҳамин дирӯз будӣ, ки 1 нафар қисса кард, «ҷиянам модарашро оварда пешам гузошту гуфт, апаатро табобат кун! Ман пеши занам рафтам!» ва кампиракро дар долони болниса партофта, баромада қишлоқ рафт… Аҳамият деҳ, хонанда. Қишлоқққ…

 Ин ки маданияти табордорӣ дар шаҳрҳо ким-кай фалаҷ шуда буд, медонем. Вале урбанизатсия ба деҳот низ асар кардааст. Вагарна кай ва кӣ дида буд, ки дар қишлоқе марде занашро сар диҳаду бонуи дигаре бо ӯ издивоҷ кунад? Занғар!!!-ин унвони нафаре будӣ, ки 2 зан беш мегирифт. Бонуи бешавҳар монда, агар айби худи зан мебуд, 1 умр бева мемонд! Имрӯз ҷавонон то 7-8 зан мегиранду духтарон то 6-7 шӯ мекунанд ва ҳамааш САДАЙ! Касеро парвое нест. На оқсақоли деҳа парво дораду на падару модар ва на ҷамъияти қишлоқ. Ва ҳамун ҷавоне, ки модарашро дар долони беморхона гузошта, пеши занаш рафт, низ парвардаи сиёсати гендери аврупоист!

Агар Аврупову Амрико воқеан баробарҳуқуқии зани мусалмонро мехоҳанд, пас чаро аз Толибон талаб намекунанд, ки ба бонувон ақаллан иҷозаи ба кор, таҳсил, кӯча баромадан диҳанд? Ҳоло сухан сари театру кино намеравад. Просто раванд ва таҳсил кунанд. Ан-неъ! Ҷамоъаи ҷаҳонӣ дар баробари ситами бераҳмтарини гӯшношунид сари бонуи афғон хомӯш аст. Вале аз Тоҷикистон талаб мекунад, ки барои 1 силлӣ, 1 дашном, 1 ҷанҷоли оилавӣ мардонро 7 сол ҳабс кунанд.

Касе Амрико ва Аврупо рафтааст, медонад, ки метроҳои он пур аз бонувони сияҳчашми соҳиби «фингал» аст. Онҳоро ҳам мардонашон мезананд. Вале касеро суд намекунанд ку? Рӯиҳамрафта, бе ҳамин қонун низ бархе аз занҳо беномус шавҳаронро то суд мекашанд. Дар мо! Намегӯям хусумат ва хушунат дар хонаводаи тоҷик нест. Ҳаст! Вале 99% камтар аз оне, ки матбуот обутоб медод. Ёд доред, мегуфтам, газетаҳои ғар баста шаванд, ки рӯзе ба сарамон мушкил меоранд? Ин натоиҷи фаолияти пурсамари ана ҳамон ғаржурналистон аст. Ва мутаассуф оғози кор мебошад.

Ва акнун баргардем сари моҷаро: Дар моддаи 153-уми кодекси нав бо номи “Зӯроварӣ дар оила” муҷрими моҷаро то 7 сол суд мешавад. 300% бовар дорам, ки 100% «муҷримини ин кодекси аврупоӣ» мардон мешаванд. 1-2% шояд хушдоманҳо. Бо ҳамин кодекс мо марди Тоҷикро латтаи дари зан-полшуваки хона кардем!!!

Оилаи тоҷик, фарҳанги табордорӣ адо шуд!!! Шумо бар ҳамин ҷумла бовар доред (иқтибос аз шарҳи кодекс аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ):

-Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон, аз ҳар 5 зан яке аз онҳо ба зӯроварӣ дучор мешавад ва солҳои ахир ҳам хушунат ба ҳамсар ва ё хоҳару дигар аъзои оила зиёд шудааст...

Барои ин ҷумларо гуфтан "Ҳомиёни Ҳуқуқ" бояд фикри 5 млн занро донанд!!!

Сафсатта, абсурд, идиотизм!!!

Гарав мебандам, ки «ҳомиёни ҳуқуқ»-и муқими Тоҷикистон грант гирифтаву ин пурсиш-опросро гузаронидаанд ва барои «ситам надидани занони ростгӯ» ному насаби онҳоро инкогнито кардаанд. Дурӯғи маҳз аст! Зани Тоҷик ҳаргиз ситам намебинаду шата намехӯрад ва агар хӯрд ҳам аслан моҷарои хонаводагиро ба кӯча намебарорад. Зани Тоҷик бузигарӣ намекунад, зеро хабаркашӣ дар хунаш нест. Вале агар кунад, пас Тоҷик нест! Миллаташ гендер аст!

Воқеан ҳам таваҷҷӯҳ кунед, пропагандистҳои гендер дар аксари маврид худ бешавҳаранд. Ин амали онҳо оё қасд ситонидан аз Бонуи Тоҷике нест, ки дар оғӯши шавҳару канори фарзандон худро фаришта мебишмарад? Суол риторикист, албатта…

Бо 1 ҳарф, ки ба гендершудаҳо фаҳмотар аст, зеро аксарияти тоҷикиро намедонанд:

-Руки прочь от таджикской семьи!!!

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter