ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Кӯлоб рав!

  • Чоршанбе, Июн 15 2022

Танҳо дар ш.Кӯлоб ҳис мекунӣ, ки ин хоку боду обу ҳаво воқеан мардпарваранд. Зеро дар симои зану мард, пиру барно, хурду бузург, ҳатто кӯдакону наврасон 1 оташаки ғурур ҳамеша ҳувайдост ва то ҳадде, ки баъди 2 рӯзи ист дар ин кӯҳаншаҳр ҳатто мани хуҷандӣ аз сидқи дил мехостам фарёд занам:

-Кӯлобҷон! Мо Метавонем!!!

 

Роҳкиро-80 сомонӣ!

03.06.2022. Соат бо вақти Душанбе 17:01 дақиқа. Ба терминали «Озод-транс» омада, ба мошинҳои сарироҳии самти Душанбе-Кӯлоб нишастам. Чун шоми рӯз буд, ронандаҳо нархи роҳкироро аз 50-60 то ба 80 сомонӣ бардошта, бо мардуми норозӣ бо қаҳру ғазаб суҳбат мекарданд. Ман ҳам, ки одатан дар чунин ҳолат баҳс карданро хеле дӯст медораму ба қавли ҳамкоронам ҳамеша ба ҷанг тайёрам, ин маротиб хап карда, ба аввалин ронандае, ки садоям кард, гӯш додаму бидуни савдо рафта, ба мошинаш нишастам.

А.Собир ва акаи Идибек, ҳамкоронам назар ба ман барвақттар ба роҳ баромада, аллакай ба ш.Кӯлоб расида, аз пайи супоришҳо сабту навор доштанд. Онҳо, ки субҳи рӯзи ҷумъа ба роҳ баромада буданд, 50 сомонӣ сари ҳар 1 нафар сафар кардаанд, ман бошам худи ҳамон бегоҳ бо 80 сомонӣ! Хуб бозор аст, барорад зам кун, алалхусус вақте рӯзи ҷумъа пас аз нисфирӯзӣ мардуми Кӯлобрав ба маротиб меафзояд ва агар гӯям, ки тамоми терминалро мардуми минтақаи Кӯлоб ғасб мекунанд, хато нест.

 

«Роҳи абрешим»-у шакароби кӯлобӣ

03.06.2022. Соат бо вақти Кӯлоб 20:16 дақиқа. Вориди ш.Кӯлоб шудем. Тамомии кӯчаву паскӯча ва гулгашту порку биноҳои маъмуриву маишӣ ва баландошёнаи истиқоматии ш.Кӯлоб чароғон асту дидани он бо гулгаштҳои обпошида ва бӯйи хуши алафу гул ба кас фараҳ мебахшад. Ҳамкорон дар хонаи дӯстон монданду ман дар меҳмонхонаи «Роҳи абрешим», ки дар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ ҷой гирифтааст, маскан гирифтам. Меҳмонхонаи хеле зебо, тозаву озода, бо утоқҳои калону ороишоти сирф миллӣ ва тамоми имконоти меҳмонхонадорӣ. Офарин ба дастандаркоронаш!

Ҳамкоронам ба хӯроки шом даъват карданд, вале ман утоқи бароҳатро ба шакароби кӯлобӣ иваз накардам, лек субҳ хеле пушаймон шудам, зеро Кӯлоб омадаву шакароби кадбонуҳои кӯлобиро нахӯрдан воқеан гуноҳ будааст!

 

Раис ва мардум

04.06.2022. Соат бо вақти Кӯлоб 07:30 дақиқа. Бо ҳамкорон дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб вохӯрдем. Мақсади мо иштирок намудан дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ш.Кӯлоб Бахтиёр Назарзода буд. Масъулони бахши умумии МИҲД ш.Кӯлоб гуфтанд, ки қабули раис расо соати 08:00 дар толори хурди ҳукумат сурат гирифта, барои қабул аллакай 25 нафар номнавис шудаанд.

04.06.2022. Соат бо вақти Кӯлоб 07:53 дақиқа. Бахтиёр Назарзода, раиси ш.Кӯлоб аз кӯчаи калони назди ҳукумат фаромада, пиёда ва бо роҳгузарон саломуалейк карда, омад. Дар назди дарвозаи МИҲД низ бо ҳамаи шаҳрвандони барои арз омада, якояк салому аҳволпурсӣ карда, пеш аз ҳама 2 нафар маъюберо, ки дар аробача буданд, қабул ва ба арзашон дар ҷояш расидагӣ кард. Пасон ба толор, ба ошёнаи 2-юм баромада, гуфт, ки шаҳрвандон метавонанд бо навбат даромадан гиранд. Беҳтарин амал!

Дар аксари қабулҳое, ки мо иштирок менамоем, ҳамаи шаҳрвандонро ба 1 толор дароварда, бо навбат мепурсанд, вале ин шеваи қабули раиси ш.Кӯлоб воқеан фарқкунанда аст. Ҳар 1 нафарро ба танҳоӣ қабул ва гӯш карда, аз масъулин, ки ҳамагӣ дар ин толор нишастаанд, дархост мекард, ки ба ин ё он проблема ба таври оҷил расидагӣ кунанд, то ин ки шаҳрванд ҳафтаи дигар рӯзи шанбе боз дубора бо ҳамин шикоят ба қабул наояд.

 

Чанд вежагии хоси Кӯлоб

04.06.2022. Соат бо вақти Кӯлоб 08:00 дақиқа. Қабули шаҳрвандон сар шуду ҳар яке бо навбат даромада, аз мушкилашон назди раиси шаҳр арз мекарданд. Ин ҷо низ амсоли дигар шаҳру навоҳӣ мардум аз норасоии замини кишоварзӣ, саҳму ҳосил, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмаки камбизоатӣ, шуғлу кор, таъмири роҳу сой, хати об шикоят менамуданд. Вале ин қабул чанд вежагӣ дошт, ки танҳо ба мардуми Кӯлоб хос аст.

 Зане, ки ягона писараш ба сафи хизмати артиш бо хоҳиши худ пайваста буд (ба 18 солагиаш 2 моҳ намерасид!), барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ омад, вале баъди арз, аз раис тақозо кард, ки вакили маҳаллашонро иваз кунанд, зеро аз ҳоли касе на мепурсаду на огоҳ аст.

Зани дигаре аз бобои Раҷаб ном тавонманде шиква намуд, ки гӯйё ӯ соҳиби Кӯлоб асту ба ягон кас ягон порча замин намедиҳад, баръакс тамоми заминҳои боғу киштро аз худ кардаву солҳост, ки намегузорад саҳмдорон ба замини худ расидагӣ кунанд.

 Чанд нафар аз раис дархост карданд, ки қитъаи замини ҳавлигии назди биноҳои баландошёнаро, ки огород ва макони бозии кӯдакон аст, барояшон қонунӣ карда диҳад, то хона бисозанд. Раис гуфт, айни ҳол фонди манзил дар ш.Кӯлоб танҳо дар мавзеи Даҳана буда, хоҳишмандон бе ягон монеа метавонанд аз он ҷо соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шаванд. Ин таъкиди Бахтиёр Назарзода аст.

 Муйсафеде, ки бештар русӣ ҳарф мезад, бо хитоб ба раиси ш.Кӯлоб гуфт: «Приветствую! Агар дар назди бозори марказӣ 1 гузаргоҳи зеризаминӣ созӣ, номат дар таърих абадан хоҳад монду то ҷанги 3-юми ҷаҳон мардум фаромӯшат намекунад. Ты меня понял!?». Раис бо лабханд гуфт: Так точно! Понял!!!

 Алихон Шарипов, ҷанговари башардӯст ба раис дар бораи ба 4 гурӯҳ ҷудо шудани ҷанговарони интернатсионалист шиква карда, гуфт, хуб мешуд агар ҳамаи ин созмонҳо дар 1 ташкилоти бузургу қавӣ сарҷамъ шаванд. 20 млн иштирокчии ҶБВ буду 1 созмон доштанд. Мо чанд ҳазоракему 4-5 созмон дорем-гуфт Алихон. Раис гуфт чора меандешем.

 

Таъмир, бозсозӣ ва ободии кӯчаҳо

04.06.2022. Соат бо вақти ш.Кӯлоб 11:12 дақиқа. Пас аз қабул Бахтиёр Назарзода гуфтанд, ки аз чанд мавзеи сохтмонӣ ва кӯчаҳое, ки васеъ кардаанд, бояд дидан намояд. Ҳайати эҷодии СССР низ ба раис ҳамроҳ шуд. Корҳои ободонӣ, сафолакпӯш намудани пиёдагардҳо, кушоду васеъ намудани роҳ дар маҳаллаи маъруфи ЧГП, кӯчаҳои И.Сомонӣ ва Ҳамадонӣ, азнавсозии роҳи алтернативӣ дар Чармгарони поён бо маром идома дошт.

Бо раис аз кӯчае гузаштем, ки ба хотири кушод кардани роҳ ҳудуди хонаҳои бархе аз сокинон то 6-7 метр гирифта шудааст. Бар ивази ин МИҲД ш.Кӯлоб барои бунёди манзили нав дару девор сементу шағалу хоку хишт ба таври ройгон дода, барои чанд нафар ба ҷойи хонаи 1 ошёнаи кӯҳна 2 ошёнаи нави истиқоматӣ бардоштаву дарвоза часпонида, деворҳоро аз сари нав бардоштааст. Илова бар ин хати обу коррез ва партовбарорӣ низ кашида шуда, мардуми дар аввал норозӣ акнун аз ин навсозӣ шоданд. Дару деворашон евроремонт шуду кӯчаҳояшон асфалт! Мӯсафеде, ки ба таври хосаи зеби кӯлобиҳо, ангуштонашро тоб дода, гап мезад, гуфт, «Агар ҳукумат ҳамин асту раисаш чун Назарзода ҷавонмард, омодаам, ҳама ҳавлиямро диҳам ва лозим шавад, аз барои Давлат ба ҷанг равам!»

 

Об роҳашро ёфт

04.06.2022.  Соат бо вақти Кӯлоб 13:12 дақиқа. Сойҳои Кӯлобшаҳр, ки ҳамасола боиси омадани селҳои фоҷиавор мегаштанд, имсол пурра аз партови чандинсола тоза, бетонрезӣ гашта, дар баъзе минтақаҳо то 8-10 метр чуқуртар канда шуда, бо бетон мустаҳкам гардидаанд. Коре, ки бояд баъди сели даҳшатии майи 2010 карда мешуд, имсол бо ибтикори Бахтиёр Назарзода пурра анҷом ёфт ва сари роҳи селҳои шадид гирифта шуд. Ин аст, ки имсол оби боронҳои зиёд ба биное осеб нарасонида, бо роҳи табии худ шориданд. Об роҳашро ёфт!

 

Таҷдиди дарвоза ва муҷассамаи Дуои Модар

04.06.2022. Соат бо вақти Кӯлоб 12:43 дақиқа. Дар фарҷоми боздид мо бо раиси ш.Кӯлоб аз дарвозаи шаҳр, ки рамзи Кӯлоби бостонист, дидан намудем. Корҳои таъмиру таҷдид дар ин мавзеъ вусъати нав гирифта, аллакай макети муҷассамаи Дуои Модар низ омода асту умедворем пешопеши 9 сентябр- Рӯзи Истиқлоли миллӣ он дар даромагоҳи шаҳри бостонии Кӯлоб ҳатман гузошта мешавад. Мо Метавонем!

 

Ҷ.Ҳусейнова,

А, Собир-наворгир, И.Маҳмудҷонов-аккос, Душанбе-Кӯлоб-Душанбе,

03-04.06.2022  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter