ХАБАРИ ДОҒ

Путин СССР месозад, ё Империяи русӣ?

  • Чоршанбе, Апр 13 2022

Аз редаксия: Матлаби зер, 8 сол пеш, аккурат, дар таърихи 01.04.2014 нашр  ва ҳушдоре ба ҷаҳониён ва кишвардорӣ буд. Имрӯз, ки Аврупо ба ҷанги навин кашида шудааст, ин матлабро мо бознашр мекунем. Ҳушдору пешгӯиҳои коршиносони моро қаблан ба ҷидд намегирифтанд. Акнун хонандаи гиром, бихону биандеш, ки мо то кадом ҳадд, мӯшикофона вазъро пайгир ва мавзуъро пешкашат карда будем. Мо Метавонем!

 

Владимир Владимирович Путин-ВВП аз маъруфтарин, маҳбубтарин ва махуфтарин чеҳраҳои сиёсати замон аст, ки аз ӯ на танҳо бегонаву душманон, ки ҳатто дӯстону ҳаводоронаш метарсанд. Ин аксиома аст. Вагарна НАТО, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) алайҳи ӯ иттифоқ намебастанду ба он Японияву Ҳинду Чинро даъват карданӣ намешуданд.

Дар СНГ бошад, аксарияти президентҳои «союзник», ки де-юре дӯстони ВВП мебошанд, де-факто аз ӯ ҳарос доранд. Шумо боре изҳороти Каримов, Бердимуҳаммадов, Алиевро аз дигар варақ занед.

Табиист, ки Душанбеи расмӣ низ ба назар мерасад, ки камтар ба ВВП эътимод дорад. Зеро аксарияти кулли шартномаҳои ахирии Душанбеву Маскав бо роҳи дӯстонаи «ихтиёран маҷбурӣ» баста шудаанд.

Зеро Кремл бо роҳи фишору таҳдид ва зӯроварӣ дар нисбат ба 1 млн табааи ҶТ, ки муздури русанд, шартномаҳои худро ба тасвиб расонида буд ва инро мо фаромӯш накардаем…

Зимнан Путинро коршиносон ба 3 чеҳраи таърихӣ шабеҳ мекунанд, ки мо ин версияҳоро баррасӣ мекунем. Мо Метавонем!

 

1.     Пётри 1-ВВП

Бархе бар назаранд, ки ВВП ҳамчун Петри 1 дар саргаҳи ренесанси Русия меистад. Воқеан ҳам, то омадани ӯ, Бориска Елтсини алкаш Русияро ба 1 кишвари парокандасари беҳуқуқ, хаос ва анархия табдил карда буд. Полковники КГБ СССР, В.В.Путин билофосила Русияи титу питро муттаҳид ва дар они воҳид ба абарқудрат бадал кард. Вақте ки бори нахуст ӯ бо Буши хурдӣ-президенти Амрико дар Полша во хӯрд, ин фразааш қанотдор гардида, ҷаҳонро ларзонид:

-Ман дӯсти ту нестам; ман президентам!

Ин сухан баъди он садо дод, ки Буши қотили мусалмонони олам, ки худро лашкаркаши салибӣ зидди олами ислом муаррифӣ мекард, ба Путин даст дода, гуфт, аз ин рӯз ману ту дӯсти абадием. Чанде қабл амрикоиҳо Елтсини камхирадро бо ҳамин гуна шиорпартоиҳо аҳмақ карда буданд. Буш фикр дошт, ки ВВП алкаши навбатии урус аст. Аммо ВВП дасти ӯро нагирифта гуфт:

-Президент ҳуқуқи дӯстӣ надорад!!!

Зимнан ренесанс ва сипас забти Қримро аз сӯи Путин, мисли «Окно в Европу»-бунёди Санкт-Петербург, ки Русияро ба баҳрҳои Аврупо мепайваст, муаррифӣ мекунанд, ки комилан хатост. Петр сохт, аммо Путин забт кард!

 

2.     Ленини нав-ВВП

Фразаи дигари ВВП то ҳанӯз дар гӯшҳо садо медиҳад:

-Касе ба хотири СССР дилаш гум намезанад, дил надораду касе дар фикри барқарори он аст-ақл!

Ин ишора ба онҳое буд, ки аз ВВП сареҳатан талаб мекарданд, ки бо проектҳои нави Иттиҳоди Гумрукӣ, СПАД ва Евросоюзаш оё дар фикри эҳёи давлати аздастрафтаи СССР нест? Путин бо ин посух зиракона чизе гуфт, ки дигар маълум набуд, ӯ чӣ мехоҳад. Вале аксарияти шодихӯрдагони давлати абарқудрати СССР аз ин фоли нек гирифтанд. Бо ин ҳама яке аз муддаиёни барқаросозии СССР-президенти Белорусия-Батко Лукашенко дигар аз ин хусус ҳарфе намезаду намезанад. Коршиносон мегӯянд, ВВП мехоҳад кори ҳамшаҳрии худ, В.И.Ленинро ба субут расонад. Ва агар СССРро дар шакли пешина барқарор карданӣ нест, пас онро мехоҳад ба симмати Империяи бузурги Русия бо колония ва губернияҳои зертобеъ ба Кремл, ки ҳуқуқе надоранд, эҳё созад. Ин дар ҳолест, ки Ленин чизи дигар мехост: Баробарҳуқуқии тамоми мардуми маскуни давлати синфи коргару деҳқон-СССР…

 

3.     Ҷангҷӯи рус-ВВП

Ва аммо қадамҳои нахустин ва ҳам охирини ВВПро зумрае аз коршиносон ба империяхоҳи дигари асри ХХ, Адолф Гитлер монанд мекунанд. Адолф дар синни 44 солагӣ, пас аз 15 соли шикасти шармандавори Германия дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-1918) ва торумори империяи Олмон сари кор омада, тавонист дар муддати кӯтоҳ саноати вазнинро тараққӣ бахшида, кишварашро ба абарқудрати қаблӣ мубаддал кунад. Аз нахустин коре, ки барои ҷаҳонхоҳӣ кард, Гитлер Австрияи шарик ва ҳамзабону ҳамфарҳангашро дар таърихи 18.03.1938 забт намуд, ки он бо номи Аншлюс (немисӣ-ҳамроҳкунӣ, иттифоқ) маъруф аст.

Референдуми Қрими Украина дар таърихи 15.03.2014 баргузор гардид, ки сабти ниҳоияш 17.03.2014 равшан шуд, ки беш аз 96% мардум хостанд ба Русия ҳамроҳ шаванд. Ин ҳамроҳшавӣ, ки аллакай бо номи Аншлюси асри 21 номовар шудааст, дар таърихи…18.03.2014, аккурат, расо 76 сол баъди Аншлюси Гитлер мақоми расмӣ гирифт. Тасодуфи арқомро дидӣ, хонанда?

Аншлюси Гитлер бо чӣ анҷомид ҳама медонад. Ҳар Наполеон Ватерлоо ва ҳар кишвари СНГ Қрими худро дорад!

Референдуми Қрим ва ба Русия пайваст шуданаш, аксарияти кишварҳои шомили СНГро сари андеша кашид. Зеро маълум шуд, ки ҳамаи инҳо дар таркиби хеш Қримҳои маҳаллиро доранд. Ӯзбекистон Қароқалпоқистон дораду Озарбойҷон Нахчеван, Арманистон Қарабоғ дораду Молдова Приднестрове ва Тоҷикистон…Вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ.

Чанде пеш, аз забти Қрим, Сафват Бурҳонов тариқи Интернет ҳушдор дода буд, ки «дар Русия бадахшиҳоро осону роҳат «рус» мекунанд, яъне ба онҳо паспорти русӣ медиҳанд. Огаҳ бошед, ки ин ҷо сирре ниҳон аст!».

Акнун, ки Қрим пурра урусӣ шуд, ба фикрам, ҳушдори Сафватро бояд дар ҳукумати марказӣ сареҳатан шунаванд! Зеро дар ин шабу рӯз ягона роҳи ваҳдати миллӣ, мисли Туркманистон, саркашии яктарафаи Душанбеи расмӣ аз душаҳрвандист…

Боқӣ худ медонеду худоятон. Зеро СССРе, ки Ленин бунёд гузошта буд, дар 2 олам дигар ба шумо барнамегардад. Он давлате буд, ки синфи коргару деҳқон барои худ бунёд гузошт. СССРи нави Путиниро миллиардерҳои рус барои истисмори мардуми дигарнажод роҳандозӣ карданиянд.

 

Путин ва Тоҷикон

Бо ин ҳама СССР дар тӯли 4 моҳи ахир, ҳанӯз қабл аз инқилоби Майдан дар Киев ва барҳамрезии Қриму дар саргаҳи ҷанг қарор гирифтани кишварҳо роҳандозӣ карда буд (мо медонистем, ки вазъ печида мегардад: Мо Метавонем!), ки онро бе коммент пешкашатон месозем:

Суоли 1: Путин нафари боэътимод аст?

-Не, зеро гапаш дигар асту кирдораш дигар- 73.6%

-Оре, ман ба ӯ бовар дорам - 20.8%

-Ман намедонам - 5.6%

Количество участников: : 72

Первый голос: : Monday, 09 December 2013 15:23

Последний голос: : Tuesday, 25 March 2014 09:06

Суоли 2: Шумо ба Русия бовар доред?

-На, Русия ягона кишварест, ки дар он ҷо Тоҷикро мекушанд - 74.1%

-Оре, ин шарики стротегии мост - 21.2%

-Ман намедонам - 4.7%

Количество участников: : 85

Первый голос: : Monday, 09 December 2013 15:25

Последний голос: : Tuesday, 25 March 2014 06:02

 

Сайф Достиев

1 апрели сол 2014 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter