ХАБАРИ ДОҒ

«Тоҷиксодиротбонк»-у мани саргардон…

  • Чоршанбе, Июн 08 2022

 

 Файзиддин Юсуфзода, хонандаи ҳамешагӣ ва ҳамзамон омӯзгорӣ муассисаи таълими №45-и н. Шаҳритус ба идораи газетаи мардумии СССР занг зада (тел: 934050137), аз «Тоҷикисодиротбонк»-и муфлисшудаи минтақа гила кард.

    - Чанд шумора пеш аз бонки мазкур шикоят карда будам, аммо масъулин посухе надоданд. Ман соли 2015 ба «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳия 7700 сомонӣ пасандоз гузоштам. Соли 2019 се бонки ноҳияҳои Н.Хусрав, Шаҳритусу Қубодиёнро ба н.Қубодиён мутамарказ карданд. Пас аз муфлис шудан бо 1 дастури бонкӣ ин маблағҳо, ки хурд буданд, бояд оҷилан пардохт карда мешуданд. Тӯли 2 сол аст, ки дар 1 ҳафта 3 маротиба 20 сомонӣ роҳкиро карда мераваму меоям. Аз рӯи мушоҳидаҳоям мардум бо роҳи «таға»-бозӣ маблағҳояшонро мегиранд, вале мардуми бе «таға» додашонро ба кӣ гуянд!?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter