ХАБАРИ ДОҒ

Вақте ки ҳама журналист мешавад...

  • Чоршанбе, Июн 29 2022

(Такрор буваи дониш)

18.05.2015. Аккурат 7 сол пеш, Мухтори дарвозӣ, 1 корманди матбуоти Шарқи Озод, гуфт, «Э, воҳима накунед, дунёро журналисти бесавод гирифтааст…» ва ман натавонистам ба ӯ эътироз кунам…

Ба ман зиёд мегӯянд, ки чаро ту фалону бисмадон рӯзноманигорро интиқод намекунӣ ва ё матлабҳои фармоишии антижурналистӣ, ки дар дигар расонаҳо чоп мешаванд, дар газетаат ҷо намесозӣ. На-ме-ку-нам ва тамом! Аммо ман журналистони ҳирфавиро дар назар дорам, на бодовардаҳоро…

 «Ҳамкасбони ман» ҳамон рӯзе, ки ба дасти 1 модари бадбахти фарзандгумкардаи бадахшӣ, матни навиштаашонро доданд, то он бечора дар эфири сайтҳои иҷтимоӣ хонаду дар “қатли писараш газетаи СССР-ро гунаҳкор ҳисобад?!”, гуфти бобои Ғулом дар пӯстак “кори не то карданд”. Ман аз он модар ягон зарра наранҷидаам. Модар аст охир. Вале афроде, ки матнро навиштаву модарро парчам кардаву сипас боиси маргу мири ҷавонони дигар гаштанд, паси парда каф мекубанд, ки Мо Метавонем!

Воқеан ҳам онҳо тавонистанд, то 1 вилоятро фиреб диҳанд. Ва ба онҳо мо низ каф мекӯбем. Акнун грант сарашон мерезад. Грант аз сарашон монад!

Мо низ грант мегирифтем замоне, вале савганд ба номи Худо, ки 1 тини онро бар зидди давлату миллату ватан корбаст накардаем. Баракс, кӯшидем,  каноре обод шавад, нафаре ҷои кор ёбад, шахсе шахсият гардаду касаке хасак шавад. Ва имрӯз ин хасакони нимкасак шуда, даъвии журнализм доранд ва Мухторҳои миллат мебинанду медонанд кору борашонро, ки мегӯянд, «Э, воҳима накунед, дунёро журналисти бесавод гирифтааст…»...

Гуфти Бобои Ғулом даҳонамон пашм баровард, аз гуфтани ин ҳақиқати оддӣ, ки “ҳар нафаре ба майдони интернет, ютубу тик-току фейс баромад, журналист нест!”. Вале ба кӣ мегӯй? Аввалҳо бовар доштем, ақаллан дар ҳукумат ягон мағзу гӯше ҳаст ки моро мешунавад...

...Касбияти мо аз ҳамон рӯз зери суол рафт, ки дар ҳукумат фикр карданд, актеру ҳаҷвнигор, шоиру нависанда…журналистанд. Мутаассуф, дар вазорати фарҳангу вазорати адлия низ фикр карданд, ҳар нафаре хост газетаву оҷонсӣ, радиову ТВ бунёд гузорад, низ журналист аст. Ва соате, ки дар Рӯзи Матуботи ахирӣ, раиси ИЖТ ва вазири Фарҳанг ва муовини раиси ҲХДТ ба блогеру журналистони мустақилу фаолони ҷамъиятӣ паиҳам тӯҳфа медоду рӯзноманигорони касбӣ танҳо чаппак мезаданд ва 2-3 намояндаи ташкилотҳои ғайриҳукуматии ҷамъиятӣ ба садҳо тан журналисти касбӣ “лексия” мехонд, боварам афзуд, ки ин ҳукумат ас нахоҳад фаҳмид, ки Журналист кист ва Журналистика чист?

Ин аст, ки олами журналистикаро интригаву кашмакашҳои барзиёд, давутози дохиливу берунӣ, ҳангомаву ҳалнома фарогир печидааст.

 Ҳамон, Мухтори дарвозӣ, рост мегӯяд, охир. Имрӯз, мутаассуф, теъдоди нашрияҳои шахсӣ, ки замоне аз даҳҳо ҳазор убур мекард, ба замин задааст. Айб дар ош нест. Айб дар мош аст. Мо мардумро дилгир кардаем. Сафсаттаҳое, ки мо-ба ном журналистон менависем, ҳатто худамон намехонем. Редаксияҳо пури авомулқалам шудааст. Ба ном журналистон, ки аксаран боз сардабиру муассис низ ҳастанд, худ намедонанд, ки журналистика чист, чӣ жанрҳо дорад, чӣ талабот бояд дошта бошад. Инҳо ҳама кӯр-кӯрона «Қонун дар бораи ВАО»-ро аз бар кардаанду фикр мекунанд, тамом, шон журналистанд. Барои онҳо чанд ҷумла сарибасар кардану бе хато навиштан-журналистика аст. Агар ҳамонро ҳам хонда бошанд.

Ҳафтаи пор дар 2 сӯҳбати профӣ ширкат доштам. Яке консилиуми духтурон барои ҷарроҳии Аслиддин Достиев-ҳамкасбамон. Духтурон 45 дақиқа ончунон сӯҳбати ихтисосӣ доштанду дар бораи усули дарду дармон баҳс мекарданд, ки ман ҳиҷ чиро нафаҳмида ахиран гуфтам:

-Тоҷикӣ карда гӯед, ки чи бояд кард?

Хандиданду гуфтанд: ҷарроҳӣ, вале аввал фалону бисмадон дардашро даво…

Сӯҳбати 2-ум, ки низ профессионалӣ буд дар толори хурди Иттифоқи Композиторони Тоҷикистон бо ҳузури Амирбек Мӯсоев, Умари Темур, Фурқати Саид, Мастона Эргашева ва дигарон будӣ. Вожаҳои професионалии касбӣ, симфония, нота, ля, ре гиред, па, па-дэ-дэ… маро ҳайратӣ мекард…

 А, шумо 1 бор дар сӯҳбати «профессионалии журналистон» нишастаед? Ғайбат, сафсатта, шеъру тарона. 1 вожаи профессионалӣ аз қабили репортаж, памфлет, фелетон, луқма намешунавед. Ҳамаи профессионализми мо сари 1 вожа рост меояд:

-Мақола!!!

Жанрро касе намедонад! Ва ҳоло, ки дастрасӣ ба инет роҳат шудаасту ҳама тилфони мобил дорад, тамомии миллат журналист!!! О, буродарон, набояд чунин бошад ва журналистро касб кунед охир….

 Яке аз сабабҳои вармониву дармондагии журналистикаи Тоҷик дар набардҳои расонавӣ низ ҳамин аст, ки мо профессионал қариб, ки надорем! Ман бисёр мехостам, қабл аз сабтиноми газетае, оҷонсие, хабаргузорие масъулини вазорати фарҳангу адлия, ба дипломи бунёдгузорони лоиҳа чашм дӯзанд, ки он ҷо чӣ навишта шудааст? Пеш аз иҷозат назар дӯзед, то фардо «созмонҳои ҳуқуқдифоъ» ҷор назананд, ки дар Тоҷикистон фалон газетаро баставу фулон журналистро ҳабсу бисмадон журналисти мустақилро фишор кардаанд.

Медонам, ки аксарият, ҳоло мушт бар сина куфтаву даъво доранд, ки «Сайёф чиҳо мегӯяд? Ман журналистам, менависам ва маро мешиносанд!». Оре, менависед ва шинохта ҳам шудаед. Аммо журналист нестед! Шумо душмани журналистикаед!...

Зумрае аз қаламбадастон, ки ҳаргиз ман онҳоро ҳамтову ҳамкасб на гуфтаам ва на хоҳам гуфт, аз вазъ истифода карда, мехоҳанд сари журналистикаи ҳирфавии касбиро хӯранд. Инҳо ҳамонҳоеанд, ки худро «журналисти озод» меноманд. Ҳич гоҳ озод нестанд! 1 устоди петербургиам, ки ҷояш ҷаннат бод, мегуфт:

-Любой независимый журналист зависит от работодателя!

7 сол пеш, 1 шеъри бисёр эҳсосии Бозор Собир дар газетаи СССР нашр шуд. Чанд тан аз ба ном журналистони озод онро гирифтаву пеши сафири Афғонистон бурдаанд. Суолу посухи ин журналистон бо ун сафир, ростӣ, аз адами профессионализм ва ҳатто хирад дарак медиҳад. Суоли матраҳ ин аст, ки ин хабаргузорӣ ба корҳои дохилиредаксиявии дигар расона чӣ дахл дорад? Ва чаро мисли пешхизмат шеъри 1 Тоҷикро ба сафир бурдаву суолоти таҳрикдиҳанда додааст? Ва оё магар расонаи касбӣ ҳуқуқ дорад, 1 шоири миллатро аз номи дигар нафар экстремисту террористу бедину диёнат ва ғ. ва ҳ. ҳукм кунад? Ба сафир коре надорем, ҳарчанд ӯ низ нишон дод, ки аз дипломатия дуртарак қарор дорад. Вале журналистикаи тоҷикро чӣ бало задааст, ки 1 ҳамхуну ҳамнажоди худро қурбони кадом тамаллуқе месозад? Воқеан ин ҳамон хабаргузориест, ки баробари воридшавии сарваронаш аз хориҷа ба Душанбе, дар олами журналистика бисёр корҳои машкук ва махуф мегузарад; Ин ҳамон хабаргузориест, ки Саймиддин Дӯстов ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини пайдоишаш моро дар 1 маҷлис, дар толори ГЖК ҳушдор дод, ки аз ишон худро канора гирему мо ӯро бовар намекардем… Ин ҳамон хабаргузориест, ки мехосту мехоҳад фонаи тафриқа миёни журналистикаи миллӣ ва профессионалӣ кӯбад. Инҳо ҳамонҳоеанд, ки соле қабл журналистикаи Тоҷикро дар ба ном «Шӯрои матбуот»-ашон ҷанг андохтаву ба солиму носолим ҷудо кардаву фитна ангехта буданд…

            Чанд «журналисти собиқадор», ки дар сафоратхонаҳои Арабистони Саудӣ фаолияти пурсамар мебаранд, матлабе аз газетаи мардумиро таҳрифомез тарҷума кардаву ба сафири ин кишвар расонидаанд. Сафир караул дод мезаду ҳатто мехост ҷомадон ғун дорад. Хайрият хабар бар мо расиду тарҷумонҳои касбиро гуфтем, матлабро баргардони реалӣ кунанд. Сафир ором гирифту тарҷумон-журналистон ҳатто узр напурсиданд.

Ин арабҳо. Вале чӣ расидаст, журналистони русзабони худамонро ки 1 матлаби СССР-ро чаппаву роста тарҷума карда, ба сафири ФР дар ҶТ онгуна тӯҳматомезу бӯҳтонангез пешкаш кардаанд, ки сафорат ба вазорати хориҷӣ нота мефиристад. Хайрийят бо кормандони ин сафоратхона дидор кардему худамон матлабро тарҷума… Маълум шуд, ки ин тарҷумон низ «журналисти хасакии собиқ» буда.

Хулласи калом, вақте аз ҳар касбу касбият, бекор чун монданд, омада зуд «журналист» мешаванд, ки оқибаташ ана ҳамин аст….

 СССР, аксарият гувоҳанд, ки баробари воридшавӣ ба бозори расонавӣ, талошҳо дошт, ки чунин тафриқаҳо дар журналистикаи касбӣ ва ҳирфавӣ набошад. Вале ин ҳаргиз ба он маъно нест, ки мо аз касеву чизе метарсем. Мо ҷанг эълон накардаем. Аммо чун бо мо ҷанг эълон шуд, мо бо 1 принсип ба набард мебароем:

-Торумор ва ё капитулятсия!

Ин таҳдид нест. Мо метавонем!

PS: Мо аз даъвои Мухтори дарвозӣ, ки барҳақ гуфт «Э, воҳима накунед, дунёро журналисти бесавод гирифтааст…», пеши рӯҳи садҳо журналисти профессионали Тоҷик, ки тӯли 70-соли шӯравӣ, миллату давлат сохта буданд, пӯзиш мепурсем ва талош хоҳем кард, ки хатои 30-солаи дастгоҳи идеологии кишварро дар мавриди «журналистони бесавод» ислоҳ кунем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter