ХАБАРИ ДОҒ

 

Алифи худатону худамон…

Гар туро ман қозии ҳоҷот хонам-месазад:

Хонаи ту гашта ҳоҷатхонаи аҳли замон!!!

 Ин байти клоссикии агар хато накунам, Ҳозиқ аст, ки ҳам мухотабро таърифу тавсиф мекунад ва низ таҳқиру тамасхӯр. Олами виртуолии мо, мутаассуф, мана ҳамин хел хонаи ҳоҷати авом ва ё ҳоҷатхонаи мардум шудааст ва ҳар нафаре фикр мекунад, дар ин олами виртуолӣ чун «журналисти мустақил» фаолият дорад, пулчинаки ҳамин хонаи ҳоҷат аст ва агар бо фейк менависад, фарроши ҳоҷатхона…

            Имрӯз дар ин олами виртуолӣ аҷаб манзараеро шоҳид мешавем. Ба вежа, моҳи ахир, ки даргириҳо дар Бадахшон давом мекунанд. Ҳар нафаре аз Давлат пуштибон аст, душман, киха, ганда асту ҳар сафсаттафурӯше, ки зидди Давлат асту ҷонибдори сепаратизми бадахшӣ, тарафдори мусаллаҳшавии мардуми мулкӣ бо роҳи фиребу зӯр, патриот, миллатдӯст, ло-лояк, хубак…

 Аввало ман ба тамомии мардуми наздикони худро аздастдода тасаллият мекунам. Дарди шуморо нек мефаҳмам. Зеро дар ҷанги гражданӣ наздиконамро аз даст додаам. Ин талафотест, ки ҳаргиз талофӣ намешавад. Вале аз барои савоб, нафаре, ки силоҳ мегираду ба пайроҳаи ҷанг мебарояд, мекушад, магар кушта намешавад? Шумо падару модарон вақте фарзандонатон силоҳ мегирифтанду ба майдон мерехтанд, магар андеша накардед, ки оқибати ин хунхоҳӣ бо хунрезӣ хатм мешавад? Магар дар Амрико, Англия, Фаронса, ки худро дили демократия мехонанд, мардум мусаллаҳ мешуду лидерашон ба масале мегуфт «Биёед ман тайёр!!!» ва мардумро ба ҷанг мехонд, магар нафаре талаф намешуд? Мешуд! Ещё как мешуд!!!

Шумо бояд 1 ҳақиқати кӯчакеро донед, муҳтарам волидайн:

-Хуни фарзандони шумо бар гардани ҳамонҳоест, ки онҳоро таккон додаву ба майдон кашидаанд!!! На онҳое, ки ҳушдор медоданду садди роҳашон мешуданд…

 

Кӣ модаронро парчами хунин карданист?

Ва ана ҳаминҳое, ки тавассути интернет дар Аврупову Амрикову Канада, Маскаву Душанбе нишаста, равғанрези моҷаро мешуданд, модари Гулбиддини раҳматиро чун ширма ба ҷанги иттилоотӣ кашидаву ба дасташ нусхаи матлаби навиштаашонро доданд ва он модари бадбахти фарзандгумкарда, тариқи интернет ҳукумат, давлат ва охири кор газетаи мардумии СССР-ро муҷрими қатли фарзандаш хонд (?!). Абсурд. Бале! Вале ин модари бечора чӣ медонист, ки ӯро ба иғвои навбатии хунбортаре чун ливои дурӯғин кашидан доранд?

Сенаристҳои ин моҷаро модари Гулбиддинро ҳамчун кампираке, ки дар Украина бо Байрақи Сурх пеши сарбозон баромада буд (ниг. ба акс), хостанд корбаст кунанд. Дар забони идеологияи хунхоҳон ин моҷароро «козёл отпущения» меноманд. Ба забони дигар бо дасти дигаре амалӣ кардани хостаҳои ғайриқонунии худ. Чун моҷаро равшан шуд, фиаско хӯрд, мегӯянд, мо набудем, ана ӯ-муҷрим… мо лолояк, киха ӯст. Айб аст ин кор, вале магар инҳо айбро медонанд???

 Яъне инҳо аз корҳои диверсионӣ ва ҷангҳои психо-идеологӣ бархӯрдоранд. Зеро дарсҳои ҳамгуна гузаштаанд. Ва мо инҳоро медонем. Аксарият дар Душанбе нишастаанд, маоши давлат мехӯранд, дар сафоратхонаҳои хориҷ, дар вазоратхонаҳои давлатӣ, дар амни Ҳукумат қарор доранд ва бар намакдон туф кардаву хостори нооромии вазъанд. Рӯзаш мешавад, ки инҳоро ном ба ном фош месозем ва бадахшиҳои муҳтарам мебинанд, ки аксари ишон русзабонанд ва дар аксари маврид ғайрибадахшонӣ!!!

«СССР при чём???»

Воқеан ҳам газетаи мардумии СССР кай мардумро ба хунрезӣ мехонд? Ва ё кай навиштааст, ки ҳукумат бояд авбошу ҷинояткоронро парронад? Ҳич гоҳ! Ва агар навиштаем, мисол оваред, мо калиди редаксияи газетаро ба ин модари фарзандгумкарда месупорем ва баромада меравем! Аммо мо ҳамеша менависем, мегӯем ва бар ин ақида устуворем, ки:

-Вор должен сидеть в тюрьме!!! Ҷинояткор ҷояш зиндон аст! Ва на танҳо дар Хоруғ, ки дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар...

Ғаробати кор ин аст, ки равғанрезони моҷаро нек медонанд, мардуми Бадахшон ба газетаи мардумии СССР бовар доранд ва онро мехонанд. Инро мо аз рӯи обуна ва интиқоли газета ба ин вилоят мегӯем ва бо факту далел. Ва ин иғвогарон дар симои мо душмани худ ва дӯстони бадахшониҳои муросокорро дарёфтаанд. Зимнан мехостанд бо дасти модари фарзандгумкарда бовари мардумро аз мо кананд. Вале тирашон хок хӯрд.

Танҳо ин иддао, ки лидерони ғайрирасмии Помир то ин дам мехостанд танҳо бо СССР сӯҳбат кунанд ва ҳам карданду мо ин сӯҳбатҳоро ЧОП ҳам кардаем, гувоҳ аст, ки бадахшониҳо то ҳанӯз ба газетаи ҳақгӯйи СССР бовар доранд.

 

Ҳақиқат талх аст!!!

Бо ин ҳама, на мо навиштаем, ки мақомоти расмӣ мегӯянд, дар саргаҳи ин нооромиҳо криминал, авторитетҳо ва авбошону ҷинояткорон меистанд. Мутаассуф, ин майдонкашиҳо ва ин бетартибиҳо 30 сол давом дорад ва наметавонист то ба бе охир идома ёбаду бе ҷазо монад. Ҳич мумкин нест, ки тамомии Тоҷикистон тинҷу ором ва осуда бошаду танҳо 1 шаҳр норозӣ. Ин ҷо сирре буд, ки ахиран фош шуд. Шумо дидед, ки кадом қудратҳо ин майдонҳоро маблағгузорӣ мекардаанд? Чаро Бадахшонро ноором дидан мехоҳанд? Сабаби аслии моҷаро чист? Дар охири матлаб сари ин суолот баҳс мекунем. Мо метавонем!

 

Мамадбоқирро қурбон карданд, боз навбати кист?

Мамадбоқир беҳтарин инсон ва ҷавонмарди ғаййур буд. Инро бе ҳеҷ шакку тардид мегӯем. Вале ахиран бо криминал пайваст ва пайроҳаи худро худ интихоб намуд. Вале Султону Қурбони Чолу Сангаку Файзалӣ, Мирзо-Ҷагаву Маҳмадрӯзӣ  Искандаров магар аз ӯ камтар буданд? Ба пайроҳаи ҷанг, ки шудӣ, ё мекушӣ  ё кушта мегардӣ. Ин аксиома аст. Вале чаро кӯлобиву ғармӣ ба майдон нарехтанд? 1 бор фикр кардаед?

Ва ҳам фикр кардед, мардуми сарбаланд, вале содаи Бадахшон, ки чаро аловрези фитнаи сепаратизм, ғайрибадахшиву ғайриисмоилиҳо шудаанд? 1 бор ба дурустӣ суол кунед, аз ун евромуллоҳо, ки сареҳатан дар бораи мазҳаби шумо чӣ андеша доранд? Онҳо ҳатто ба таври дурӯғин ба масали Бобои Ғулом «пӯсти хук бар рӯй кашида», исмоилия ва шиаро тавсиф нахоҳанд кард!!! Ва шумо бар боваред, ки онҳо дӯстони шумоянд?

Ва ё аз худ суол мекунед, ки чаро бадахшиҳо аз Аврупо истода, шуморо мешӯронанд? Агар ҷавонмарданду кори шумо барҳақ, роҳҳо боз аст, биоянду бо шумо дар Хоруғу Рӯшон бупайванданд…

Ё худ шумо медонед, ки аксарияти афроде, ки шуморо таҳрик медиҳанд, аслан зодаи 1 мавзеъ, вале ғайрибадахшонанд? Инҳо дӯстони шумо нестанд! Дӯсти шумо Ёдгор Файзов аст, ки сареҳатан гуфт, «ба Душанбе рафтанро мо орзу намекардем, вале имрӯз тинҷу осуда дар маркази пойтахт зиндагонӣ дорем!». Дӯсти шумо ҳукумати марказист, ки дар Душанбеву Кӯлоб тарабхонаву ресторанҳои Помир, Бадахшон, Боми Ҷаҳон кушодааст. Шумо тасаввур мекунед, дар Хоруғ дукончае бошад бо исми Кӯлоб? Пагоҳ титу питаш мекунед. Вале дар маркази ш. Кӯлоб бузургтарин Маркази Тиҷорат бо исми гӯшнавози Бадахшон кору фаолият дорад, дар бозорҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор ҷӯробу кулоҳу сарбанди помирӣ мефурӯшанд. Яъне зиндагонӣ кайҳо дигар шудааст. Дигар моҷарои кӯлобиву помирӣ нест!!! Вале шумо ҳанӯз аз хоби гарони асри ХХ, ки дастгоҳи идеологӣ ин 2 вилоятро ба ҳам шӯронида, худ ҳукм меронд, барнахестаед!

Аз хоби гарон хезед, эй мардум ва бинед ки дар берун асри 21 ҳукм меронад!!!

 

То қумандонҳо буданд Кӯлоб нообод буд

Он боевик, қумандон, лидерони ғайрирасмии кӯлобие, ки дар боло баршумурдем, рӯҳашон шоду хок хабарашон набарад, то зинда буданд, Кӯлоб рӯи ободиро намедид. Зеро сармоядор метарсид, ки ба ин шаҳр ташриф орад, обод кунад, созад, бунёд намояд. Имрӯз, ки онҳо нестанд, шаҳр бо суръати кайҳонӣ рушд карда истодааст.

Онҳо одами бад набуданд. Неъ! Вале номашон, ки ба бадӣ баромада буд, сармоядор аз ишон метарсид. Фардо, бовар кунед, Хоруғу Рӯшону Ишкошим низ ба ҳадде обод мешаванд, ки боваратон нахоҳад омад. Мисле, ки Дарвоз обод шудааст! Ва ин дар ҳолест, ки масъули ободкориҳои Хоруғшаҳр Шералӣ Кабир -ободгари Дарвозро баргузидаанд...

 

Сепаратизм рушд кардааст

Ягон 12 сол пеш дар газетаи мардумии СССР номаи бадахшоние нашр шуд, ки мегуфт, «Мо помирием, на тоҷик!». Ин номаро аксарияти зиёиёни бадахшиасл маҳкум карданд. Ҳатто таъна заданд бар мо, ки чаро чунин иғвоҳоро нашр мекунем?! Вале дар асл охир магар  чунин нест? Ҳаст!!!

 То кай об аз таги ях меравад? О, сароғоз ақаллият ва сипас аксарият бар ҳамин ақидаи сепаратистӣ печиданд-ку, ки «Мо Помирием!». Ба вежа шумо дар Россия 1 бадахшониро дидаед, ки худро тоҷик гӯяд? Шоираи Раҳимҷон боре қисса кард, ки дар фурушгоҳи Маскав чун хариди бисёр кардам, масъулаш пурсид аз куҷоед ва чун фаҳмид аз Тоҷикистонам гуфт, «а у нас работает таджичка» ва фаррошашро оварду гуфт «Эти дамы тоже таджички!». Ун нафар бошад, бонг зад «Я памирка, не таджичка!!!»…Ин инфо барои андеша буд, на бешу на кам.

Албатта, ин иддао сафсаттае беш нест. Зеро дар ягон давру замон миллате бо номи помирӣ набуду нест ва на-ме-ша-вад. Ин бомбаи хобондаи хадамоти таҷассусии хориҷӣ буд, ки ахиран таркид ва аксариятро бар худ печид. Парчами ин сепаратизм Чоршанбе Чоршанбееви бечораро карданд. Ёд доред, гуфтаҳои ӯро? Ман намегӯям Чоршанбе гунаҳкор аст. Ӯро просто истифода бурданд ва чун корашон тамом шуд, кунҷи зиндон партофтанд-пройденный этап! Вале надонистани қонун касро аз ҷавобгарӣ халос намекунад. Чоршанбе ин аксиомаро дар амал дид.

Бо акси Улфатхоним ва нафароне ки дар Сефагредо бо у дидор кардаанд! Стоп додаву скачат кунед аксро!!!

 

Моҷарои асл чист?

Агар хонандаи огаҳ, навори оперативии сабти гуноҳи Улфатхоним Мамадшоеваро тамошо карда бошад, ун ҷо кадри аҷибе буд-2 хориҷӣ дар қаҳвахонаи «Сегафредо» ахириро интизоранд (ниг ба акс). Мо аксҳоро стоп-кадр дода, кашида (скачат), аз пеш дидем ва ба интернет партофтаву ному насаб ва ҷои корашонро муайян кардем ва ҳуш аз сарамон парииид. Инҳо намояндагии 1 абарқудрат будаанд!!! Пас онҳо ба моҷарои Хоруғ ва Рӯшон чи даст доранд ва ҳадафшон чист?

Ба ин суоли мо Улфатхоним Мамадшоева дар ҳамон навор посух дод, ки касе шояд сарфаҳмаш нарафт. Ӯ гуфт, дар «Сегафредо» бо ӯ бештар дар бораи

«… Базаи Ҳарбии Хитой дар Мурғоби Бадахшон» суолу ҷавоб кардаанд.

Стоп!!! Ана гап сари чист. Асоси ин моҷаро садгузорӣ барои бунёди эҳтимолии Базаи Низомии Чин дар Бадахшон будааст. Яъне 100 миллион доллар харҷ кардаву Помирро ноором сохта, абарқудратон мехоҳанд, ин база сохта нашавад. Ва барои ин чӣ лозим? 1 Бадахшони ғарқа дар хун. Ресмони моҷаро дароз аст. Бадахшон ноором шуд, ДИИШ ва Толибон, ки худ зодаи абарқудратҳо мебошанд ба ин мавзеъ медароянд, ҷангу ҷидолу хунрезиву хархаша ва хаос сабаби насохтани ин База мешавад. А бо мардум чи хоҳад шуд…онҳо парвое надоранд… Ин аст, ки маблағҳо харҷ мекунанд ва ин аст, ки Толибонро сари кор оварданду ДИИШ-ро бо 1 марш-бросок аз Мисру Ироқ ба марзҳои мо партофтанд.

Воқеан ҳам душман ва рақиби №1 бо Чин дар ин қора Ҳиндустон ҳам ҳаст. Аз ин ҷост, ки сафорати Ҳинд  ҳамасола ба «курсҳои омӯзишӣ» бештар аз ҳама зодагони Бадахшонро сафарбар менамояд. Зери ин коса чи нимкосаест, низ вақт нишон хоҳад дод.

 

Хатм-ул-китоб

Бадахшониҳои гиром, ҳич вақт фикр накунед, давлате, абарқудрате, хориҷие, дар фикри ободиву осудагии шумост. 1 бор ба «хайроти ишон» дар Мисру Ироқу Фаластину Афғонистону Укроин назар дӯзед. Духтед? Ва ҳоло ҳам фикр доред, онҳо ба шумо демократияву озодӣ меоранд?

Дӯсти шумо Ҳукумати шумо ва миллати шумост! Бо мо бошед, ки дар тӯли беш аз 1000 соли мавҷудияти Бадахшони дигармазҳаб, тарафгирони исмоилия танҳо бо тоҷикони ҳамхуну ҳамнажоди ҳанафимазҳабашон зиндагонии осоишта доштаанд. Ва медонед чаро? Чунки мо 2 мазҳабу 1 миллат дорем ва  Мо Метавонем!

Набошад мулку мардум подшо нест,

Худо бе бандагони худ Худо нест!!!

 

М.Мубориз

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter