ХАБАРИ ДОҒ

ФАРЗАНДИ НЕК ҶОЙНИШИНИ ПАДАР ШАВАД

  • Чоршанбе, Июн 01 2022

Аз редаксия: Рисолаи илмии Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, ки дар арафаи ҳифозат буд, муаллақ монд. Зимнан, газетаи мардумии СССР, хидмати бузурги марҳумро дар мавриди таблиғу ташвиқи шифоҳӣ ва радиоии Маснавии Маънавии Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ, ки мавзуъи кори илмии ахирӣ буд, ба назар гирифта, аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даъват менамояд, ки ба Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода унвони номзади илми филология (пас аз марг) ва академики фахрӣ (пас аз марг) дода шавад. Мо Метавонем!

 Бо Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар ноҳияи Ҳисор, дар хонаи Саидалӣ Саид, нависандаи маъруф ва муаллифи «Тафсири зарнигор», ки ба ман ҳаққи устодӣ ва бародарӣ дошт ва дорад, ошно шудам. Ин ошноӣ, ки аз лутфу иноёти Худовандӣ буд, баъд ба дӯстиву бародарӣ табдил ёфт. Шукр мегӯям ин ҳамаро ва азиз мешуморам он хонадонро.

Ҳоҷӣ Исмоил дар он рӯзгор, яъне 34 сол пештар,  дар ноҳияи Фархор ба сар мебурд. Барои падару модари Саидалӣ ӯ домоди дӯстдор маҳсуб меёфт. Аз омаданаш бисёр шод мегаштанд. Барояш дастархони шоҳона меоростанд. Ва чун парвона ошиқона гирди ин шамъи фурӯзон ҷамъ меомаданд. Аммо ман баъдтар, пас аз 3-4 соли ошноӣ,  дарёфтам, ки ӯ писари авлиёи вақт эшони Пирмуҳаммад, маъруф ба Махд(с)уми Санги Кулула будааст.

 

Маснавишинос…

Боз гаштам аз сухан, зеро ки нест,

Дар сухан маънову дар маъно сухан.

Ҳоҷӣ Исмоил имрӯз яке аз беҳтарин тарғибгарони Мавлоно ва хоса «Маснавии Маънавӣ»-и ӯ дар кишвар маҳсуб мерафт. Махсусан дар соли таҷлили 800-солагии ин орифи бузург ӯ бисёр фаъол буд. Ба воситаи радио, телевизион, матбуот, маҷлисҳои хоса пайваста баромад мекард ва дар рушди маърифат, адабиёт, забон, ҳикмат саҳми арзанда мегирифт. Бо пешниҳод ва саҳми Ҳоҷӣ Исмоил матни пурраи «Маснавӣ» сабт шуд ва ҳоло он дар хазинаи тиллоии «Радиои Тоҷикистон» маҳфуз аст.

 

Рӯдакишинос

Дар соли таҷлили 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ фаъол буд. Аҷзи муҳаққиқони ин султони шоирон назди  ӯ баръало рӯшан мегашт. Бинандаву шунаванда ба осонӣ дармеёфт, ки ба умқу асрори маънои ашъори Рӯдакӣ роҳ ёфтааст ва метавонад онро ба ҳаводорони ин нобиғаи шеър бирасонад. Оре, бисёриҳо мепиндоштанд, ки фаҳми шеъри Рӯдакӣ осон аст. Аммо пас аз суҳбатҳову шарҳҳои ӯ дарёфтанд, ки хато кардаанд. Нахуст бояд ба Қуръони Кариму аҳодиси набавӣ бояд роҳ барӣ, то рӯзгори шоирро хуб бидонӣ ва ҳам шеъри ӯро. Ӯ дар ин маврид танҳо 1 мубаллиғи Рӯдакӣ набуд, балки ҳам ташвиқгари бузургу муваффақи Қуръон, дину мазҳаби ростин ва маърифату ахлоқи ҳамида низ буд.

 

Нуктадон

680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадониро дар кишвар таҷлил мекарданд. Ҳоҷӣ Исмоил дар он рӯзгор на танҳо дар сафи пеши тарғибгарони ин орифи шинохта қарор дошт, балки дигар ҳаводорони ӯро бар ин кор вомедошт.

Чун аз Камоли Хуҷандӣ  дар соли таҷлили 675-солагияш мегуфт, мепиндоштӣ 1 умр ин шоирро таҳқиқ кардаву ашъорашро аз бар намудааст.

Дар Соли бузургдошти забони тоҷикӣ бо суҳбату навиштаҳояш бузургӣ ва зебоиву латофати ин забони нобро ба мардум муаррифӣ мекард. Бо ин тухми муҳаббатро нисбат ба забон дар замири дилҳо мекишт. Дар ин ҳол ӯ чун муҳаққиқи варзидаву ошиқи содиқи забон ба назар меомад. Дар маҷлисҳову суҳбатҳои хоса аз назокату дастовардҳои адабии ин ё он шоиру нависанда ончунон сухан мекунад, ки мепиндорӣ оиди эҷодиёти онҳо чандин рисолаҳои илмӣ навиштааст. Ҳеҷ кас аз аҳли адаб инкор намекунад, ки ӯ адабиёти Шарқу Ғарбро дар пояи баландтарин медонист!

Амрҳои маъруфи ӯ гувоҳ бар онанд, ки на танҳо донандаи хуби ислому мазҳаб, балки яке аз ҳидоятгарони ростин маҳсуб меёфт. Оре, ӯ мехост мардум ҳақиқатро дарёбанд ва дарёфти ҳақиқат туфайли маърифату меҳру муҳаббат ва садоқат даст медиҳад. Суҳбатҳои ӯ сангинтарин дилро ҳам об мекард. Суҳбатҳои ӯ ба кас руҳу илҳоми тоза ва ҷасорату мардонагӣ мебахшид. Суҳбатҳои ӯ ба созандагӣ, дӯстдории дину мазҳабу Ватану миллат ҳидоят месохт.

 

Сахӣ

Ҷанги шаҳрвандӣ мерафт. Ӯ барои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ талош меварзид, бо сангиндилтарин нафарон, қотилон гуфтугӯ мекард, онҳоро аз оқибати куштор хабар мекард. Албатта, ин амал дар он рӯзгор ҳаргиз осон набуд. Хатари азиме ба дунбол дошт. Дар чунин вазъи басо мураккаб яке аз омӯзгорони собиқадори Донишгоҳи миллӣ оламро падруд мегӯяд. Аз тарс ва набудани имкони молӣ ҷанозаву иҷрои маросими дафни ӯ ба таъхир меафтад. Дар ин маврид Ҳоҷӣ Исмоил пайдо  мешавад. Ба ӯ мушкилро баён месозанд. «Ин вазифаи мост»- мегӯяд ӯ ва тамоми иҷрои маросиму харҷи онро ба уҳда мегирад.

Ҳеҷ кас ба ҷасорат ва хоса саховати ӯ шубҳае надошт. Дар ҷашни домодие ба ӯ чун нишони муҳаббату эҳтиром дар локие нону гӯшт, қанду меваҷот мепечанду ҳамроҳи курта медиҳанд. Чунин амал дар хатнасуре такрор меёбад. Дар роҳ, дар саҳни мактаб таъмиргаронро мебинад. Ҳеҷ кадоме аз онҳоро намешиносад. Аз мошин мефарояду наздашон меравад. Он локиҳои пур аз анвои хӯрданӣ ва куртаҳоро хоҳиш мекунад, ки биёранд. Ҳамаро ба таъмиргарон мебахшад ва мегӯяд, ки «шумо шахсони бузурги ин кишваред, ки дар маърифати хонандагон бо ин амалатон саҳми шоиста мегиред».

Ба марду занҳои майзадаи рус ҳам саховат мекард, пул медоду баъд ба мо мегуфт:  «Тааҷҷуб накунед. Инҳо кишвари мо, Ватани моро чун мо дӯст медоранд. Мебинед, дар вазнинтарин рӯзгор ҳам ин сарзаминро тарк накардаанд. Рӯзгор чун барояшон сангин гардидааст, рӯ ба шароб овардаанд. Мехоҳанд ғаму ранҷро муддате ҳам бошад, аз ёд бибаранд. Магар онҳо дар ободониву пешрафти кишвари мо кам саҳм гирифтаанд?»

 

Такягоҳи  бузургон

Ба зиёрати шоир ва донишманди бузурги исломӣ Сомеъ Одиназода, маъруф ба домулло Шариф аз Ҳисор ба Кӯлоб, ки мерафт, ҳатман барояш чанд халта орд, рӯған, шакар ва собун мебурд. Ва боз миқдоре пул ба дасташ медод.

Сомеъ Одиназода аз ин амал хушнуд мегардид. Ӯ ба нодориву ранҷу рӯзгор қаноату сабр мекард, аммо аз дороён на ёрӣ мехост, на онро қабул менамуд. Ҳоҷӣ Исмоил дар ин маврид истисно буд. Ӯро, ки чун бародар дӯст медошту азиз мешумурд, ҳам лутфу шӯхӣ мекард, ҳам аз ранҷу мушкилоти рӯзгораш ҳикоят. 1 рӯз, ки ба зиёраташу аёдаташ рафтам, гуфтам:

-Бобо, ин бор на ба зиёрату на ба аёдат омадаам.

-Пас барои чӣ омадаӣ?

-Ба ҷосусӣ омадаам.

-Чиро донистан мехоҳӣ?

-Ҳоҷӣ Исмоил фиристод. Гуфт, ки бирав ва дарёб устод ба чӣ чизе дар рӯзгор ниёз дорад?

-Бачам, ба Ҳоҷӣ Исмоил бигӯ,  одамӣ дар рӯзгор ба чӣ ниёзманд мешавад? Албатта, ба орд, чой, рӯған, собун. Ва боз ман шакарро дӯст медорам.

-Майлаш, бобо, мерасонам.

-Бачам, Ҳоҷӣ Исмоил худодод аст. Пул нови осиёб воре пешаш меояд. Ҳеҷ зарар намебинад, агар ба мо андак дар ин замони вазнин ёрӣ расонад.

Аввали моҳи марти соли 1995 ба хонаи иҷораи дигар гузаштем. Дақиқтараш аз шаҳри Душанбе ба маркази ноҳияи Ҳисор омадем. Рӯзи дуюми зиндагиамон дар ин хона буд, ки ӯ ҳамроҳи ҳамсараш -  апаи Зебинисо (рӯҳаш шод боду хонаи охираташ обод) омад. Гуфт, ки апаат ҳоло дар хона ҳамроҳи келин менишинаду мо 1 сайр мекунем. Дар мошин нишастем. Ба бозор омадем. Ба чанд кӯдаку мӯйсафед пул дод. Баъд орд хариду чойу рӯғану шакару гӯшт. Чун ба хона омадем, гуфт, ки онҳоро барои шумо харидам ва минбаъд ҳам аз рӯзгорат бохабар мешавам.

 

Кӯдакдӯстдор

Хуб дар хотир дорам. 22 апрели соли 1994 буд. Ҳамроҳи ӯ, апаи Зебинисо ва фарзандонаш аз ноҳияи Ҳисор ба ноҳияи Фархор мерафтем, ба тӯй, ба хонаи бародараш. Дар сари роҳи Душанбе-Кӯлоб кӯдакон бо гулҳои худрӯйи чидаашон меистоданд. Интизор буданд, ки раҳгузарон он гулҳоро мехаранд. Дар ин рӯз ҳамаи гулҳои онҳоро Ҳоҷӣ Исмоил харид. Мошин пур аз гул шуд. Чун дигар гулфурӯше ба чашм нанамуд, аз апаи Зебинисо пурсид:

-Гулҳо писандатон афтод?

-Не, ҳеҷ писандамон наафтод.

-Бале. Инҳо он қадар гулҳои хубу хушбӯ нестанд.

-Пас барои чӣ ҳамаро харидӣ?

-Барои шод шудани кӯдакон. Ба умед чидаанд охир.

Ҳоҷӣ Исмоил боз 1 халта чукрӣ харид.

-Инҳо ҳама пучалаанд, хӯрда намешавад,-эътироз мекунанд фарзандонаш.

-Ҳамин тавр аст, эй ҷонҳои падар. Ин мард, фурӯшандаи чукрӣ бо умед  дар роҳи назди оромгоҳи қиблагоҳам нишастааст. Дар хона кӯдаконаш интизори омадани ӯянд, ки нон меорад...

Дар Олимтой пешниҳод кард, ки ҳама ба зиёрату аёдати Сомеъ Одиназода биравем. Ва ба дасти фарзандону ҳамсараш миқдоре пул медиҳад, ки бо дасти худашон онҳоро бидиҳанду дуои домуллоро бигиранд.

 

Падаршуда

Падарам аз ошноӣ, дӯстиву бародарӣ бо Ҳоҷӣ Исмоил шод буд ва бо ин ифтихор ҳам мекард. Таъкид менамуд, ки «ҳамеша дар хизматаш бош, эҳтиромашро ба ҷо биёр ва дуояшро бигир!». Ва аз каромоти Махдуми Санги Кулула бисёр ҳикоят мекард. Мегуфт: «Бачам, бо Ҳоҷӣ Исмоил барин шахсият одам ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Суҳбаташ чун насими баҳорӣ асари некашро ҳатман мегузорад. Қадамаш дар ҳар хонае бирасад, файз меорад. Аз ӯ манфиату баракати бисёр меёбӣ».

Воқеан, мо аз ӯ манфиату баракати бисёр дидем. Ҳеҷ аз хотирам намеравад. Моҳи апрели соли 1994 буд, ки гуфт: «Бародари азиз, ҳеҷ ғамгин мабош. Ба хости Худованд ин фарзанд солим ба дунё меояд. Писар аст. Ба ӯ  Исмоил ном мегузорӣ, номи маро». Ва фарзандам Исмоил 31 июли ҳамон сол сиҳҳату саломат ба дунё омад. Ҳоҷӣ Исмоил барои ӯ гаҳвора харид. Апаи Зебинисо онро пурра омода сохт. Ва баъд бо дуои ин 2 шахси бузург фарзандамонро дар он хобонданд.

Соли 1999 Худованд лоиқ донисту соҳиби духтар ҳам шудем. Апаи Зебинисо ҳамроҳи Ҳоҷӣ Исмоил ба хонаамон омаданд. Пурсиданд, ки чи номаш гузоштем. Гуфтем, ки шуморо интизор будем. Ҳоҷӣ Исмоил гуфт: «Номи ӯро Зебинисо - ҳамсари азизам мегузорад». Апаи Зебинисо гуфт: «Дар хонае, ки Исмоил ҳаст, бояд Зебинисо ҳам бошад». Ҳоҷӣ Исмоил бо шодмонӣ ин пешниҳодро пазируфт.

Ҳоҷӣ Исмоил гули сари сабади маҳфилҳо буд, ҳаст ва мемонад. Яке аз дӯстони мо дар мавриди ин шахсияти барҷаставу маҳбуб гуфта буд: «Худованд ба инсон ҳамин қадар медиҳад». Ӯ чун фарзанди нек, ҷойнишини падари валияш гардид. Умед аст, ки фарзандони фарзонаи ӯ арвоҳи падари бузургвор ва бобои шӯҳратмандашонро шод карда, ҷойгузини онҳо дар мазҳаби ҳанафия мегарданд. Рӯҳаш шод ва хонаи ахираташ обод бод…

 

Абдулқодири Раҳим, журналист,

Соли 2012-2022

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter