ХАБАРИ ДОҒ

Имрӯз дар сартосари олам миллионҳо нафар ба доми қаллобони интернетӣ меафтанд, ки тоҷикон низ истисно нестанд. Зимнан ин матлабро хонед. Мо Метавонем!

Пас аз рушду оммавӣ шудани шабакаи ҷаҳонии Интернет дар баробари тараққиётии зеҳнии мардум ва дастрасӣ ба итиллоот, дигар омилҳои манфӣ, ба мисли қаллобӣ ва фиреб тавассути Интернет низ пешрафт кардааст. Кушода шудани шабакаҳои иҷтимоӣ амсоли Фейсбуку Одноклассники, Инстаграму Вайбер ва Телеграмм ин корро дучанд афзоиш дода, ба тӯри қаллобони интернетӣ ҳамасола ҳазорҳо нафар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ меафтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узве аз ин ҷомеаи ҷаҳонист,  албатта аз ин падидаи нав-қаллобӣ ва фиреб тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет эмин намондааст.

 

$ 3,5 миллиард дуздии Интернет

Қаллобӣ дар Интернет ва тавассути он (қаллобии электронӣ) 1 намуди қаллобӣ бо истифода аз шабакаи ҷаҳонӣ мебошад. Он метавонад, барои пинҳон кардани маълумот ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ бо мақсади тамаъҷӯии пул, молу мулк ва меросро дар бар гирад. Қаллобӣ дар интернет ҷинояти алоҳида ба ҳисоб намеравад, аммо як қатор амалҳои ғайриқонуниро нисбат ба мардум дар бар мегирад.

Қаллобӣ ба воситаи  интернет аз дуздӣ фарқ мекунад, зеро дар ин ҳолат ҷабрдида ихтиёран ва дидаву дониста ба ҷинояткор маълумот, пул ё молу мулки худро медиҳад. Қаллобии интернетӣ инчунин бо он фарқ мекунад, ки дар он ҷинояткороне, ки аз рӯи замон ва фазо ҷудо шудаанд, ихтиёран ба шахсони номаълум маблағ равон мекунанд 

 Тибқи гузориши расмӣ, FBI-Бюрои федеролии тафтишотии ИМА дар бораи ҷинояткорони интернетӣ аз соли 2019то инҷониб беш аз 467,000 шикоят гирифтааст. Қурбониён бар асари қаллобӣ дар соли 2019 зиёда аз 3,5 миллиард долларро аз даст доданд. Тадқиқоте, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ ва “McAfee” гузаронидааст, ҳамасола киберҷиноят ба иқтисоди ҷаҳонӣ 600 миллиард доллар зарар мерасонад, ки 0,8% маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Қаллобии онлайн дар шаклҳои гуногун аз спамҳои почтаи электронӣ то қаллобии онлайн меояд.

 

Қаллобии хайриявӣ

Яке аз намудҳои тараққиёфтаи қалобии интернетӣ ин қаллобии хайриявӣ мебошад, ки дар мо низ рушд кардааст. Ин гурӯҳи қаллобон худро намояндаи созмони хайриявие муаррифӣ мекунанд, ки барои кӯмак ба қурбониёни офати табиӣ, ҳамлаи террористӣ, низоъҳои минтақавӣ, эпидемия, камбизоатӣ ва беморӣ маблағ ҷамъ мекунанд.

Инчунин, маблағро метавон бидуни истинод ба 1 ҳодисаи мушаххас ва масалан, барои таҳқиқот дар бораи саратон, СПИД ё вируси Омикрон ва ятимхонаҳо ҷамъоварӣ кард. Фиребгарон метавонанд ҳамчун созмонҳои хайрия, аз қабили Салиби Сурх ё Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ шаванд. Қаллобон хайрия талаб мекунанд ва аксар вақт ба мақолаҳои хабарии онлайн пайваст мешаванду маблағро тариқи ҳамёнҳои электронӣ қабул мекунанд.

 

СССР ҳам фиреби қаллоберо хӯрда буд

            Хонандаи огаҳ медонад, ки газетаи мардумии СССР низ 4 сол пеш ба маъракаҳои хайрхоҳӣ даст мезад. Шоира Раҳимҷон-мудири Маркази продюсерии мо консерти ситораҳои санъатро ташкил карда, ба кӯдакони бемор пули он консертҳоро пурра мебахшид. Чаро мо ин корро бас кардем? Пеши худ суол гузоштаӣ? Акнун мегӯем.

Хонуи қаллобе ки худро сокини тоҷиктабори Маскав муаррифӣ мекард, бо мо дар тамос шудаву тариқи интернет гиряҳои бисёре мекард, ки духтарашро аз Хуҷанд барои ҷарроҳии саратон ба Маскав овардааст. Хулласи калом мо чун тоҷики сода ба ин қаллобзан пули калони 1 консертро, ки рӯзи 08.01.2018 баргузор шуда буд,  бахшидем ва дигар аз ӯ на пай монду на ҳайдар. Ҳарчанд кофтем бо ин ному насабе, ки ӯ гуфта буд, ягон беморе дар бемористонҳои саратони Маскав пайдо накардем. Зимнан консертҳоро низ қатъ кардем...

 

Қаллобии пулӣ ва Ҳасанҷон

Роҳи дигари рушдёфтаи қаллобии интернетӣ ин иштирок намудан дар ҳар гуна лотереяҳо ва ё ғолиби ин ё он озмуни пулӣ шудан аст, ки солҳои ахир дар кишвари мо низ зиёд ба назар мерасад. Яке аз чунин ҷабрдидагоне, ки ба доми қаллобони интернетӣ гирифтор шудааст, Ҳасанҷон Юнусов, рӯзноманигори ҷавон мебошад. Рӯзи 24.12.2021 ба саҳифаи фейсбукии дар  телефон насбшудаи Ҳасанҷон аз шаҳрванди давлати Олмон Gandonou Arimiaou чунин паёмак омад:

 Ман Gandonou Arimiaou соли тавалудам 1973 ба бемории саратон гирифтор шудаам. Инак пеш аз мурданам мехоҳам, ба шахсони ниёзмандон кӯмаки пулӣ ба миқдори 1000 доллари амрикоӣ кунам. Лутфан гапҳои маро шӯхӣ қабул накунед, оилаҳое, ки фақиранд ба рақамҳои ман паёмак нависед”.

Пас аз паёмаки Gandonou Arimiaou ман низ ба он кас  барои кумакпули гирифтан дархост фиристодам-мегӯяд Ҳасанҷон-Дере нагузашта аз тарафи Gandonou Arimiaou паёмаки такрорӣ расид.  

 “Салом ман Gandonou Arimiaou соли тавалудам 1973 ба бемории саратон гирифтор шудааму инак мехоҳам пеш аз мурданам кумак пули ба миқдори 1000 доллари амрикоӣ ба хонаводаи фақир кунам. Агар шумо воқеан аз оилаи камбизоат бошед, 1 акс бо оилаи худ гирифта ба мо равон кунед!”.

Баъди паёмаки Gandonou Arimiaouро дидан зуд фармоиши додаашро ба ҷо оварда, бо оилаи худ якчанд акс гирифта, ба суроғаи Gandonou Arimiaou равон кардам. Пас аз 1 соат боз  ба телефонам смс омад:

“Мо аксҳои шуморо дида баромадем, хоҳишмандем нусхаи шиносномаи худро ба мо равон кунед!”.

- Аз шодии зиёд ба ҷойи корам рафта шиносномаи худро копия карда, ба Gandonou Arimiaou равон кардам. Вақте паёмаки худро ба Gandonou Arimiaou равон кардам он кас боз аз ман хоҳиш намуд, ки агар дар ягон корхонаи давлатӣ фаъолият дошта бошам, аз ҷойи корам маълумотнома гирифта, онҳоро низ равон кунем. Боварам наомад, вале 1000 доллари амрикоӣ кӯча хоб нест-ку, яке, гуфта намешавад, боз фиреб накунед, гуфта пурсидам, ки дар ҷавоб посух омад, ки Шумо танҳо нестед, - гуфт Ҳасанҷон.

Ҳар вақте ман ба Gandonou Arimiaou паёмак мефиристодам дар ҳол ба паёмак ҷавоб дода, ҳуҷҷатҳои гуногун талаб мекард. Мани сода ба гапҳои бардурӯғаш бовар карда, ҳар чизе фармоиш медод, дарҳол  иҷро мекардам...

 

$200 бидеҳу  $1000 бигир…

Субҳи барвақт Gandonou Arimiaou ба рақамҳои ман тариқи ватсап паёмак фиристод: “Агар ту дар ҳақиқат корманди идораи давлатӣ бошӣ, пас барои маблағро ба даст овардан, ҳатман аз ҷойи корат ба мо маълумотнома равон кун”.  Саросема рост ба  корхона рафта, аз ҷойи корам  маълумотнома гирифта ба Gandonou Arimiaou-и қаллоб равон кардам. Худи фардояш дар Ватсаппам паёмак аз тарафи бонкири бонки шаҳри Берлин бо номи Руизит Мартинез омад.

   “Салом сэр! Ман бонкири Gandonou Arimiaou Руизит Мартинез ҳастам. Мо маълумотномаи шуморо пурра аз назар гузаронидем, шумо дар ҳақиқат аз табори оилаҳои камбизоат ҳастеду инсони ростқавл. Акнун ҳоло фурсати он расидааст, ки барои 1000 доллар гирифтан аз фонди хайриявии Gandonou Arimiaou шумо бояд аз бонкомати шаҳри худ ба корти мо 200 доллар партоед!”.

Пас аз паёмаки навбатӣ ман тасмим гирифтам, ки барои 200 доллари ИМА дарёфт кардан аз Бонки миллӣ қарз гирам. Аз корхонаи худ маълумотнома гирифта, ба бонк рафтанӣ будам. Хушбахтона пеш аз пул гузаронидан Омирона Достиева садди роҳам гашта, ҳушдорам дод, ки Gandonou Arimiaou шахси қаллоб асту мехоҳад, аз содагиат истифода бурда, 200 доллари амрикоиро ба воситаи қаллобӣ ба даст орад.Бо боварии комил метавонам гуфт, ки ҳоло 99%-и мо ба доми фиреби чунин ашхос афтода, ба ивази маблағи калони набуда, пули худро ба ҷайбашон равон мекунем. Аҳмақем, ростӣ!  

 

Суратҳисобе, ки бо 20 ҳазор доллар ғайб зад...

Ин ҳодиса 1 ҳодисаи дигари монандеро ба ёд овард, ки дар борааш ҳамкоронам хеле зиёд мегӯянд. Чанд сол пеш 1 журналисти дигари шинохта низ ба доми қаллобони интернетӣ ғелид. С.А. ба воситаи почтаи электронӣ, ки нав кушода буд, бо нафаре ошно мегардад. Аз дӯсти нав барояш паём меояд:

   “Мо 1 гурӯҳ-ташкилоти хайриявием, мехоҳем ба оилаҳои камбизоат кӯмакпулӣ бидиҳем. Агар шумо аз фонди хайриявии мо кӯмакпулӣ дар ҳаҷми 1 миллион доллари амрикоӣ гирифтанӣ бошед, лутфан пешакӣ аз бонки давлатӣ ба корти мо 20 ҳазор доллари ИМА гузаронед!”.

Дар дили С.А. аввал шубҳа пайдо шуд, вале боз паёмак омад, ки “Мо пешакӣ ба дар бонки тоҷикистонии “N-бонк” суратҳисоб кушода, 1 миллион доллари ИМА гузаронидаем. Барои гирифтани маблағ шуморо зарур меояд, ки дар  корти мо низ 20 ҳазор доллар гузаронед!”.

С.А. ҳамон рӯз ба бонки мазкур рафта, ба  кормандони бонк қазияро фаҳмонида, суратҳисобро санҷидааст. Воқеан аз бонке дар Британияи Кабир ба бонки мазкур  1 миллион доллари амрикоӣ гузаштааст. С.А. дарҳол аз худи ҳамон бонк 20 ҳазор доллар қарз гирифта, ба суратҳисоби бонк мегузаронад. Дар баробари гузаштани маблағ ҳам суратҳисоб ва ҳам 20 ҳазор доллар ғайб мезананд...

 

Субҳон низ фиреб хӯрд

Рӯзе дар редаксия будем, ки Субҳон Раҷаб-журналисти собиқадор аз н. Восеъ ба сардабири СССР занг задаву гуфт, “ба  писарам барои хондан дар Амрико нафаре грант ҷудо кардаасту мегӯяд барои гирифтани он мо бояд 200 доллар пардозем ва грантро гирем. Хоҳиш кумак кунед!”. СМ гуфт, “бародар, инҳо қаллобанд, ба домашон наафтед”. Аз байн чанд моҳ гузашту Субҳон сардабири моро дида мегӯяд, “воқеан Шумо одамшинос будаед. Онҳо қаллоб будаанд”-ва меафзояд ”вале ба ҳар ҳол ман гапи шуморо нагирифта, сӯхтам...”.

 

Чи бояд кард?

Чӣ бояд кард, то ба доми фирбеи чунин қаллобони виртуолӣ наафтем? Пеш аз ҳама барои ягон ашё, ё ваъдаи миллиондоллариву ҳазоревроӣ, ба нафарони номаълум нишонӣ, суратҳисоб, рақами корти худро нагӯед ва ҳаргиз пул пешпардохт накунед. Маблағро танҳо дар сурате диҳед, ки моле, ки шумо фармоиш додаед, санҷида ва комилан қонеъ карда шавад. Ҳангоми ворид шудан ба сайтҳои иҷтимоӣ аз он ҷумла бонкҳо, ташкилотҳо ё платформаҳои тиҷоратие, ки ба шумо номаълум аст, саҳифаеро, ки дар экран кушода мешавад, бодиққат омӯзед. Зеро тамоми ашхоси номаълум аз он ҷумла қаллобони интернетӣ низ бо номҳои гуногун худро муаррифӣ менамоянд. Эҳтиёт бошед, сайте, ки шумо мекушоед, ҳақиқат дорад ё ин ки сохтааст.

Ва аз ҳама муҳим: аз барои савоб, ҳамин худи шумо, мабодо касали саратон шавед пулҳои худро ба хориҷии номаълуме мебахшед? Албатта не! Пас чаро бовар доред, ки хориҷии ношиносе ба шумо пулашро хоҳад дод?

Эҳтиёт ними ҳаёт. Мо метавонем!

Омиронаи Сайёф,

СССР

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter