ХАБАРИ ДОҒ

Меҳрубон Салимшоев номи бисёр ошност, барои онҳое, ки хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР мебошанд. Матлабҳои ӯ ҳамеша жарфан омӯзанда буданд. Миссияи таърихии асли газетаро ӯ бо ҳамин матлабҳояш бар душ дошт…

Бо нашри нахустин номери газетаи мардумӣ, Меҳрубон дарамонро кӯфт ва нахустин матлаби таърихиашро пешниҳод намуд. Бо Сафват тасмим гирифтем:

-Меҳрубон муаллифи доимии саҳифаи таърихии СССР мешавад!!!

Ва ҳам шуд. Ин ҳамкорӣ 14 соли расо давом кард ва агар хонанда таваҷҷӯҳ карда бошад, саҳифаи 7-и мо «7 рӯз дар СССР» то ҳанӯз тибқи тақвими таърихии ин меҳрабон идома дорад.

Худо раҳмату мағфират кунад, Меҳрубони ҳамагӣ 53-солаи моро, ки ба таври ногаҳонӣ ва фоҷеавӣ ба дунёи улв бупайваст. Ӯ намозашро дар ягон вақт ва бо ягон узре боре тарк накардааст, ки ҷояш Биҳишти Барин бод.

Ҳамчун пайки хайрбодӣ, чанд навиштаи Меҳрубон Салимшоевро, ки ҳар яке мисли бомбаи атомӣ фазои иттилоотиро метарконданд, пешкаши хонанда мегардонем. Хотиррас мешавем, Меҳрубони мо барои табъи болидаи хонанда, ҳар матлабашро бо 1 аниқ…дот таҳким медод…

 

 Ҳукумати махфии дунё-2

2 ташкилоти асосии молиявии дунёи Ғарб: системаи Федеролии Захиравии ИМА (ки ба баровардани пул дар ИМА машғул аст) ва Биржаи фондии Ню-Йорк зери назорати пурраи «Шӯро оид ба муносибатҳои байналмилалӣ» қарор доранд. Тамоми роҳбарони Фонди захиравӣ аъзои ин Шӯроанд ва доим аз фаъолияти худ дар назди Шӯро ҳисобот медиҳанд. Донишгоҳҳои калонтарини ИМА ва муасисаҳои илмӣ дар Шӯро намояндагони доимии худро доранд. Аз ҷумла Донишгоҳҳои Гарвард, Колумб, Стэнфорд, Калифорния ва Донишкадаи технологии Массачусетс дар фаъолияти ин Шӯро нақши калидӣ доранд. Шӯро инчунин муҳимтарин Васоити ахбори оммаро аз қабили «Эн-би-си», «Си-би-эс, «Радиои Озодӣ», ЮСИА, «Ню-Йорк таймс», «Нюс уик», «Вашингтон пост» ва дигаронро пурра зери назорат дорад. Ҳамаи роҳбарони ин ВАО узви доимии Шӯроанд. Аммо бо вуҷуди ин Шӯро бештар соҳибони сарвати ИМА-ро дар худ мутамарказ карда буд ва қишри дорои Аврупо низ мехост дар ин ҳукумати ҷаҳонӣ саҳми худро ёбад.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

*** 

Барбаросса

«Барбаросса» (ба хотири императори германиҳо Фридрих Барбаросса) маҳз чунин унвон гирифт амалиёте, ки бо он Олмони фашистӣ чун одати ҳамешагӣ бе эълони ҷанг ба СССР ҳамла кард. Банақшагирии амалиёт 21.07.1940 оғоз ёфт. Лоиҳаи амалиёт, ки зери роҳбарии генерал Ф.Паулюс кашида шуда буд, 18.12.1940 бо директиваи №21-и Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Олмон (Вермахт) тасдиқ карда шуд.

 22.06.1941 тақрибан соати 3:15 дақиқаи субҳ артиши Олмон бо 153 дивизия, 600 000 адад техника, 3580 тонк, 7184 тӯп ва 2740 ҳавопаймо ба ҳудуди СССР дарафтод. Умуман, дар таърихи башарият ин бузургтарин артиш буд, ки дар 1 майдони амалиёти ҳарбӣ амал мекард. Якҷо бо немисҳо дар ин ҳамла 12 дивизия ва 10 бригадаи артиши руминҳо, 18 дивизияи фин, 3 бригадаи венгерӣ, инчунин 2 бригадаи словакҳо ва баъдтар ба онҳо 3 дивизияи итолиёгиҳо ва дивизияи «кабуди» испанӣ ҳамроҳ шуданд. Мутаассифона, ҳамлаи ногаҳонии немисҳо Артиши Сурхро ғофилгир кард. То соати 12-и рӯз немисҳо 1200 ҳавопаймои СССР-ро нест карданд. То охири рӯз ин талафот ба 1811 ҳавопаймо расид, ки бештарашон ба фронти Ғарбӣ тааллуқ доштанд. Немисҳо тавонистанд, дар рӯзи аввали ҷанг бартарии комилро дар ҳаво ба даст оранд. Гурӯҳи армияҳои Шимол дар самти Ленинград ба амалиёт шуруъ кард ва қувваи асосии зарбазани ин гурӯҳ (гурӯҳи 4-и тонкӣ) ба самти Даугавпилс ҳуҷум мекард. Кӯшиши фармондеҳии фронти Шимолу Ғарбӣ барои задани зарбаи ҷавобӣ (бо нерӯи 2 корпуси мехониконидашуда, тақрибан 1000 тонк) дар наздикии шаҳри Расейная ба нокомӣ анҷомид ва 26 июн гурӯҳи 4-и тонкии немисҳо аз Двинаи Ғарбӣ дар наздикии Даугавпилс убур кард. 27 июн қисмҳои АС ш.Лиапеяро ба немисҳо таслим карданд ва 28 июн немисҳо Минскро гирифта, нерӯҳои асосии фронти Ғарбӣ ба муҳосира афтиданд. Марҳилаи якуми амалиёти Барбароссаро натиҷабандӣ карда, 3.07.1941 сардори штаби генералии артиши олмонӣ генерал Галдер дар дафтарчаи хотиравиаш чунин қайд кард: “Умуман, гуфтан мумкин аст, ки вазифаи шикаст додани нерӯҳои пиёданизоми шӯравӣ дар назди Двинаи Ғарбӣ ва Днепр амалӣ шуд. Аз ин рӯ, бе муҳобот гуфтан мумкин аст, ки амалиёт зидди Русияи шӯравӣ дар 14 рӯз бо пирӯзии мо анҷомид”. Бале, он шабу рӯз касе бовар намекард, ки СССР баъди ин зарбаи мудҳиш ба по мехезад. Воқеан, ҳеҷ давлате дар дунё баъди ин гуна шикастнатавониста буд пойдорӣ кунад, аммо СССР дар муддати хеле кӯтоҳ ба ҳамаи дунё собит кард, ки мешавад баъди зарбаи сахт низ ба худ омад ва муқовимат кард.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

*** 

 Юрий Гагарин

12.04.1961 Юрий Гагарин аввалин инсоне шуд, ки ба фазои кайҳонӣ парвоз кард. Аввалин парвози инсон ба кайҳон 108 дақиқа давом кард ва киштии кайҳонии Восток-1 бо суръати 28.269 км/соат дар зарфи якуним соат, дар баландии 327 км Заминро чархид. Чанде қабл аз парвози таърихии ӯ киштии кайҳонии Восток ЗКА-2 бо манекени монанд ба одам ва 1 сагча ба фазои кайҳонӣ фиристода шуд. Ин манекенро Иван Иванич ва сагчаро Ситорача (Звездочка) номиданд. Соли 1993 ин манекени Иванич дар музоядаи Сотбис бо маблағи 2,88 млн доллар фурӯхта шуд. 19.08.1960 дар СССР "Спутник-5" бо ҷондорони зинда ин бор ба фазои кайҳонӣ баромад. СССР 2 саги зиндаро бо исмҳои Белка ва Стрелка, дар ҷавоб амрикоиҳо 1 сол пас (1961) киштии кайҳониро бо 1 шимпанзе бо исми Хэм ба фазо баровард. Хэм низ зиндаву саломат ба Замин боз гашт.

Акнун навбати парвози одам ба кайҳон буд. Ҳангоми интихоб авомили дигар мисли узвияти ҳизбӣ, фаъолияти сиёсӣ ва баромади иҷтимоӣ ба инобат гирифта мешуданд. Дар дастаи аввали кайҳоннавардон 2 тан аз ҳама бештар ба ин талабот мувофиқат мекард. Лейтенантҳои калон Юрий Гагарин ва Герман Титов. Маскав шитоб мекард, чун роҳбарияти СССР хабар дошт, ки амрикоиҳо мехоҳанд дар авохири апрели с.1961 кайҳоннаварди худро ба фазо бароранд. Дар СССР парвози кайҳониро аз 11 то 17.04.1961 ба нақша гирифта буданд. Якумин кайҳоннавардро бошад дар лаҳзаҳои охирин ҳангоми нишасти Кумитаи Давлатӣ интихоб карданд. Юра ба ҳайси аввалин сарнишин интихоб шуд ва дӯсташ Титов сарнишини эҳтиётӣ буд ва дар сурати лозим мебоист ӯро ҷойгузин мекард. 3.04.1961 Раёсати КМ қарори парвози одамро ба кайҳон ба тасвиб расонид. 8 апрел нишасти Кумитаи Давлатӣ баргузор шуд. Дар нишаст барои партоби киштии кайҳонии "Восток" иҷозат ва супориши кайҳоннаварди оянда муайян карда шуданд. Тибқи супоришнома Гагарин бояд дар баландии 180-230 км дар муддати 1,5 соат гирди Замин чархида, имкони истиқомати инсонро дохили киштии махсус, дар фазои кайҳонӣ муайян мекард.

"Восток" 12.04.1961, соати 09:07 дақиқа аз Байконури Қазоқистон ба фазои кайҳонӣ баромад. Юра дар парвоз тахаллуси "Кедр" (Сидр) дошт ва бо муваффақият супориши худро иҷро намуд.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

Тавсиянома

-Барои аъзо шудани 1 яҳудӣ ба Ҳизби коммунист чӣ лозим аст?

-Тавсиянома аз 2 араб...

 ***  

Глеб Жеглов...

Владимир Семёнович Висотский яке аз маъруфтарин чеҳраҳои собиқ СССР аст. Тибқи назарсанҷиҳои ахири Маркази умумируссиягии афкори умумӣ ӯ дар рӯихати "маъруфтарин чеҳраҳои қарни ХХ" баъди Ю.Гагарин дар зинаи 2-ум қарор гирифт.

Висотский с.1938 дар Маскав ба дунё омад. Падараш полковники Артиши Шӯравӣ ва модараш тарҷумони забони немисӣ буд. Ӯ дар оғози ҷанг ҳамроҳи модар Маскавро тарк карда, ба вил.Оренбург омад. Баъди чанде ба Маскав баргаштанд, лек с.1947 падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд ва ӯ ҳамроҳи падар монд. Падар дубора издивоҷ кард ва ӯро модарандараш Евгения Лихалатова, ки асолатан арманитабор буд, бузург кард. Владимир ба ин зани арманӣ меҳру муҳаббати зиёд дошт ва ӯро "мама Женя” мегуфт. Ӯ дар 9-солагӣ ҳамроҳи падар ба Олмон рафт ва 2 сол он ҷо зист. Зиндагӣ дар Олмон аз ҳаёти ҳамсолони ӯ дар Маскав куллан фарқ  дошт ва таъсири зиёде ба Владимири ҷавон гузошт. Соли 1949 ҳамроҳи падару модарандараш ба Маскав боз гашт ва дар тангкӯчаи Болшой Каретний сокин шуд. Маҳз ин ҷо ӯ бо ҳамсолони москвагиаш ошно ва романи ӯ бо гитор оғоз шуд. Ибтидои солҳои 1950 гитор миёни ҷавонони пойтахти Шӯравӣ хеле маъруф буд ва дар ҳар кӯчаву пасткӯча бо гитор шеър мехонданд. Марти с.1953 ҳангоми таҳсил дар синфи 8 ӯ шеъри нахустини худро эҷод кард, ки "Савганди ман" ном дошту ба Иосиф Сталин бахшида шуда буд. Владимири ҷавон қатори ҳазорон шаҳрванди дигари Шӯравӣ аз марги доҳӣ андӯҳгин шуда буд ва ғамро бо шеър баён намуд.

 Соли 1967 ӯ бо шаҳрванди Фаронса Марина Владӣ (Марина Полякова) издивоҷ намуд. То ин вақт ӯ 2 бор оиладор ва аз ҳар 2 занаш ҷудо шуда буд. Мария дар зиндагии ӯ таъсири вежа гузошт ва ба саҳнаи мусиқии Ғарб баровард. Висотский бо кӯмаки Мария чандин консерт дар Фаронса, Олмон ва ИМА доир намуда, он ҷо низ ҳаводорони зиёде ёфт. Аз ҳама нақши калидӣ, ки вайро миёни мардуми шӯравӣ чун ҳунарманди кино шиносонд, нақши капитан Жиглов дар филми "Ҷои вохӯриро намешавад тағйир дод" аст. Ин филм с.1979 ба навор гирифта шуд ва мегӯянд, ӯ дар оғоз аз офаридани нақши Жиглов даст кашида, мегуфт, ки маргаш наздик аст ва намехоҳад 1 соли дарозро ба Жиглов сарф кунад. Бо вуҷуди ин роли капитани милисаи шӯравӣ ба эътирофи худи Владимир аз дӯстдоштатарин нақшҳои офаридааш буд.

Висотский 25.07.1980 дар синни 43 фавтид.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 ***

Азпасравӣ

Брежнев дар бистари марг ба наздаш Андроповро даъват карда, мепурсад:

-Юра, ту намедонӣ, ки ба ҷои ман киро таъин кардаанд?

-Маро, ҷавоб дод Андропов.

-Агар халқ аз паси ту наравад чӣ?

-Он гоҳ онҳо аз паси шумо мераванд…

***

Қапқони Гапон барои император

09.01.1905 дар пойтахти Русия - Санкт-Петербург намоиши осоиштаи коргарон аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматии рус тирборон карда шуд. Тибқи баъзе маъхазҳо дар натиҷа беш аз 100 нафар куштаву 300 тани дигар захмӣ шуд. Коргарон барои ҷустуҷӯи адолат назди подшоҳ Николайи 2 мерафтанд, аммо ба ҷои адолат насибашон тир шуд. Он шабу рӯз Русияи подшоҳӣ бо Япония дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Ин ҷанг барои Русия чандон бобарор набуд. 20.12.1904 нерӯҳои японӣ Порт-Артур қалъаи калидиро дар Шарқи Дур тасарруф ва манотиқи зиёдеро ишғол карданд. Шикасти артиши рус дар баробари японҳо эътирози зиёдеро дар кишвар ба бор овард. Дар пушти японҳо Англия ва ИМА қарор дошт. Артиши японӣ бо силоҳи англисӣ муҷаҳҳаз шуда буд ва ин абарқудрати вақт мехост бо дасти японҳо сиёсати худро пиёда кунад. Бо вуҷуди ин Японияи кӯчак наметавонист ба Русияи бузург пирӯз шавад. Мебоист зарбаи дигаре дар дохили кишвар зада мешуд ва англисҳо инро ба хубӣ дарк мекарданд. Ин зарбаро танҳо инқилобиён метавонистанд ворид кунанд. Душманони Русия ба ҳар роҳе мебоист миёни мардум ва ҳукумат зиддият меофариданд ва боварии мардумро ба подшоҳ коҳиш медоданд. Ногуфта намонад, боварӣ ба адолати подшоҳ дар хуну пӯсти мардуми рус ҷо шуда буд ва танҳо хун метавонист ин бовариро коҳиш диҳад, лек барои эътироз баҳонае лозим буд. Дар авохири декабри с.1904 миёни коргарон ва роҳбарияти заводи Путилови ш.Петербург муноқиша сар зад ва он баҳонаи хубе барои тазоҳуроти оянда шуд. Роҳбарияти корхона музди меҳнати коргаронро сари вақт намепардохт ва ба гуфтушунид бо коргарон низ розӣ намешуд. Аз коргарон дар ин корхона ташкилоти ғайридавлатии "Маҷлиси коргарони руси Санкт-Петербург" ҳимоят мекард ва яке аз роҳбарони он рӯҳонии рус Георгий Гапон, яке аз шахсиятҳои пурасрори "якшанбеи хунин" буд. Дар бораи ин шахс маълумоти дақиқ нест. Иддае бар инанд, ки Гапон бо хадамоти пулиси рус робитаи зич дошт ва ин намоишро ба дастури онҳо роҳандозӣ кард, лек бархе ӯро намояндаи инқилобиён ва ҳатто ҷосуси хориҷӣ медонанд. Бо вуҷуди ин, баъд аз тирборон шудани намоиши коргарон аз Русия гурехт ва ба Женева рафт. Пеш аз фирор ӯро ба хонаи Максим Горкий оварданд. Мегӯянд, Горкий вақте Гапонро дид, сахт ба оғӯш кашида гуфт: "Акнун бояд то охир биравӣ". Ӯ дар хонаи Горкий ба коргарони рус номае навишта, дар ин нома шоҳро "дарранда" хитоб карда, онҳоро барои идомаи мубориза даъват намуд. Тибқи андешаи баъзе аз муаррихин маҳз Гапон аввалин касе буд, барои сарнагунии сохти подшоҳӣ ва барпо кардани ҳукумати муваққат садо баланд кард. Ӯ феврали с.1905 бо Ленин дидор дошт ва Илич тавсия дод, ба таърифҳо гӯш надиҳад ва бештар омӯзад. Ахир, Гапон ба сафи эсерон пайваст, лек баъди чанде бо онҳо низ ихтилофи назар пайдо карда, с.1906 баъди бозгашт ба Русия эсерҳо рӯҳонии инқилобиро ба қатл расониданд.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

Суоли калидӣ

Дар дарси таърихи яке аз мактабҳои Шӯравӣ муаллима аз хонандае мепурсад:

-Миша, канӣ гӯй, Кутузов кӣ буд?

-Кутузов сарлашкари бузурги рус буд. Ӯ Наполеонро ба Маскав роҳ дода, сипас зимистони қаҳратуни русро мунтазир шуд ва баъди фаро расиданаш душманро ақиб ронд.

-Петя, канӣ гӯй, Сталин кӣ буд?

-Сталин генералиссимуси бузурги шӯравӣ буд. Ӯ немисҳоро то назди Маскав роҳ дод ва сипас зимистони қаҳратуни русро мунтазир шуда, душманро шикаст дод.

-Офарин! Хуб, канӣ Вовочка, ту гӯй, ки Ёсир Арафот кӣ буд?

-Ёсир сарлашкари бузурги араб яҳудиёнро ба Байтулмуқаддас роҳ дод ва акнун мунтазир аст, ки кай дар он ҷо зимистони қаҳратуни рус фаро расад.

 ***

 Сталин ва Мавзолей

05.03.1953 Иосиф Сталин (Ҷугашвилӣ) олами фониро падруд гуфт. Ӯро метавон яке аз чеҳраҳои бонуфуз ва муттаноқизи қарни 20 номид. Зиёда аз 30 сол зимоми қудрати сиёсии СССРро дар даст дошт.

 Сталин комилан бо забонҳои гурҷӣ, русӣ ва славянии қадим ошно буд. Инчунин муҳаққиқони зиндагияш гуфтаанд, ки ӯ бо забонҳои англисӣ, немисӣ, венгерӣ ва фаронсавӣ балад буд. Арманӣ ва осетиниро низ мефаҳмид. Соли 1903 шомили ҳизби болшевикӣ шуда, солҳои 1906-07 дар Қафқоз ба ҷамъоварии маблағ барои ҳизб машғул буд. Соли 1907 кумитаи РСДРП-ро дар Боку таъсис дода, яке аз роҳбаронаш ба шумор мерафт. Ҳамеша аз Ленин тарафдорӣ мекард ва Илич с.1912 ӯро ба КМ ва бюрои русии КМ РСДРП пешбарӣ намуд. Баъди чанде боз зиндонӣ карданд ва ин бор ӯро инқилоби февралии Русия озод кард. Сталин баҳори с.1917 ба Петроград омада, аъзои Бюрои сиёсии КМ ва Кумитаи Ҳарбӣ-инқилобӣ шуд. Инчунин дар нашру паҳни рӯзномаи болшевикон-“Правда” низ фаъолона ширкат варзид. Баъди пирӯзии инқилоб шомили аввалин ҳукумати болшевикон ва комиссари халқӣ оид ба корҳои миллатҳо таъин шуд. Лек тулӯи ситораи ӯ с.1922, вақте ӯро ба вазифаи ГенСеки КМ ҳизб баргузиданд, рост омад. Маҳз дар ин вазифа тавонист ҷойгузини воқеии Ленин шуда, зимоми комили қудратро дар императории собиқи рус ба даст гирад. Деҳқонбаччаи гурҷӣ ҳама мухолифони сиёсиашро канор зада, Русияро ба яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ табдил дод.

 Дар оғоз Сталин дар паҳлуи доҳии болшевикон В.Ленин дар Мавзолей дафн карда шуд, лек Хрушев баъди Анҷумани ХХ ба фикри берун андохтани Сталин афтод. 7 ноябр барои Сталин дар назди девори Кремл пешакӣ қабре кофта, онро зери тахтаи фанерӣ пинҳон карданд. Худи амалиёт чанд соат тӯл кашид. Ҳангоми гузаронидани он дар назди Мавзолей 2 ротаи автоматдорон қарор доштанд ва касеро наздикшавӣ намемонданд. Мегӯянд, ҳангоми дафн тугмаҳои тиллоии сарулибоси маршалии Сталинро канда, ба ҷояшон тугмаҳои латунӣ часпонда, бо фармони шахсии Хрушев пагонҳои генералисимусии Сталин ҳам буррида шуданд. Ҷасади ӯро аз дари махфӣ берун оварданд. Албатта роҳи интиқол чандон тӯлонӣ набуд. Қабри нави Сталин 20 метр дуртар аз Мавзолей қарор дошт. Ҳамин тавр, дар ҳузури аъзои комиссия ва чанд афсар ҷасади Сталин ба хок супорида шуд. Танҳо с.1970 қабри доҳӣ мушаххас карда шуд ва болояш нимпайкараашро гузоштанд. Баъд аз гӯронидани Сталин кормандони техникӣ дар муддати кӯтоҳ навиштаи Ленин-Сталинро тағйир доданд ва мардуми ба парад омада болои Мавзолей танҳо навиштаи Ленинро дид...

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 ***

Канал

Пас аз он ки Хрушевро аз кор гирифтанд, 2 нафақахӯре бо ҳам вохӯрда, яке аз дигаре мепурсад.

-Ту медонӣ, Никита Сергеевич ҳоло ба чӣ кор банд аст?

-Бале. Ӯ аз Маскав ба Ленинград канал мекобад.

-Чаро? - пурсид дуввумӣ.

-Мехоҳад "Аврора"-ро аз Ленинград ба Маскав биёрад ва ба Ҳукумати муваққатӣ зарба занад.

****

Шикори император

Террори шоҳ Александр 15.03.1881 (1 март бо солшумории юлианӣ) ба вуқӯъ пайваст. Ба амалиёт Софя сарварӣ мекард. Инқилобиён дар оғоз мехостанд масири ҳаракати императорро минакорӣ кунанд, лек ба пулис муяссар шуд қароргоҳи онҳоро кашф карда, моҳи феврал яке аз роҳбарони асосиашон-Желябовро биқапад. Ба даст афтодани ӯ нақшаҳои инқилобиёнро тағйир дод. Софя нақшаи навро тартиб дода, тибқи он 4 узви ташкилоти "Иродаи халқ", Гриневецкий, Рысаков, Емелянов ва Михайлов қад-қади канали Екатеринаи пойтахт мавқеъ гирифта, баъди ишораи Софя мебоист ба фойтуни шоҳ бомба мегузоштанд. Вақте фойтун ба кӯчаи Екатеринӣ баромад, Софя инқилобиёнро огоҳ кард ва аввалин шуда, Рысаков бомбаи худро ҷониби фойтун партофт. Таркиши сахт атрофро такон дод, аммо шоҳ боз ҳам осебе надид.

Дар ҷои ҳодиса Шоҳ Александр пеши Рысакови дастгиршуда омад, то бо ӯ сӯҳбат кунад. Ин вақт инқилобии 2-ум Гриневецкий, ки аз зери назари муҳофизон канор монда буд, бомбаи худро таги пои Александр партофт. Императори маҷрӯҳро ба Қасри зимистона интиқол доданд ва баъди чанде он ҷо ҷон дод. Баъди қатли ӯ ба пулиси рус билохира муяссар шуд, Софя ва ҳаммаслаконашонро биқапад ва 03.04.1881 инқилобиёни террористи "Иродаи халқ" дар пойтахт ба дор кашида шуданд.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

Табрикоти сархӯр

1 депутат аз ҳамтои худ мепурсад:

-Барои чӣ Николай Викторович Подгорныйро аз вазифа гирифтанд?

-Барои табрики Леонид Илич Брежнев, дар рӯзи таваллудаш, - гуфт ӯ.

-Подгорный дар табрикоташ чӣ гуфт?

-Леонид Илич, Шумо дар 70-солагиатон аз ҳукумати 60-солаи шӯравӣ дида ҷавонтар менамоед...

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter