ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Ғарм рав!

  • Чоршанбе, Июн 08 2022

27.05.2022. Соат бо вақти Душанбе 14:01 дақиқа. Пас аз анҷом додани корҳои идорӣ дар редаксия бо ҳамкорон А.Собир ва Идибеки Маҳмудҷон сӯи терминали «Озод транс» роҳ пеш гирифтем. Ният кардем ин ҳафта ба н.Рашт сафар намуда, ҳам бо вазъи имрӯзаи ин ноҳия ошно ва дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳияи мазкур Раҳимҷон Муқимӣ ширкат варзем. Рафиқон таъкид карданд, ки ҳатман либоси милли пӯшидаву ба сар рӯймол бандам, зеро мардуми минтақаи Ғарм хеле мазҳабианд, ман ҳам ҳамин корро кардам, аммо баъдан дидам, ки мардуми ғармӣ имрӯз хеле стереотипҳои мазҳабиро шикаста, дигар ба занҳои юбкапӯшу саркушода бо чашми бад нигоҳ намекунанд. Дидани дидори бонувони кушодарӯйи ғармӣ дар либоси низомӣ ва бо рутбаҳои баланди капитаниву майорӣ бошад, худи моро шокӣ кард…

Соат бо вақти Душанбе 16:10 дақиқа. Пас аз гирифтани 1 пиёла чой дар ошхонаи назди дарвозаи шарқии пойтахт ва пайдо намудани мошин ба роҳ баромадем. Ронандаи мошини мо, ки Давлатхуҷа ном дошт, бисёр ҷавони чақчақӣ ва шод буд, вале новобаста аз зарофату хушгӯиҳо дар роҳ нархи роҳкироро аз 100 сомонӣ барои ҳар 1 мусофир кам накард. Бо лутфи дӯстон ва аниқдотгӯӣ чи гуна 3,5 соат гузаштанро нафаҳмидем, ҳатто қисмати вазнини роҳ дар мавзеи Кабудҷар ба назар он қадар бад нанамуд, танҳо борон борида ройҳо лой карда буду дар чунин қисматҳои роҳ ронанда кӯшиш мекард оҳиста ронад.

 

Ғарми кӯҳнаву Рашти нав

27.05.2022.  Соат бо вақти Рашт 19:40 дақиқа. Вориди маркази ноҳия-шаҳраки Рашт шудем. Охирин маротиба ба Рашт соли 2013 омада будем. Агар он замон дар аҳён-аҳён гӯша лампае фурӯзон буд, ҳоло кӯчаву биноҳо, мағозаву боғу мактабҳо ҳама чароғон буданд. Бо тавсияи ронандаамон ба меҳмонхонаи паси боғи марказии фарҳангу фароғатӣ рафта, ҷой гирифтему пас аз он ба шаҳрак баромадем. Новобаста аз вақти шаб, ки соат аллакай аз 21 гузашта буд, аксари ошхонаҳо кор мекарданд, якеро интихоб намуда, ворид шудем. Ғайричашмдошт дар ин ошхона нӯшокиҳои спиртӣ низ дар фурӯш буд-он чизе, ки дар соли 2012-2013 дидан ғайриимкон буд. Пас аз ин бовар кардам, ки воқеан Ғарм иваз шудаву Рашти нави дигарро мебинам. 

Аксари биноҳои кӯчаи марказӣ кӯҳна буданд, танҳо 2-3 бинои нав дар ин муддат қомат афрохтааст, ки онҳо ё меҳмонхонаи наванд ё ошхона. Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Рашт низ ҳоло ба бинои дигари ҳамшафат кӯчидаву ҳамсояи Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт гардидааст.

Нархи хӯроки шоми мо-3 нафар дар ошхона 95 сомонӣ шуд. Гаронтар аз нархи баъзе аз ошхонаҳои оддии ш.Душанбе!

 

Кӯчаи тангу боғи вайрону сагҳои бесоҳиб

28.05.2022. Соат бо вақти Рашт 07:00 дақиқа. Тавассути боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба кӯчаи калон баромадем. Боғи марказии ноҳия ҳамин ҳоло ниёз ба навсозӣ дорад ва маълум аст, ки чанд соли ахир таъмирро надидааст. Сафолакҳои пайраҳаҳо шикаста, амсоли дасту думу пойи қаҳрамонҳои гилини афсонавие, ки дар гӯшаҳои гуногуни он гузошта шудаанд. Рангу рӯи бозиҳои дилхушӣ-аттраксионҳо низ парида, ниёз ба таъмири техникӣ доранд.

Ҷуйбори назди дарвозаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақа низ пур аз партов буда, аз дари меҳмонхона то расидан ба дарвозаи бозор моро 5-6 саги дайдуи бадҳайбати бесоҳиб думболагирӣ карданд. Дар маркази шаҳрак низ сагҳои бесоҳиб хеле зиёд ба назар мерасиданд. 1 ҳамсуҳбати мо дар ошхона гуфт, ки қаблан сагҳоро мепарониданд, ҳоло бошад ин кор мумкин нест ва сагҳоро ба таври кимиёвӣ маҳв мекунанд. Мардуми маҳаллӣ ба сагҳои кӯчагард одат кардаанд, вале мо барин меҳмонону сайёҳони хориҷӣ чи? Алалхусус вақте ки ба воситаи шаҳраки Рашт шоҳроҳи байналмилалӣ мегузараду ҳамасола сайёҳони хориҷии зиёд барои кӯҳнавардӣ ба пиряхи Хирсон мераванд.

Роҳи марказии шаҳрак низ ниёз ба азнавсозӣ дорад. Зеро он аз субҳи содиқ то шом ҳамеша банд буда, ба равуои воситаҳои нақлиёт халал эҷод мешавад. Тавре баъдан Раҳимҷон Муқимӣ, раиси н.Рашт дар суҳбат бо хабарнигорони СССР гуфт, аз назди пули асосӣ қарор аст 1 роҳи дигари алтернативӣ бунёд ёбад, то ин ки рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва мусофиронро ба ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш ва баъдан Қирғизистон осон намояд. Вале сохтмони ин роҳ кай оғоз меёбад ва кӣ онро бунёд мекунад, маълум нест, аммо то сохтмони он бояд дар кӯчаи марказӣ тартиб бошад-ку?!

 

Вақте картошка 4 сомонист…

Нархи 1 кило картошка, ба қавле дар «Ватани Тушка», дар бозори марказии Рашт имрӯз 4 сомонӣ аст, пас вой бар ҳоли картошкахӯрону тушкахарони дигар манотиқ! Баробари нархи бозорҳои Душанбе, ҳатто гаронтар аз он. Мардум мегӯянд, ки ғармиҳо ҳеҷ гоҳ аз бозор картошка намехаранд, вале имсол ба хотири сербориш омадани ҳаво деҳқонон натавонистанд картошкаро сари вақт шинонанд. Дар баъзе ҷамоатҳо нав ба картошкашинонӣ сар карданд ва то нимаҳои дуюми моҳи июн ин кор идома хоҳад ёфт. Картошкаи ғармӣ бо ин сабаб имсол дертар моҳҳои август-сентябр пухта мерасад.

 

Раҳими Ғармӣ, Сияриён, Лоиқзодаҳои созанда

Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки аз лутфу сахо ва дасти хайри соҳибкорони маҳаллӣ- Раҳими машҳури ғармӣ, оилаи Сияровҳо ва бародарон Лоиқовҳо ҷамоату деҳоти Рашт ободу зебо, чароғон, соҳиби хати обу барқу роҳ гаштаанду ҳар яке деҳаи худро «Парижи нав» кардааст. Сокинон аз 1 нафар ҳамшаҳрии худ, ки ятими кулл асту дар Россия бо тиҷорат машғул, ёдоварӣ карданд, ки омада дар зодгоҳаш 1 мактаби наверо ба маблағи 1 миллион доллари ИМА сохта, бо тамоми асбобу лавозимот таъмин карда, дар пасманзари сафари Президенти кишвар ба Рашт, ба мардуми бумӣ супоридаву дубора ба Россия баргаштааст. Офарин!

 Мардуми Ғарм, ки асосан бо тиҷорати меваю сабзавот машғуланду Россия низ аксарият бо мақсади савдо мераванд, фоидаи ёфтаи худро барои беҳтар намудани сатҳи зиндагонии хеш сарф мекунанд. Шояд ҳамин аст, ки имрӯз чӣ дар роҳу чӣ дар деҳоти ноҳия ба ҷойи хонаҳои пастаку гилин хонаҳои аз хишти пухтаву 2 ошёна афзудааст.

 

 

Мирзохуҷа Аҳмадов: «Гуфтаниҳои зиёд дорам, аммо…»

Яке аз супоришҳои қатъии редаксия дар Рашт ин аёдати Мирзохуҷа Аҳмадов, полковники мустаъфӣ, ҳоло нафақахӯр, дар гузашта яке аз лидерони қавии оппозитсия дар минтақаи Рашт ва суҳбат бо эшон буд.

28.05.2022. Соат ба вақти Душанбе  10:17 дақиқа. Мо суроғи эшонро дар ҳукумати н.Рашт пурсидем, вале масъулин ба мо гуфтанд, ки ӯ ҳоло дар пойтахт зиндагӣ карда, хеле дер ба Рашт меояд. Вале ронандае, ки моро бояд бозпас ба пойтахт мерасонид, гуфт, ки Мирзохуҷа Аҳмадов дар Рашт аст-1 руз пеш ӯро мардум дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии ноҳия дида будаанд. Мо таваккал намуда роҳ пеш гирифтем сӯи хонаи ӯ.

28.05.2022. Соат ба вақти Душанбе  12:16 дақиқа. Мирзохӯҷа Аҳмадов моро хеле ҳам хуб қабул намуда, ба меҳмонхонааш таклиф кард. Хостем бо эшон дар бораи воқеоти ахири Бадахшон, ҷавонони имрӯз ва хатарҳои аз он сӯи Ому-Толибон мерасида суҳбат намоем, вале ӯ гуфт, ки суҳбати сиёсӣ намекунад, зеро барои ин иҷозат надорад. Вале дақиқан нагуфт, ки кӣ ё кадом масъуле аз мақомоти қудратӣ суҳбат карданаш бо хабарнигоронро манъ кардааст.  

   - 50 сотих замини наздиҳавлигӣ дорам, сар аз пиёзу картошка, помидору бодиринг, то кабудӣ, қаламфури булғорӣ мекорам. Соли гузашта 19 ҳазор сомонӣ танҳо аз фурӯши ҳосили дарахтонам ба даст омад, ба зиндагӣ ва рӯзгорам мерасад, мушкиле надорам, аз давраи нафақахӯрӣ хуб истифода мебарам, -гуфт Мирзохӯҷа Аҳмадов.

Баъдан ӯ моро ба тамошои боғу роғаш даъват карда, аз ҳосили дарахти гелосаш муроот намуд. Нагузошт, ки суҳбаташро сабт кунем, танҳо иҷозат дод, ки акс бигирем.

   - Гуфтаниҳои зиёд дорам, ҳатман сари фурсат хоҳам гуфт, зеро ҳамаи он барои сулҳу субботи Тоҷикистони азиз ва фарзандони имрӯзи ӯянд, вале чӣ илоҷ, ки набояд сӯҳбати сиёсӣ кунам. Ҳар вақте ноамнӣ мешавад, маро ёд мекунанд, дигар вақт фаромӯшам,  - афзуд Мирзохӯҷа Аҳмадов.

 Тавре ронандаи мо гуфт, Мирзохӯҷа Аҳмадов вақте ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара сар мезананд, дӯстони худашро ҷамъ карда, дарҳол худро ба Исфара мерасонад ва дар паҳлӯи Шоҳ Искандар ҷой мегирад. Мавсуф имрӯз низ омода аст ба Бадахшон рафта, баҳри оромиву субот дар ин минтақа саҳмгузор бошаду марзи тоҷикро аз Толиб ҳифз кунад. Аммо…

Шояд месазад имрӯз аз ин гуна сарбозон ба манфиати миллату давлат истифода бурд? Суолест матраҳ…

 

Ҷ.Ҳусейнова,

И.Маҳмудҷон, А.Собир, СССР,

Душанбе-Рашт-Душанбе,

27-28.05.2022

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter