ХАБАРИ ДОҒ

                          

 

Худойқул Пулатов, хонандаи ҳамешагии газета аз н.Қубодиён ба идора занг зада (тел: 83222-2-04-00), изҳори нигаронӣ аз болоравии нарху навои бозор кард.

   - Ман бо ҳамсарам нафақахӯр ҳастем, вале бо чунин нафақа зиндагӣ пеш намеравад. Айни замон дар дилхоҳ бозору мағоза нархи 1 халта орд то 430 сомонӣ, 5 литр равған то 160 сомонӣ асту нарху навои дигар маҳсулоти аввалияро номбар намекунам, чунки ба ҳама маълум. Аз масъулини ниҳод хоҳиш дорем, ки ё нархро ба танзим дароред, ё маошу нафақаи нафақахӯронро зиёд кунед, оқибати баландравии нархи маҳсулот он аст, ки  мо шояд аз гуруснагӣ мурем. Чун дар даврони советӣ дар ҳар ноҳия 1 мағоза барои нафақахӯрон ва пиронсолон кушоед, ки бо нишон додани шаҳодатномаи нафақа чизе харида тавонем.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter