ХАБАРИ ДОҒ

Ҳаҷ-2022: Роҳи пиронро бастанд!!!

  • Чоршанбе, Июн 01 2022

Арабистони Саудӣ имсол ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дод, то ҳаҷи фарзиро анҷом диҳанд. Бояд гуфт 2 соли ахир анҷом додани ин маросим барои аксари сокинони кишварҳои мусалмони дунё пас аз авҷу хуруҷи бемории коронавирус манъ шуда буд.  Тавре ба мухбири СССР Афшин Муқим, котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ дод, шарту шароит ва қимати сафари ҳаҷ дар соли 2022 барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба солҳои гузашта фарқ мекунад.

Нархи сафари ҳаҷ имсол чанд пул аст? Аз Тоҷикистон чанд нафар зойирин дар соли 2022 ба ҳаҷ мераванд? Киҳо метавонанд ҳаҷ кунанд ? Дар ин бора Афшин Муқим тавзеҳоти пурра дод. 

 

3500 нафар…

Арабистони Саудӣ барои 3500 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисса ҷудо намудааст.

   - Айни замон корҳои омодагӣ ба мавсими ҳаҷ ҷараён дошта, ҳамин ҳоло гурӯҳи кории Кумита бо мақсади бастани шартнома бо ширкатҳои хизматрасони ҷониби Арабистони Саудӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ қарор доранд. Имсол тибқи ҳиссаи ҷудонамудаи кишвари мизбон беш аз 3500 шаҳрванди Тоҷикистон имкони анҷом додани маросими ҳаҷро пайдо мекунанд. Бояд 1 нуктаро таъкид намоям, ки тибқи тартиб имсол ҳамон довталабоне барои адои маносики ҳаҷ сафарбар мегарданд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соли 2020 пешниҳод гардида буданд. Яъне, бештар онҳое, ки аз рӯйи рӯйхат дар соли 2020 пешниҳод шуда буданду сафарашон ба хотири пандемия лағв гардид, мераванд - афзуд Афшин Муқим.

 

То 65 сола

Ба гуфтаи Афшин Муқим аз рӯи талаботи кишвари мизбон-Арабистони Саудӣ имсол ба ҳаҷ нафароне сафарбар карда мешаванд, ки синнашон то 65 сола бошанд (мардуми таваллуди баъди июли соли 1957). Ин дар ҳолест, ки усулан солхӯрдагон ҳаҷ мекарданд. Ба забони дигар Саудӣ мехоҳад сафи ҳуҷҷоҷи ҷавонро афзояд?!

Хотиррас мешавем, ки сафарбарии зойирини тоҷик аз нимаи дуюми моҳи июн оғоз ва то қариби Иди Қурбон давом мекунад.

 

Ҳудудан то $5000

Лозим ба ёоварист, ки қарордодҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои хизматрасони ҷониби Арабистони Саудӣ бо асъори хориҷӣ (доллари ИМА) баста мешавад ва аз ин хотир, аксари кишварҳо арзиши хизматрасониҳоро бо доллари ИМА муайян мекунанд.

   - Тибқи ҳисоби пешакӣ эҳтимолан арзиши хизматрасониҳои мавсими имсолаи ҳаҷ дар кишвари мо низ ҳудуди 4800-4900 долларро ташкил диҳад. Маблағи мазкур асосан барои билети ҳавопаймо (рафту баргашт), меҳмонхонаҳо дар Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара, 3 вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хизматрасонӣ дар машоир-Мино, Арафот ва Муздалифа, нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс, боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гурӯҳи корӣ, хизматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хизматрасонии ҷорӣ харҷ мешавад.

Гарон шудани нарх асосан ба маҷмуи хизматрасониҳое, ки кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа бо дарназардошти тадбирҳои беҳдоштӣ пешниҳод мекунад, бастагӣ дорад. Агар масалан дар соли 2019 барои хизматрасонӣ дар машоири Минову Арафот барои ҳар 1 зойир ҳудуди 236 доллари ИМА пардохт шуда бошад, имсол бинобар ба эътибор гирифтани тадбирҳои ҷиддии беҳдоштӣ, кишвари мизбон арзиши хидматрасониҳо дар Минову Арафотро беш аз 1400 доллар муайян намудааст, - гуфт Афшин Муқим.

PS: Ба забони дигар ба ҳисоби миёна, ғайри харҷикисаи ҳуҷҷоҷ, шаҳрвандони мо, дар моҳи июн-июл, ҳудуди 18 млн доллар ба хизонаи Арабистони Саудӣ мерезанд. Бо хараҷу мараҷу «харидҳои ҳоҷигӣ» шояд ин сумма бар 36-40 млн доллар дакка хӯрад. Ошашон шавад. Вале агар ин пул 1 бор ба хазинаи давлати худамон мерехт, садҳо иншоот месохтему даҳҳо коргоҳи саноатӣ…

Мо Метавонем!

 

М.Аминзода,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter