ХАБАРИ ДОҒ

Келинам муросо карданӣ нест

  • Чоршанбе, Июн 08 2022

 

27.05.2022. Соат бо вақти Душанбе 10:19 дақиқа. Ҳилолбӣ Юсупова, сокини ш.Кӯлоб ба идораи газета занг зада, гуфт, ки гуфтаҳои келинаш Фирӯза Латипова, ки чанд шумора пеш ба ҳайси меҳмон дар газетаи мардумии СССР нашр шуда буд, асоси воқеӣ надоранд.

    - Фирӯза Латипова келинам аст, бо айби ӯ писари ман ва шавҳари ӯ бо тӯҳмат  равонаи зиндон шуду додгоҳ келинамро бо 3 фарзанаш дар хонаи истиқоматиамон маскун кард. Келинам ба ҷои иззату эҳтиром маро баръакс аз хонаи шахсии худам бо ҷангу ҷанҷоли пайваста пеш карда истодааст. Зиндагии келинамро бо писарам маҳз модару бародару хоҳараш вайрон сохта, ваъда дода буданд, ки дар оянда худашон Фирӯзаро нигоҳубин мекунанд, ҳоло бошад касе суроғаш намекунад. Ӯ муросо карданӣ нест. Вале ба ин нигоҳ накарда, ба ҳама ҷо шикоят мебарад. Ҳатто то гаезтаи шумо рафтааст. Ростӣ, чун модар, чун хушдоман, ман намедонам бо ин келинам чӣ кор кунам. Баракс ӯ маро фишор меораду ғам медиҳад. Бигзор суд ва  прокурори ш. Кӯлоб ба ин баҳси мо расидагӣ кунанд…

 

СССР: Назари раиси Суди Олӣ чист???

Аз мушоҳидаҳо ва шикваи мардум бармеояд, ки ҳарчанд қонун дар бораи «маскунсозӣ»-и келинҳо «гуманӣ» ва башардӯстона ҳам бошад, ба менталитети мардуми мо рост намеояд. Фарзи мисол, тасаввур кунед, агар келини талоқдидаи раиси суди Кӯлоб ё раиси суди констиуттсионӣ, ё раиси Суди Олӣ ва ё худ келини талоқшудаи раиси парлумони кишварро дар хонаи истиқоматии онҳо маскун кунанд, чӣ баҳсу моҷарое мехезад… Бар бадани худ сӯзан бояд заду баъд бар дигарон ханҷар-масали мардумӣ. Фаромӯш накунед, ки тибқи Қуръон ва мо ҳама мусалмонем, «зани талоқдида» ба дилхоҳ марди хонадон никоҳрас мегардад! Бештар аз ин, агар ин келин шавҳари дигар кунаду дар хонаи зисти шумо маскун гардад, худро чигуна ҳис мекунед?

Шахсан мо фикр дорем, ҷои маскунсозӣ бояд ҷаримаи бузург ва ё хонаи алетрантивӣ ба келини талоқшуда диҳанд барои 2 тараф мақбултар аст. Зеро қонун догма нест. Онро метавон иваз кард. Андешаи масъулини баландпоя чист, дар ин маврид? Пешниҳодҳоро нависанд мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter