ХАБАРИ ДОҒ

Дуздии рушоди ШСХК «Барқи тоҷик» дар шаҳри Кӯлоб

  • Чоршанбе, Июн 15 2022

Ба додам, кӣ мерасад: раиси шаҳри Кӯлоб ё Прокурори шаҳр, коррупсия, амният ё дигар органҳои дахлдор? Ман фикр мекунам, ки давлати мо 30 сола шуду дуздии давлатӣ кам мешавад, лек баракс шуда истодааст. Исбот мехоҳед? Марҳамат:

- Ҳар моҳ ба телефонам паёмак меояд, ки ҳамин қадар сомон ҷамъ шуд. Лек ман аз рӯи ҳисобкунак пардохт карда, мефаҳмам ин ҳамон дуздиҳошона ба мардум тақсим мекунанд, ба касе чанде расад. Нозири кӯчаи  Корвонгузари мо,  Ҳафизов М. аст. Аз ӯ мепурсам, ин қарз дар паёмак аз куҷост? Ҷавоб дода наметавонад. Нозири калон Шарипов Сиёвуш мебошад. Ба назари ман ҳамин кас супориш медиҳад, фалону бисмадон миқдор пул ҷамъ оваред, нозирони зердасташ инро дар сари мардум мезананд. Ана ҳоли мо ҳамин аст ва  ягон орган гӯё намедонад. Ҳол он ки ҳар 1 муассиса ба худаш куратор дорад, аз Амният, аз прокуратура ва дигар сохторҳо. Пас чаро онҳо, ки аз ҳисоби буҷҷа маош мегиранд, сари роҳи ҳамин кор намешаванд?

 

Далели 6-моҳаи ин дуздии қонунӣ.

Шарипов А.Г.

Ҳисобварақа:

ШБ шаҳри Кӯлоб сх 3300141027

Ул. Корвонгузар Д. лек аз №18 аст

Нишондоди ХСБ7160 то 7200

 Масраф КВТ

906 карз 625 99

03.12.2021 соати 0950

 

7200 то 7328

Масраф КВТ 128

Маблағ 2901

03.01.2022 қарз – 635

Соати 1947

 

7328 то 7430

Маблағ 2311 КВТ 102

04.02.2022  қарз – 63911

 

7430 то 7489

Маблағ 1337 КВТ 59

04.03.2022 карз 63748

Соати 1506

 

7489 то 7550

Маблағ 1382 КВТ 61

05.04.2022 - 64130

Соат 0322

Чанд маротиба ба ҷои лозима рафта мепурсам, Ҳамза ном ҷавон ҷавоб медод аз вазорат «допуски компютерро надодаанд». Вақте аз мани маъюби гурӯҳи III Афғонистон дар 6-моҳ 8878 сомонӣ дузданд, вой бар ҳоли халқи Кӯлоб.

Алихон Шарипов,

ш.Кӯлоб 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter