ХАБАРИ ДОҒ

Мушти воҳид-шикасти ангушти пароканда аст

  • Чоршанбе, Янв 26 2022

Вазъи имрӯзаи ВМКБ дар даврони пандемия ва буҳронҳои шадиди молиявӣ, авзои муташаниҷи ҳарбии Афғонистон ягон фарди солимақли Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Зеро бузургони гузаштаи мо хирадманадона гуфтаанд:

“Хиёнат бахшиданист, тороҷгарӣ авфпазир аст, аммо бетарафӣ ҷурми нобахшиданист. Зеро бетарафӣ хиёнат ва ғоратгариро ба вуҷуд меоварад”

Мо наслҳои Истиқлолияти давлатӣ имсол ҷашни 30-солагии  Истиқлоият ва сисолагии умри пурфайзи хешро дар фазои ваҳдати кулл таҷлил намудем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтиқаи Осиёи Марказӣ аз захираҳои стратегии газу нафт ва робитаи бандарии баҳрӣ маҳрум аст, дар зарфи сӣ сол зиндагии шоиста ва ороми фараҳбахшро таъмин намуд. Дар ин муддат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ 4 иқдоми наҷотбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбарои аҳолии сайёра пазируфта шуданд. Сатҳи зиндгии мардум ва некуаҳволии мардум баланд гардида, мақом ва эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо кард. Ман ҳар гоҳ ба ягон мушкилоти маишии рузгор дучор шавам, даррав партавфишонии Парчами Тоҷикистонро дар назди бинои СММ ёдрас мешавам. Ва ин манзара маро руҳу илҳоми тоза мебхашад.

 

Мухолиф ё душмани миллат?

Мо набояд аз мушкилоти ҷузъӣ фоҷиаи умумимилиро ба вуҷуд орем. Ҳамаи ин дастовардҳо неруи иғвогар, ҷудоиандоз ва ҷоҳталабро ба хашм овард. Гурӯҳи курдилон бегонапарастҳо аз дуриҳои хориҷи кишвар ба зиндагии мардум, фаъолияти идораҳои расмии қудратӣ бо нияту  ҳадафҳои нопок дахолат мекунанд. Ҳатто журналистони русзабони бадахшиасли муқими Прага, ки дар радиои бонуфузи Амрикоӣ кору фаолият доранд, бе восита ба ин моҷаро дахл карда, мардумро ба низоъ ва хархаша мекашанд. Ин хатти маши радиои Озодӣ бошад ва ё ҳайу ҳуйи ин журналистони бадахшиасл? Нафаре аз онҳо, бо номи Анора Саркорова, ҳатто дархост кардааст, ки газетаҳои хусусие, ки аз ин моҷаро тараф нагирифтаанд, баста шаванд!!! Ин позитсияи 1 журналист аст ва ё худи Озодӣ? Бояд офиси марказии Озодӣ дар Прага рӯи ин моҷаро кор кунад. Зеро аз рӯи навиштаҳои кормандони он ба назар мерасад, ки гӯиё маҳз Амрико ва ин радио мехоҳанд ба оташи иғвои Хоруғ равған резанд.

Аз сӯи дигар бонувон-журналистони русзабони бадахшиасли муқими Душанбе низ равғанрези ин моҷаро мешаванд. Аз ҳар навиштаи онҳо ба вежа дар саҳифаҳои иҷтимоии Фейсбук бӯӣ ҷанг, бӯи иғво, бӯи хиёнат, бӯи нафрат ба ин сарзамин меояд ва аксари онҳо дар расонаҳои давлатӣ низ кор мекунанд. Бояд сари роҳи ин иғвоангезиҳо шуд! Бояд ҳар равғанрези моҷаро ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Зеро то забони ин моҷарохоҳон дароз аст, ҷавонони хоруғиро онҳо гумроҳтар месозанд!!!

Боиси таасуф аст, ки ба ном мухолифин барои амалҳои ҷиноӣ борҳо авф шуданд. Вале боз паймоншиканӣ намуданд. Шоир барҳақ гуфтааст:

Ба зону гар занад душман,

Ба таъзимаш макун бовар.

Ки хам-хам рафтани саёд,

Бароиқатли мурғон аст.

Хам-хам рафтану  вале буздилона сиёҳ намудани дастовардҳои кишвари маҳбуби мо баръакс мо ҷавонони кишварро ба ҷасорату ваҳдати кулл ҳидоят мекунад.

 

Ҳодисаи Хоруғ амали муқаррарӣ буд

Воқеаҳои 25-28 ноябри соли равон дар шаҳри Хоруғ ҳодисаи муқарарии чорабиниҳои фаврии зидди гумонабарони ҷиноят буданд. Имрӯз чунин тадбирҳо дар ИМА, Канада, Белгия ва соири кишварҳо ба хотири пешгирии ҷиноят анҷом дода мешаванд. Албатта дар чунин амалиётҳо рух надодани фалокатро касе замонат дода наметавонад. Аммо аз 1 чорабинии фаврӣ ва фалокати тасодуфӣ тарҳрезӣ намудани ҳамоиши ғайрйиқонунии  сиёсии оммавӣ хилофи ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаҳонӣ аст.

Иқдоми ҷавонони ВМКБ, хусусан ҷавонони шаҳри Хоруғ, дар маъракаҳои варзишӣ, даъват ба сафи Артиши миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, ҳамовозӣ ба сокинони марзии шаҳри Исфара дар тамоми ҷумҳури бо хушундӣ истиқбол шуданд. Ин нишони ватандустӣ ва садоқат ба халқу миллат аст. Ин қишри солимақли ҷомеа имрӯз низ бояд барои сулҳу оромии диёр, марз саъю талош ба харҷ диҳад.

 

Чӣ бояд кард?

Мушкиле нест, ки осон нашавад. Ин панди бузургон моро водор мекунад, ки дастҷамъӣ ва бо андеши амиқ роҳу усулҳои тафоҳуми умум ва ризояти хирадмандонаро пайдо кунем. Ба ҳайси зодаи ВМКБ ва насли зодагони даврони Истиқлол чанд таклифро пешниҳод менамоям.

-Барномаи дарозмуҳлати давлатии таъмини ҷавонони ВМКБ ба ҷои корӣ таҳия гардад.

-Комисияи босалоҳияти касбӣ аз воқеаҳои Хоруғ хулосаи илмӣ таҳия намуда, барои рушди маърифати ҳуқуқии ҷавонон барномаи давлатӣ ба нақша гирифта шавад.

-Ҳамоиши ҷумҳуриявии “Ҷавонони Тоҷикистон - Тоҷикистони пешсаф ва шукуфоро месозанд” дар шаҳри Хоруғ доир гардад.

-Намояндагои ҷавонони ВМКБ дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи баланд васеъ ҷалб гарданд.

-Рӯзҳои ҷавонони ВМКБ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ва Форуми ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ доир гардад.

Мо ҷавонон, зодагони ВМКБ бори дигар амалҳои ҷиноиро маҳкум намуда, мардуми шариф, ватандӯст ва меҳнатқарини ВМКБ-ро ба сабру тамкин, ақлу заковати дурназар даъват менамоем. Роҳи наҷоти мо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ аст. Мо ҷавонон бояд шукри ин Ватан, шукри озодии истиқлол кунем:

Ин Ватан моро пари парвоз дод,

100 дареро баҳри дониш боз дод.

Мо ҷавонони адолатхоҳро

Сӯи фардои наку овоз дод.

 

Амиршоҳ Акимзода,

сокини шаҳри Душанбе, зодаи ВМКБ

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter