ХАБАРИ ДОҒ

 

15.06.2022. Соат ба вақти СССР 11:00 дақиқа. Толори хурди КТН Шарқи Озод, маъруфтар бар ГЖК. Расо дар ҳамин вақту соат маҳфили рӯнамоӣ ва ёдбуди 2 журналисти саршинос Мақсудҷон Ҳусейнов ва Шарифи Мисайзод баргузор гардид.

 

Аввалу охири ишқ…

Таҳти ин унвон ва бо пешгуфтори С.Мизроб, китоби Шарифи Мисайзод, журналист, шоир, нависанда, навозанда, сароянда ва ҳунарманди саршинос, ба дасти чоп расид.

Китобро тамомии кормандони редаксияи газетаи мардумӣ, ройгон ҳуруфчинӣ, таҳрир, саҳифабандӣ ва ба нашр омода кардаанд. Сарпарасти нашр бошад, эшони Сироҷиддин Икромов ном мухлис ва ҳамдеҳаи шоир гардид.


Дар китоб, тамомии ашъори навини дилпазири Мисайзод гирдовар шудааст. Ҳамзамон номаву барқия, матлабу шеъру таронаи дар рӯзи марги журналист ба редаксияи газетаи мардумӣ расида низ дар ин маҷмуъа нашр шуд.

Хотиррас мешавем, муаррифии «Аввалу охири ишқ…», дар рӯзи фавти Шарифи Мисайзод, яъне дар таърихи 15.06.2022 баргузор гардид. Мо Метавонем!

 

Гуфтугӯ бо табиат

Бо ҳамин ном китоби устоди журналистикаи фаврӣ, репортёри билоиваз, журналисти тавоно ва хабарнигори зудрас Мақсудҷон Ҳусейнов, ки дар синни 46-солагӣ, дар таърихи 10.11.2000 моро тарк карда буд, нашр шуд. Китоби мазкур, ки мураттаб аз мақолаҳои ба олами табиат ва вуҳуш бахшидашудаи журналист дар солҳои 1970-80-и асри пор аст, беҳтарин дастур барои натуралистони ҷавон мебошад.


Хотиррас мешавем, ин нашри дуввуми китоби мазкур аст. Қаблан, «Гуфтугӯ бо табиат» дар соли 1989, зери таҳрири Мирзо Шукуров, дар нашриёти Адиб чоп шуда буд.

 

Эшон-Бала

Ин романи таърихии Сайёфи Мизроб аст, ки низ газетаи мардумии СССР ба нашр омода кардааст. Китоби мазкур, аз воқеоти соли 1920, истиқлолиятхоҳии Тоҷикони кӯҳманзари Бухорои Шарқӣ, ҷангу ҷидолу муҳорибаҳои сиёсиву идеологиву нажодиву қавмӣ дар шоҳигарии Балҷувони Тоҷикон қисса мекунад. Дар асари мазкур барои нахустин бор дар таърихи 100 соли ахир, 1 факти таърихӣ, ки 70 сол шӯравӣ онро пинҳон медошт, фош гардидааст:

-Тоҷикон дар соли 1920 давлати худро бо номи Ҷумҳурии халқии Балҷувон ва бо харитаи имрӯзаи Тоҷикистон кашидаву эълон карда буданд.


Ҷонибек Асрориён-таърихшиноси номӣ гуфт, далели истиқлолиятхоҳӣ ва эъломияи Республикаи Тоҷикони Балҷувон ин 1 факти таърихист, ки онро пинҳон медоштанд ва ман ҳайронам, ки чаро онро то ҳанӯз ошкор накардаанд. Ҳол он ки Давлатмандбий ва Эшони Бала бо фиристодаи вежаи В.И.Ленин дар Бухоро Дуров дидор кардаву Эъломияи истиқлолиятро ба тасвиб расонида буданд.

Адибони саршинос Абдулҳамид Самадов, Бароти Абдураҳмон, Умари Шерхон, Шоираи Раҳимҷон, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, Ворис, Саидумрон Саидов, Абдуқодири Раҳим, сардабирони маҷаллаву газетаҳои ҷумҳурӣ- Қурбоналӣ Раҳмонзода, Шоҳона Одиназода, Самариддин Асозода, Бахтиёр Ҳамдамов, Маҳбуба Камолова, Хуршеди Атовулло, Ашрафи Афзал, журналистон Хуршеди Андам, Далери Абдулло, Абдувоҳиди Зевар, Алӣ Ҷӯра, Фотима Ғойибова, Курбон Мадалиев, Ҳусейн Мирзоев, Баргигул Сафарзода, Дилафрӯз Раҳматова, Маҳмадулло Табарӣ, Абдумуддасир Аҳмадзода ва ғ. дар рӯнамоӣ иштирок ва сӯҳбатҳои созанда карда, аз журналистони фақид-Шарифи Мисайзод ва Мақсудҷон Ҳусейнов ба некӣ ёд ва аз романи Эшон-Бала истиқбол карданд.


Сардабири газетаи мардумӣ дар охири дидор қайд кард, ки нашри кутуб, арҷгузорӣ аз ин 2 журналисти фавтида, охири кор нест ва редаксия талош хоҳад кард, ёди нек ва осори дигар рӯзноманигорони хидматкардаро низ, аз рӯи имкону тавон, ба маърази ом кашад.

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter