ХАБАРИ ДОҒ

Дар Бадахшон чӣ мегузарад?

  • Чоршанбе, Июн 01 2022

Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳоии сохти конститутсионӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба таҳлука андохтани аҳолӣ, ноором сохтани зиндагии осоиштаи мардум омодагии пешакӣ дида, бо ҳамин мақсад аз хориҷи кишвар силоҳу аслиҳа ворид намуда будаанд. Шоир хеле ба маврид қайд кардааст:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳарчи кард он ошно кард.

Дар ҳайратам аз ин иғвогарону ҷангҷӯён, аз ин маҳалгароию аз ин беинсофӣ. Тоҷикистони азизи мо, миллати ба ору номуси мо мутаассифона аз пушти бесаводию гумроҳии бархе имрӯз зери хатар аст. Аммо итминони комил дорам, ки ҳукумати мо, сохторҳои давлатии мо, амнияти мо устувору пурқуввату побарҷост ва ин палидоне, ки ба хотири ноором сохтани Ватани мо кӯшиш менамоянд, сазою ҷазояшонро мегиранду ҳақ ба ҳақдор мерасад.

 

Дастандаркорони тазоҳуроти хунин кашф шуданд!

Маълум шуд, ки мардум таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштаи узви ташкилоти экстремистию террористӣ Алим Шерзамонов ва ҳамаслакони ӯ-Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ гардидаанд. Гурӯҳи дуюм таҳти роҳбарии саркардагони гурӯҳи муташаккили ҷиноятиву террористӣ Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Палаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намудаанд.

 Ман ҳамчун рӯзноманигор мехоҳам озодбаён бошам ва ба иззати нафси касе расиданӣ нестам. Вале мехоҳам қайд кунам, ки аксари мардуми ВМКБ  худро тоҷик намешуморанд ва борҳо худ шоҳидам, ки ба қавли худашон мегӯянд:  «Мо отделный автономияем».

 Муҳтарам мардуми ВМКБ! Шумо ҷумҳурии алоҳида набудед ва нахоҳед шуд. Мо тоҷикем, 1 давлату 1 миллатем. Мебахшеду соли 1991-1992 дар куҷо будед? Чӣ кор кардед барои ободиву осоиштагии миллат? Кӣ ватани парокандаро сарҷамъ кард? Кӣ сулҳ овард? Кӣ ҷон дар кафи даст ба Афғонистон рафта, тоҷикони гурезаро ба Ватан овард? Кӣ 30 сол бо хуни дил 1 давлати ба хок яксонро ободу зебо кард? Пас чаро имрӯз ба ҷои шукр кӯрнамакӣ мекунед? Чаро ба ҷои аз 1 гиребон сар баровардан, ободиҳоро харобу оромиҳоро ноором месозед? Магар 70 соли ҷанги Афғонистон ба мо ибрат нест?  Магар оромии Ватани мо орзуи миллионҳо нест?

 

1 ванҷиву кӯлобиву ғармӣ дар Хоруғ намехонад!

Ободие, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то имрӯз побарҷосту роҳи вайронае, ки 3 шабонарӯз аз пойтахт ба Бадахшон мерафтеду имрӯз обод аст, магар шаҳодати истиқлолият нест? Тамоми ҷавонони ВМКБ дар донишкадаву донишгоҳҳои Кӯлобу Бохтару Душанбеву Суғд таҳсилу кору фаъолият мекунанд, ягон кас кордор нест! Вале аз тарси ба ном «геройҳои шумо» 1 ҷавони тоҷик дар Хоруғ мехонад? Неъ!!! Шумо ҳатто ванҷиву дарвозиҳои Бадахшонро дошта лату кӯб мекунед. Ин магар аз рӯи одамгарист?

 Имрӯз ба ҷои миннатдор будан гирдиҳамоӣ ташкил намуда, шиква аз мамлакати орому осуда доред. Фаромӯш кардед, ки 25-30 сол пеш 1 помирӣ ба Душанбе омада наметавонист? Ба шарофати тинҷиву оромӣ имрӯз озодона мегардед. 1 гумроҳи дигар бо номи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров аст, ки ба амнияти миллат халал мерасонд. Ин раҳгумзада бо думи шер бозӣ карду бо дасти ҳаммаслаконаш фавтид ва марги ӯро боз нашармида, ба гардани мақомот мезанед. Канӣ факту далелатон?

 

Кадом ифротӣ пуштибони шумост?

1 хоине, ки тӯли солҳои дароз мардумро гумроҳу садҳо ҷавони хому бесаводро фирориву гумроҳу аз оила дур сохт, собиқ раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, таи чанд рӯзи охир вобаста ба вазъияти ВМКБ дар Ютуб муроҷиати видеоӣ пахш менамояд. Мардуми ВМКБ-ро ба ҷанг даъват мекунад.

Фаромӯш накунед, мардуми бадахшон, ки кабиричаҳо ҳама аъзои ДИИШ-анд, гурӯҳи ҷангие, ки дар сар умеди қатли оми шиъаҳои исмоилияро доранд! Кабирӣ ва писари хоинаш имрӯзҳо аз дур мисли саги бесоҳиб иддао доранду шод аз вазъи имрӯзаи Бадахшонанд, зеро миссияи қатли бадахшиҳои исмоилияро мехоҳанд бо дасти дигарон анҷом диҳанд.

Нафари дигар Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки дирӯз дар 1 навораш ба Боқир муроҷиат намуда, аз ӯ хоҳиш дорад, ки бародар Муҳаммадбоқир бедор шав мо бо шумоем, бо забони тоҷикӣ агар душвор бошад бо забони русӣ ҳарф бизану ба мардум расон ҳар чи, ки маълумот дорӣ. Муҳаммадиқбол 1 беватани иғвогари ҷосусест, ки то дирӯз мардуми Бадахшонро инсон ҳисоб намекард, хандаовар аст, ки имрӯз Муҳаммадбоқиро бародар мегӯяд.

 

Ҳушдор ба хоинон

Муҳаммадиқбол, Улфатбегим, Холбаш, Кабирӣ хуллас ҳамаи душманони миллат хуб гӯш андозед ва дар ёд дошта бошед. Мо 1 сония оромии Ватанамонро аз ҳамаи шумо хоинони ватангумкардаи дар ба дар боло медонем. Мо дигар хом нестем, ки гумроҳ шавем. Ҷанги шаҳрвандӣ ба мо дарсу таҷрибаи хубе шуд. Дигар намегузорем, ки амсоли шумо гумроҳону маҳалгарою душманон моро ғолиб бароянд. Намегузорем, ки модари тоҷик ашк бирезад, кӯдаке ятим шавад, хуни бародаре бирезад.

Мавриди қайди алоҳида аст, ки Пешвои исмоилиён дар паёмаш гуфтааст:

Ба унвони Имоми замон, ба ҷамоати тоҷикам фармон медиҳам, ки оромиро нигоҳ доранд: қонунҳои кишварро риоя кунанд, ҳамагуна зӯроварӣ, бетартибӣ, фаъолияти қонунӣ ва амалҳои дигарро, ки метавонад ба некуаҳволии онҳо таҳдид кунад рад намоянд.

Шунидед? Имом Ҳозир шуморо ТОҶИК меномад, а шумо чаро худро помирӣ мехонед? Дар куҷо инро шунида ва хондаед, ки миллате бо номи помирӣ, кӯлобӣ, суғдӣ, зарафшонӣ… бошад? Ин номи маҳалла аст, на миллат!

 Дар зимн раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ хеле ба маврид қайд намуд, ки «дар 30 сол Муҳаммадбоқири раҳматӣ чи обод кард? Фақат ҷавононро аз роҳи дуруст берун сохт!». Раиси шаҳри Хоруғ даъват намуд, ки мардум ҳоло дер нашудааст, ҳар нафаре дар ин шуру иғво шарик аст, баргардед ва даст аз ҷиноят кашед. Шуморо мебахшанд!

Дар охир мехоҳам бо дили пур, бо ғурури милливу тоҷикӣ бигӯям, ки эй ҷангҷӯён, бидонед, дигар моро ба гумроҳӣ бурда наметавонед, мо намегузорем, ки бадхоҳони мо шод бошанду миллати азизи мо пароканда. Шиори мо ин аст: «Тоҷикистон ба пеш!». Хоинони миллат шумо ҳамоно дар ба дару бе ватану ноком мемонед. Ва медонед чаро? Зеро Мо метавонем!

 

Бонуи АБДУРРАҲИМ,

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter